Ru  | Tj
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои ширкат дар Озмуни байналмилалии кишваршиносон, ки бо ҷавонон кор мекунанд, даъват карда мешаванд
Шаҳрвандони Тоҷикистон барои ширкат дар Озмуни байналмилалии кишваршиносон, ки бо ҷавонон кор мекунанд, даъват карда мешаванд

Шаҳрвандони Тоҷикистон барои ширкат дар Озмуни байналмилалии кишваршиносон, ки бо ҷавонон кор мекунанд, даъват карда мешаванд

Нашр шуд

Омӯзгорони мактабҳо ва марказҳои бачагона, муассисаҳои тахсилоти иловагӣ ва кормандони муассисаҳои фарҳанги Точикистон барои иштирок дар Озмуни байналмилалии кишваршиносон, ки бо ҷавонон кор мекунанд, даъват карда мешаванд.

Озмун ба хотири дастгирии кишваршиносон, ки дар тарбияи ватандӯстии кӯдакону наврасон саҳм мегузоранд, роҳандозӣ шудааст.

Мавзӯҳои афзалиятноки озмун «Таърих ва этнологияи зодгоҳи ман», «Ҳувияти фарҳангӣ ва мероси халқҳои Ватани хурди ман», «Ёдгориҳои таърих ва фарҳангии диёри ман», «Сарзамини ман - диёри шуҷоат ва шуҳрати меҳнатист», «Пайраҳаҳои сайёҳии диёри ман», «Ҳамватанони номдор — ходимони илм, маданият, санъат» ва «Мероси археологии диёри ман» мебошанд

Озмун дар якчанд марҳила сурат мегирад. Аз 15 март то 30 июн шумо бояд саволномаҳоро дар саҳифаи озмунии https://kon-kraeved.historyrussia.org пур кунед. Иштирокчиёне, ки аз марҳилаи дуюм (ғоибона) гузаштаанд, бояд видеоеро дар бораи фаъолияти худ омода кунанд, ки пас аз он ғолибогро барои иштирок дар фестивали кишваршиносон даъват менамоянд.

Ғолибон бо тӯҳфаҳои махсус қадрдонӣ мегарданд.

Маблағи мукофоти ғолибони озмун:

Ҷойи 1: 150 000 рубл;

Ҷойи 2: 100 000 рубл;

Ҷойи 3-юм: 50 000 рубл.  

Барои ширкат бояд то 30 июн дар вебгоҳ сабтином кард.

Муаллиф

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед