Ru  | Tj
Озмун барои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони забонӣ русӣ
Озмун барои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони забонӣ русӣ
Акс: аз манбаъҳои боз

Озмун барои муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони забонӣ русӣ

Нашр шуд

Муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон барои иштирок дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа» даъват мешаванд.

Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Вазорати маорифи Русия бақайдгирии иштирокчиёнро дар чорумин Озмуни байналмилалии «Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа» идома медиҳад.

Ҳадафи озмун дастгирӣ ва ташвиқи зарфиятҳои касбӣ ва эҷодии ҳайати омӯзгорони мактабҳо, инчунин ҳимоят аз омӯзгорони забони русӣ аст, ки таҷрибаҳои беҳтарини омӯзгориро роҳандозӣ кардаанд.

Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.

Дар ин замина таъкид мешавад, ки озмуни мазкур имкон фароҳам мекунад, то ки омӯзгорони муваффақ ғояҳо ва маҳсули эҷодии худро дар сатҳи байналмилалӣ муаррифӣ кунанд.

Инчунин дар доираи ин озмун, табодули таҷриба сурат гирифта, иштирокдорон бо усулҳо ва таҷрибаи амалии ҳамкорон аз кишварҳои гуногун ошно мешаванд. 

Таъкид мешавад, ки дар озмуни «Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа» омӯзгорон ва ҳайати муаллимони мактабҳои хориҷӣ, ки ба таълими забони русӣ машғуланд ва инчунин муаллимон аз тамоми қораҳои сайёра метавонанд иштирок кунанд.

Барои ширкат дар озмун довталабон бояд дар сомонаи http://ruschoolcicedu.ru/ сабти ном карда, ҳамзамон дар бораи озмун маълумоти бештар гиранд.
Аризаҳои довталабон барои ширкат дар озмуни «Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа» тариқи онлайн то 15 сентябри соли 2024 қабул карда мешавад.

Гуфтанист, озмуни байналмилалии «Беҳтарин мактаби русӣ дар хориҷа» барои беҳтарин мактабҳои русӣ, ки берун аз Русия фаъолият мекунанд, аз соли 2021 баргузор мешавад. Гуфта мешавад, ки соли гузашта дар ин озмун 840 нафар довталаб аз 55 кишвари ИДМ, Аврупо, Осиё, Ховари Миёна, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва Шимолӣ ширкат карданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
halva.tj

Муаллиф

halva.tj

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед