Ru  | Tj
Даъвати пизишкони ҷавон барои таҷрибаомӯзӣ ба Маскав
Даъвати пизишкони ҷавон барои таҷрибаомӯзӣ ба Маскав
Акс: аз манбаъҳои боз

Даъвати пизишкони ҷавон барои таҷрибаомӯзӣ ба Маскав

Нашр шуд

Созмони "Россотрудничество" аз имкони такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар Маскав барои кормандони соҳаи тиб хабар дод.

Ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки аз 22 сентябр то 5 октябри соли ҷорӣ мутахассисони соҳаи тиб аз хориҷи кишвар барои омӯзиш ба Маскав мераванд. 

Сафари табибони ҷавон дар доираи барномаи «Насли нав» сурат мегирад.

Гуфта мешавад, ки иштирокчиёни барнома метавонанд дар муассисаҳои Русия таҷрибаи амалии тиббӣ омӯхта, бо мутахассисони Русия дар бахшҳои гуногуни тиб мулоқот кунанд ва бо ҳамкасбон аз кишварҳои гуногун табодули таҷриба намоянд.

Зикр мешавад, ки дар доираи ин барнома мутахассисони тибби регенеративӣ, саратоншиносӣ,  урология, кардиология, муҳандисии тиббӣ, генетика ва  биоимиҷинг метавонанд омӯзиш бигиранд.

Шарти иштирок дар барнома синни аз 25 то 35-сола, надоштани шаҳрвандии Русия ва дар гузашта дар барномаи "Насли нав" ширкат надоштан аст.

Дархости довталабон то рӯзи 28 июл дар вебсайти Бунёди Горчаков барои сабти ном қабул карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки барномаи мазкур аз сӯи созмони "Россотрудничество"  дар якҷоягӣ бо Бунёди Горчаков ва Донишгоҳи Сеченов роҳандозӣ шудааст.
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед