Ru  | Tj
Донишомӯзони тоҷик ба озмуни байнулмилалии “Innopolis open” даъват мешаванд
Донишомӯзони тоҷик ба озмуни байнулмилалии “Innopolis open” даъват мешаванд
Акс: olymp.innopolis.university

Донишомӯзони тоҷик ба озмуни байнулмилалии “Innopolis open” даъват мешаванд

Нашр шуд

Донишгоҳи Иннополис ва VK Education барои донишозмоии байнулмилалии "Innopolis open" маъракаи сабтиномро оғоз карданд, ки донишомӯзони тоҷик низ имкони иштирокро доранд.
 
Озмуни донишозмоӣ дар панҷ ришта: информатика, риёзиёт, амнияти иттилоотӣ, ҳуши маснуъӣ ва робототехника ба сурати ройгон баргузор мешавад.
 
Донишомӯзони синфҳои 7-11 ҷиҳати иштирок дар озмун бояд дархост равон кунанд.
 
Бояд гуфт, ки озмун аз ду марҳила иборат буда, даври аввал аз моҳи ноябр то моҳи феврал ва даври дувум аз моҳи феврал то моҳи март сурат мегирад.
 
Тибқи иттилоъи дастандаркорони озмун, барандагон ва ғолибон дар вақти пазириш ба донишгоҳи Иннополис соҳиби имтиёз шуда, ҳамчунин ҷоиза, ҳадяву имтиёз дар хидматрасонии «Касбу кори дигар»-ро сазовор хоҳанд шуд. Панҷ ғолиби беҳтарини ҳар ришта аз коршиносони VK машваратҳои фардӣ хоҳанд гирифт.
 
Гуфтанист, «Innopolis open» дар феҳрасти озмунҳои мансуби Вазорати маориф ва илм барои донишомӯзон қарор дорад.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед