Ru  | Tj
Озмуни барои рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон
Озмуни барои рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон
Акс: аз манбаъҳои боз

Озмуни барои рӯзноманигорон ва блогерони ҷавон

Нашр шуд

Ташкилоти "Россотрудничество" блогнависон ва рӯзноманигорони ҷавони Тоҷикистонро барои ширкат дар озмуни байналмилалии “Русмир дар расонаҳо” даъват мекунад.

Дар ин озмун ҷавонони синну соли 16-19 сола, донишҷӯёни ихтисосҳои «Журналистика» дар мактабҳои олӣ, блогерҳо, ва хонандагони мактабҳо, ки ба эҷоди муҳтавои иттилоотӣ шавқ доранд, метавонанд ширкат кунанд. Инчунин довталабон бояд забони руссиро хуб донанд.
 
Ба ин озмун видео, подкаст ё мақолаҳо дар интернет дар мавзӯи “Русия имрӯз кишвари имконият ва навоварӣ аст” қабул карда мешавад.

Хоҳишмандон метавонед низомномаи озмунро хонда ва варақаи дархостро аз вебсайт зеркашӣ кунанд.

Ғолибону ҷоизадорони озмун бо роҳхат ба Маскав барои иштирок дар “Мактаби расонаӣ барои ҳамватанон” дар чаҳорчӯби барномаи ташкилоти Россотрудничество “Салом, Русия!” сарфароз карда мешаванд.

Аризаҳо барои иштирок ва маводҳои озмун то 10-уми июни соли ҷорӣ қабул карда мешаванд.

Довталабон метавонанд ба суроғаи почтаи электронии l.abdullina@tjk.rs.gov.ru ариза ирсол карда, ба саволҳои худ посух гиранд.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед