
Таҳсили ройгон дар Русия. Муҳлати пешниҳоди дархост дароз карда шуд
Нашр шуд
Муҳлати пешниҳоди дархост барои таҳсил тибқи квотаи Ҳукумати Русия баҳри довталабони тоҷикистонӣ то 20-уми марти соли равон тамдид шуд.
Довталабони таҳсил дар донишгноҳҳои Русияро мебояд худро тавассути вебгоҳи расмӣ сабтином намоянд. Барои иштирок дар озмун шумо бояд пурсишномаро пур карда, акс, нусхаи электронии шиноснома ва асноди марбут ба маълумоти олӣ (ё маълумотнома дар ин замина)-ро дар пойгоҳ пайваст намоед. Дар робита ба саволҳои бамиёномада метавонед ба намояндагии Россотрудничество дар Душанбе ва Хуҷанд муроҷиат кунед.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед