“Торихи оянда”. Фурсати донишозмоӣ ва бурди 13 ҳазор сомонӣ
Нашр шуд
Бунёди фарҳангии Русия донишҷӯёни аз 18 то 25-сола ва донандаи хуби забони русиро барои иштирок дар қаҳрамонии “Торихи оянда” даъват мекунад.
Бино ба иттилоъи вебгоҳи озмун, «Торихи оянда» фурсатест барои муаррифӣ ва дарки зарфияти эҷодии худ, ҳамчунин пешниҳоди лоиҳаи фарҳангии худ ба ҷаҳониён. Мавзӯъи аслии имсола "Кошинкории фарҳангӣ: дирӯз, имрӯз ва фардо" мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар озмун лоиҳае ғолиб дониста мешавад, ки асилтарин ва маҳбубтарин тарҳ дар заминаи фарҳанг, торих ё ҳунар арзёбӣ шавад.
“Кумисюни интихоботии озмун дархостҳоро ҳам шахсан аз донишҷӯён ва ҳам аз коргурӯҳҳо пазируфта мешавад ва бад-ин васила иштироки зиёди кӯдаконро таъмин мекунад. Дар ҳоли ҳозир сандуқи ҷоиза маълум аст, ки байни аъзои тими баранда тавзеъ мешавад. Ҳамин тавр ҳар як узви даста, ки мақоми аввалро касб мекунад, 120 ҳазор рубл (беш аз 13 ҳазор сомонӣ)-ро ҳамчун ҷоиза соҳиб мешавад”, - гуфта мешавад дар вебгоҳи озмун.
Хоҳишмандон дархостҳои худро то 30-уми сентябри соли 2023 равон карда метавонанд. Бахши ҳузурии қаҳрамонии «Торихи оянда» аз 24 то 26-уми ноябр дар шаҳри Маскави Русия, дар работи Замятина-Третяков баргузор мешавад.
Тафсилотро аз вебгоҳи озмун пайдо карда метавонед: https://culturechamp.ru/

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед