Ru  | Tj
Муаллимони забони русӣ аз Тоҷикистон ба омӯзиши онлайн даъват мешаванд
Муаллимони забони русӣ аз Тоҷикистон ба омӯзиши онлайн даъват мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Муаллимони забони русӣ аз Тоҷикистон ба омӯзиши онлайн даъват мешаванд

Нашр шуд

Аз 24 октябр то 28 ноябр давраҳои омӯзишии “Ташкили дарси таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ дар хориҷа” баргузор мешаванд.

Дарсҳои видеоӣ, омӯзиши маҳорат ва дарсҳои кушод дар шакли фосилавӣ барои омӯзгорони забони русӣ аз ҷониби коршиносони рус ва хориҷӣ, муаллифони китобҳои дарсӣ, ташкилкунандагон ва роҳбарони мактабҳои забономӯзӣ гузаронида мешаванд.

Баъд аз хатми барнома ба иштирокчиён шаҳодатномаи иштирок дар формати электронӣ ва шаҳодатнома барои обунаи солонаи ройгон ба пойгоҳи интишороти "Златоуст" тақдим мешавад.

Иштирок дар давраи омӯзишии онлайн ройгон аст. Аммо шумораи ҷойҳо маҳдуд буда, бақайдгирии иштирокчиён то 10 октябри соли ҷорӣ давом мекунад.

Бояд гуфт, ки барномаи омӯзиширо маркази таълимии «Ҷаҳони китобҳои русӣ» бо мусоидати нашриёти «Златоуст» таҳия кардааст. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии ташкилоти "Россотрудничество" амалӣ мешавад.

Тафсилоти бештарро метавонед аз нишонии зер пайдо кунед: https://mirrki.ru/mmRKI2024

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед