
Фарохонии ҷавонони Тоҷикистон ба озмуни “Ҷаҳони рус дар расонаҳо”
Нашр шуд
Блогнависон ва рӯзноманигорони ҷавони тоҷик барои ширкат дар озмуни байналмилалии «Ҷаҳони рус дар расонаҳо», ки аз ҷониби Россотрудничество баргузор карда мешавад, даъват шудаанд.
Барои ширкат сабти видеоӣ, подкаст ё интишори онлайнӣ дар мавзӯи «Русия имрӯз кишвари фурсату навовариҳост» пазируфта мешаванд.
Донишҷӯёни донишгоҳҳо, ки дар тахассуси “Рӯзноманигорӣ” таҳсил мекунанд, блогнависон, донишомӯзони аз 16 то 19-солаи алоқаманд ба эҷоди як маҳсули иттилоотӣ, метавонанд барои озмун дархост пешниҳод кунанд.
«Ҳадаф аз ин озмун эҷоди як маҳсули иттилоотӣ барои ҷунбиши ҳамватанони хориҷ аз кишвар, шиносоӣ ва ҳимоят аз истеъдоду зарфияти эҷодии ҳамватанони ҷавони бурунмарзӣ ва ташвиқи шавқу рағбат ба рӯзноманигорӣ, пешбурди блоги шахсӣ, тавзеҳи иттилооти муътабар дар бораи Русия дар хориҷи кишвар аст», - омадааст дар низомномаи озмун.
Ҳамон тавре, ки баргузоркунандагони ин чорабинӣ иброз доштанд, барандагони озмун фурсатеро барои сафар ба Маскав ва ширкат дар «Мактаби расонаӣ барои ҳамватанон» ба унвони бахше аз барномаи Россотрудничество «Салом, Русия!» дарёфт хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки дархост бо маводи омоданамуда то 10-уми июн тавассути почтаи электронии l.abdullina@tjk.rs.gov.ru (бо зикри Русмир) қабул карда мешавад.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед