Ru  | Tj
Афзалшоҳи Шодӣ: Ҷавонӣ меравад, аммо...
Афзалшоҳи Шодӣ: Ҷавонӣ меравад, аммо...
Аксҳо: Аз манбаъҳои гуногун

Афзалшоҳи Шодӣ: Ҷавонӣ меравад, аммо...

Нашр шуд

Ӯ бештар «Ҷавонӣ рафт» мегӯяд. Аммо сираташ саршор аст аз самимияти ин айём. Ӯро дӯст доранд яксон пиру ҷавон. Ӯро хуш мепазиранд мардуми ҳар гӯшаи Тоҷикистон. Ҷавонию ҷавонон калимотест дар сурудҳояш фаровон. Афзалшоҳи Шодӣ аст ҳунарманди солҳо дурахшон андар самои ҳунар. 23 май қарор аст консерти ҷадиди ӯ пешниҳод шавад ба мухлисон. Мо низ рафтем суроғашону анҷом додем суҳбате ҳамроҳашон дар мавриди ин консерт ва дунёи ҷавонию хушиҳои ин айём.

- Ин барномаи консертӣ маҳз ба Рӯзи ҷавонон бахшида мешавад ё тасодуфан рост омада ба ин рӯз?

- Аввалан хостам дар зодрӯзи устод Лоиқ ин барномаи консертиро баргузор кунам. Аммо шогирдонам гуфтанд, ки дар ин рӯз мо як консерт барпо карданӣ ҳастем. Гуфтам бошад. Шумо дар зодрӯзи устод Лоиқ консерт гузореду ман дар Рӯзи ҷавонон – 23 май. Агар ҷавонии худам ҳам рафта бошад, хостам ба ҷавонон як хидмат кунам.

- Чӣ навгониҳост дар ин барномаи консертӣ?

- Сурудҳои нав омода кардаем. Онҳо бештар васфи ҷавонию ватандӯстӣ мекунанд. Барномаи консертӣ бештар баҳри тарбияи ҷавонон равона шудааст. Дар ин консерт дар бораи набера, модар, падар, дӯст доштани Ватан, дӯстию душманӣ ва дигар мавзӯъҳо сурудҳо ҳастанд. Ҳамчунин суруди «Қаҳрамони Тоҷикистон» омода кардаем, ки дар бораи тамоми қаҳрамонҳоямон қисса мекунад.


- Ҳамасола дар ҳамин айём дар зиёде аз гӯшаҳои кишвар силсилаконсертҳои шумо доир мегардад. Чӣ гуна соҳиб мешавед ин ҳама имконотро?

- Бале, ин барномаро дар Хуҷанду Панҷекат баргузор кардем. Ҳамчунин бо ин барнома ба Ҳисору Кӯлобу Бохтар ва Рашту Бадахшон сафар хоҳем кард. Тоҷикистон агар як дасторхони пурфайзу баракат бошад, пас ҳар чизи болои онбуда ширину хуштамъ аст. Яъне ҳар гӯшаи ин сарзамин ҳамин гуна барои ман азизу гиромӣ аст. Аз ин хотир мехоҳам ҳамеша ва дар ҳама ҷо бо тамоми мардуми азизам ҳамроҳ бошам.

- Зимнан, чанде пеш хабаре нашр шуд, ки дар барномаи дар шаҳри Хуҷанд доиргардида бо сарояндаи узбек Юлдуз Усмонова суруди муштарак иҷро мекунед. Ҳақиқат дошт ин гуфта?

- Инро касе бофту гуфт. Лекин ҳамин ҳарфи бофта ҳақиқат хоҳад шуд. Мо бо Юлдуз дӯсти наздикем. Ӯ зиёд мардуми тоҷикро дӯст медорад ва қадр мекунад.

- Меҳмон мешавед дар консертҳои ҳамдигар?

- Бале. Юлдуз маро даъват карданд ва ҳатман дар консерташ иштирок мекунам. Ман низ ӯро даъват кардаам ва шояд ӯ низ иштирок кунад.

- Шеър ҳам эҷод мекунед. Шеъри ҷадиде гуфтед имрӯзҳо?

- Чанде пеш як шеър барои набера гуфтаму оҳангбандӣ ҳам кардем. Чанд шеъри нави дигар ҳам ҳастанд, ки дар ин консерт месароем. Албатта, даъвои шоирӣ накардаам ҳеч гоҳ, аммо ман набераи Рӯдакию писари Лоиқ ки ҳастам, ҳатман бояд кам-кам шеър ҳам гӯям.


«АЗ ҲАМА ҶОЙИ ТОҶИКИСТОНАМ»

- Шумо соли 1988 ҳанӯз қабл аз оғози ҷанги шаҳрвандӣ консерте гузоштед бо номи «Тоҷикистонро дигар қисмат накун». Дар бораи ҳамин консерт чанд ҳарфе бигӯед, чӣ гуна муяссаратон шуд дарк кардани дарди ҷомеа хеле қаблтар?

- Ҳамон вақтҳо кам-кам бӯйи маҳалгароӣ меомад аз ҳар ҷойе. Мо бо устод Камол Насрулло маслиҳат кардем ва номи барномаро «Тоҷикистонро дигар қисмат накун» гузоштем. Консерт дар Кохи Борбад хеле бошукӯҳ доир шуд. Худи устод Лоиқ дар ин барнома ширкат доштанд. Ҳамчунин устодон Бозор Собир, Мумин Қаноат, Гулрухсор ва дигар шоирон ҳам иштирок карданд. Ҳарчанд баъдтар ҷангу даъвоҳо шурӯъ шуданд. Аммо мо хостем бо ин барномаи консертӣ ба ҳамон афроде, ки қасди нообод кардани Тоҷикистонро доштанд, ҳушдоре диҳем.

- Шумо дар бораи маҳалгароӣ гуфтед. Воқеан, чаро Афзалшоҳи Шодиро тамоми Тоҷикистон як хел дӯст медоранду эҳтиром мекунанд?

- Ман мисле, ки аз ҳама ҷойи Тоҷикистон бошам ва ҳамин хел ҳам ҳастам. Масалан, номи маро модари дарвозии ман Ҳалима мондааст. Модари ман бемор мешаванду модар Ҳалима ба ман шир медиҳанду нигоҳубин мекунанд. Доӣ (тағо)-ҳоям дар Бохтаранд. Дар шаҳри Кӯлоб як хола дорам. Дар Муминободу Фархор ҳам хешовандонамон ҳастанд. Ҳамин тавр, хешовандону пайвандони мо дар ҳама ҷойи Тоҷикистон парешон шудаанд. Маро дар ҳама ҷой як хел қабул доштану дӯст доштани халқ ҳамин аст, ки худам ҳамаи ҷойи Тоҷикистонро як хел дӯст медорам.

- Ҷойе мегӯед фарзандон ҳамагӣ майл доранд ба ҳунар. Аммо чаро мо имрӯз онҳоро рӯйи саҳна намебинем?

- Духтарам Барно дар ҷашни 60-солагиям тарона сароида буд. Худаш рассом аст. Писарам Шаҳром ҳам кам-кам суруд месарояд. Аммо ҷойе сабту рӯйи саҳна иҷро намекунанд. Гуфтанд, ки падарҷон шумо месароед бас аст, мо дигар корҳоро иҷро мекунем. Аммо шукр, ки майлашон ба ҳунар ҳаст.


«ШЛЯГЕР» ДАР 30 СОЛ

- Суруди басо маҳбубу машҳури «Ҷавонӣ рафт» дар барномаи консертии навбатиатон низ садо хоҳад дод?

- Бале, ин сурудҳо ҳам ҳастанд. Ҳам «Ҷавонӣ рафт» ва ҳам «Ҷавонӣ намеравад». Ин таронаҳо пайваста аз ҷониби мардум талаб карда мешавад. Ҳамчунин, як суруди нав дар бораи ҷавонӣ омода кардаем, ки шеъри Исомиддин Шарифзода ҳасту худам оҳанг бастаам.

- Воқеан, умри ин суруд аз 30 гузашта, аммо ҳамоно ҷавон аст ва вирди забонҳост. Чаро «Ҷавонӣ рафт» аз муд намебарояд?

- Ин сурудро се хел оҳанг баста будам, аммо устод Лоиқ ҳеч яке аз онҳоро қабул накарданд. Баъд ба Туркия рафта будаму аз онҷо як тори туркӣ овардам. Рӯзе якҷо меҳмон шуда будему устод гуфтанд бо ҳамон сози нават чизе саро. Ман «Ҷавонӣ рафт»-ро бо ҳамин оҳанги ҳозира сароидам, ки устод гуфтанд: «Ана ҳамин мешавад, дигар накун ин оҳангро. Ин «шлягер» мешавад». Ҳамин хел ин сурудро сабт кардем. Шояд ҳамин аст, ки ин ҳама сол мардум суруди мазкурро гӯш мекунанду дӯст медоранд.


- Аз иштибоҳоти ҷавонӣ ёд мекунед?

- Он рӯзҳоро пушти сар кардем ва намехоҳам дигар ёд оварам. Албатта, ҷавонӣ бе хато намешавад. Аммо бо гузашти вақт онҳоро ислоҳ кардем.

- Шумо дар айёми ҷавонӣ «Ҷавонӣ рафт» гуфтед, аммо дар 60-солагӣ «Ҷавонӣ намеравад». Пас ҷавонӣ меравад ё не?

- Ростӣ, ҷавонӣ меравад. Илоҷи дигар надорад. Аммо агар инсон дар ҷойе ва бо касоне бошад, ки табъаш болида гардад, эҳсоси ҷавонӣ мекунад. Рӯзи хуш гузаронидан ин ҷавонист.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед