Даъвати соҳибкорони тоҷик ба ҳамоиши тиҷорати электронӣ дар Тошканд
Нашр шуд
Ҳамоиши байналмилалии тиҷорати электронӣ ва фурӯши чакана таҳти унвони “Central Asia Retail Week” дар Тошканд баргузор мешавад, ки доираҳои тиҷоратии Тоҷикистон низ барои ширкат дар он даъват шудаанд.
Ҳамоиш рӯзҳои 16 ва 17 октябр шабакаҳои савдои чакана, бозорҳо ва ширкатҳои тиҷорати электронӣ, ширкатҳои пешрафтаи чакана, фановариҳои иттилоотӣ ва хидматрасонӣ, истеҳсолгарон ва интиқолдиҳандагонро дар Тошканд ҷамъ меорад.
Мубтакирони баргузории ин ҳамоиш Вазорати саноат ва савдои Русия дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи коршиносони бозори чаканаи Русия ва Вазорати сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ӯзбекистон мебошанд.
"Мо шабакаи фурӯшгоҳҳо, намояндагони ширкатҳо, истеҳсолкунандагони маҳсулот ва ҳамаи намояндагони тиҷоратии Тоҷикистонро барои иштирок дар чорабиниҳои тиҷоратии “Central Asia Retail Week” даъват менамоем", - омадааст дар эълон.
Дар доираи ин ҳамоиш биржаи хариду фурӯш бо шабакаи фурӯшгоҳҳо ва бозорҳои Русия ва ҳамчунин бо брендҳои нассоҷӣ ва тавлидкунандагони брендҳои техникаи маишӣ баргузор мешавад.
Барномаи корӣ ва сабти номи расмӣ дар сомонаи www.retailweek.uz дастрас аст. Барои посух ба саволҳо лутфан ба мудирияти ҳамоиш муроҷиат кунед. (Олга Серебринникова, тел. +7 (926) 568-55-06, почтаи электронӣ: son@retailevent.ru).
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед