Оғози қабули дархостҳо ба озмуни байналмиллалии экологӣ “ЭкоМир-2024”
Нашр шуд
Қабули дархостҳо барои ширкат дар озмуни байналмиллалии экологӣ “ЭкоМир-2024” оғоз шуд ва то 1 декабри соли ҷорӣ идома меёбад.
Озмун бо ибтикори Академияи илмҳои табиатшиносии Русия баргузор мешавад. Дар ин бора сафорати Русия дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бояд гуфт, ки Ҷоизаи байналмилалии экологии "ЭкоМир-2024" ҷоизаи ҷамъиятӣ барои дастовардҳои барҷаста дар ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки ҷоиза барои таҳияи сиёсати экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ, рушди илми экологӣ, тавсеаи фановариҳои сабз, беҳсозии саломатии аҳолӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.
Дар озмуни мазкур корхонаву ташкилотҳои Русия ва кишварҳои хориҷӣ, ҳайатҳои эҷодӣ, шахсони мансабдори давлатӣ, ходимони ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ, ки ташаббускори татбиқи лоиҳаву барномаҳо дар бахши ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ ҳастанд, метавонанд иштирок кунанд.
Интихоби иштирокчиён дар асоси дархостҳо ва санадҳои пешниҳодшуда, ки татбиқи лоиҳаҳои пешниҳодшударо тасдиқ мекунанд, сурат мегирад.
Озмун дар ду марҳила сурат мегирад. Марҳилаи аввал ҳакамони ҷоиза аз байни дархостҳои қабулшуда онҳоеро интихоб мекунанд, ки дорои маълумоти воқеии тасдиқшуда дар бораи мутобиқати фаъолияти довталаб ба мақсад ва вазифаҳои ҷоиза ҳастанд. Дар ин асос рӯйхати номзадҳо аз миёни онҳо барои баррасӣ ва тасдиқи ҳакамон тартиб дода мешаванд.
Дар марҳилаи дуввум ҳайати ҷоизаҳо дар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ бо аксарияти тахассусӣ (на камтар аз 2/3 ҳайати ҳакамон) барандагони ҷоизаҳоро барои ҳар як бахш муайян мекунад.
Ҷоизаи байналмилалии экологии “ЭкоМир-2024” аз рӯи 11 бахш супорида мешавад.
Барои ошноӣ бо санадҳои озмун ва пур кардани дархост ба ин нишонӣ муроҷиат кунед: http://surl.li/brcovd
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед