Ru  | Tj
Марказҳои русӣ дар Тоҷикистон омодаи кумак ба довталабони донишгоҳҳои Русия ҳастанд
Марказҳои русӣ дар Тоҷикистон омодаи кумак ба довталабони донишгоҳҳои Русия ҳастанд
Акс: Хонаи русӣ дар Душанбе

Марказҳои русӣ дар Тоҷикистон омодаи кумак ба довталабони донишгоҳҳои Русия ҳастанд

Нашр шуд

Дар Марказҳои русии Тоҷикистон дар робита ба ҳуҷҷат супоридан ба донишгоҳҳои Русия аз рӯи квота машваратҳо сурат мегиранд.

Ҳамин тариқ, дар ин марказҳо довталабони таҳсил дар донишгоҳҳои Русия аз ҳисоби квотаи ҳукумати ин кишвар аз рӯзи душанбе то ҷумъа метавонанд вобаста ба сабтином дар пойгоҳи education-in-russia.com. муроҷиат намоянд.

Машваратҳо барои хоҳишмандон аз шаҳри Душанбе дар Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бо нишонии кӯчаи академик Раҷабов 9/1, гузаргоҳи 1, паси бинои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соати 15:00 баргузор мегардад. Ҳамчунин довталабони таҳсил дар мактабҳои Русия метавонанд тариқи рақамҳои +992 37 221-89-47 ва +992 37 221-89-85 дар ин замина маълумот ба даст оранд. Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Хуҷанд машварат танҳо тавассути телефони +992 3422 6-02-22 дастрас аст.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед