Ru  | Tj
19 соли қаҳрамонии Қаҳрамон. Аввалин мусоҳибаи васеъ бо чеҳраи шинохтаи “Хандинкамон”
19 соли қаҳрамонии Қаҳрамон. Аввалин мусоҳибаи васеъ бо чеҳраи шинохтаи “Хандинкамон”
Аксҳо: Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

19 соли қаҳрамонии Қаҳрамон. Аввалин мусоҳибаи васеъ бо чеҳраи шинохтаи “Хандинкамон”

Нашр шуд

ҚАҲРАМОНИ МО ҚАҲРАМОН АСТ

Номи қаҳрамони ин ҳафтаинаи мо Қаҳрамон аст. Ӯ соли 1985 дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғонҷӣ (Деваштичи имрӯза) дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 2004 мактаби миёнаи №7-и деҳаашро бо баҳои аъло хатм кард ва ҳамон сол ба Коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд дохил шуда, онро соли 2009 бо ихтисоси фарҳангшинос ба итмом расонид.

Падар бо умеду мақсади дар зиндагӣ қаҳрамон шудани писар номашро Қаҳрамон мондааст. Воқеан ҳам Қаҳрамон 19 сол инҷониб дар саҳнаи ҳаҷв қаҳрамонӣ мекунад. Ӯ қаҳрамони садҳо саҳнаҳои хурду калон дар соҳаи ҳаҷв ва даҳҳо саҳнаҳои синамоӣ мебошад. Қаҳрамон аз пайи қаҳрамонӣ надавида бошад ҳам, ӯро ҳунараш, истеъдодаш ва санъатдӯстиву сарсупурдагияш қаҳрамон кардааст.


Гурӯҳи ҳаҷвии “Хандинкамон” охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Душанбе барои ҳаводорони пойтахт барномаи консертӣ барпо карда буд ва мо бо ҷамъи ин гурӯҳ мусоҳибае доштем. Дар он мусоҳиба Қаҳрамон ба 1-2 саволи мо ҷавоб гуфта буд ва ба мо маълум шуд, ки дар баробари солҳои зиёди кор дар соҳаи ҳаҷв ва муаррифии ҳаҷви тоҷик то ҳол бо нафаре мусоҳибаи васеъ надоштааст. Инак, мо бо Қаҳрамонҷон Ёров, яке аз чеҳраҳои шинохтаи ҳаҷви тоҷик доир ба ҳаёти шахсӣ, санъату фарҳанг, ҳаҷв, гурӯҳи “Хандинкамон”, кор дар фазои маҷозӣ, ҳунару корҳои иловагӣ ва дигар қаҳрамониҳову пешравиҳояш сӯҳбат намудем.

ОМӮЗГОРИ БИОЛОГИЯ ДАР САҲНАИ КАЛОНИ ҲАҶВ

- Рӯзи шумо чӣ гуна мегузарад?

- Мехобам, мехӯрам, кор мекунам, ба варзиш машғул мешавам ва бо оилаву фарзандонам хушгузаронӣ мекунам. Дар умум хубу хотирмон.

- Дар як рӯз чанд соат кор мекунед?

- Аслан бояд бигӯям, ки ҳар рӯзи мо як хел нест. Рӯзе зиёд кор мекунем, рӯзи дигар камтар ва ғайра. Ва агар тахминан гӯем, 6-7 соати умрро ҳар рӯз дар кор сарф мекунем.

- Имрӯз яке мушкилиҳои асосии аҳли ҳунар ин надоштани хонаи шахсӣ аст, оё Шумо хонаи шахсии худатонро доред?

- Бале, шукр хонаи шахсии худамро дорам ва бо ҳамсару фарзандонам хурсандона зиндагонӣ мекунам.

- Мардум дар кӯчаву бозор бо Шумо чӣ гуна муносибат мекунанд?

- Албатта, фикрҳоеро шунидаам, ки гӯё одамони шинохта дар миёни мардум худро нороҳат ҳис мекунанд, зеро одамон ба онҳо ба мисли дигарон муносибат намекунанд, вале бовар кунед, дар маконҳои ҷамъиятӣ мардум маро мешиносанд, муносибати хуб мекунанд ва нофаҳмиву ногапие дар миён нест.

- Падару модаратон ба ҳаҷвнигор будани Шумо чӣ фикр доранд?

- Хушбахтона, волидонам аз рӯзҳои аввали ин касбро интихоб карданам маро дастгирӣ мекунанд ва аз кори ман розиянд. Фикрашон ин аст, ки дар роҳи рост бошам ва кори дӯстдошаамро анҷом диҳам.

- Мо фаҳмидем, ки Шумо ба ҷуз ҳаҷвнигорӣ боз касби дигар ҳам доред...

- Бале, ихтисоси дигари ман омӯзгори фанни биология мебошад, ки дипломи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дорам.

- Шумо ягон забони хориҷиро медонед?

- Бале, шукр ман донандаи забонҳои русӣ, олмонӣ ва ӯзбекӣ ҳастам.

- Агар Шумо дар дигар давлат зиндагӣ мекардед зиндагиатон чӣ гуна мешуд?

- Зиндагие, ки ҳоло дорам бароям бисёр писанд аст. Шукр ба чизеву касе муҳтоҷ нестам. Кор мекунам, зиндагиямро пеш мебарам. Дар бобати зиндагиву кор дар дигар давлат бошад, гуфтаниям, ки то ҳол тамоман фикрашро накардаам.


БОВАРӢ БА ҚУДРАТИ ҲАҶВ

- Ман аз замони мактабхониям дар маҳфилу чорабиниҳо баромадҳо мекардам ва агар ин гуна баромадҳои ҳаҷвиро ба ҳаҷв омадан гуфтан мумкин бошад, пас аз давраҳои мактабӣ ба ин соҳа рӯй овардаам.

- Ҳаҷв барои Шумо чӣ маъно дорад?

- Ҳаҷв бароям ду маъно дорад: тарбияткунандаи инсон ва болидакунандаи рӯҳ. Мо дар ҷараёни кор кӯшиш мекунем, ки ба ҳадафи аслии ҳаҷв, ки таъсиррасонӣ ба афкор ва болидарӯҳии мардум аст, бирасем. Бисёр мехоҳем ба нуктае бирасем, ки мардум баробари дидани саҳнаҳои ҳаҷвии мо ҳам биханданд ва ҳам аз гуфтору рафтору кирдори ношоиста парҳез кунанд.

- Шумо худатонро ҳаҷвнигори машҳур меҳисобед?

- Не, мо куҷову машҳурӣ куҷо.

- Барои рушди ҳаҷв чӣ лозим аст?

- Мушкилии асосии мо дар соҳаи ҳаҷв набудани ҳаҷвнависон аст. Мо бояд баробари замон қадам монем ва саҳнаҳои ҳаҷвие дошта бошем, ки аз имрӯз - мушкилоти имрӯз, ҳаводису воқеот ва ба қавле “тренд”-ҳо бигӯем. Вале мутаассифона, чунин ҳаҷвнависон надорем ва дар ин ҳол наметавонем, ки ба аудитория зиёдтар таъсир расонем.


- Ҳаҷв таҳқирро меписандад?

- Не, ҳаҷв танқиди ноадолатиҳост, на таҳқири одамҳо. Мо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд ба иззати нафси касе бирасем, агарчи ӯ гуноҳи зиёд дошта бошаду ба ҷомеа зарар расонад, балки матлабамонро тариқи малеҳтару возеҳтар баён кунем. Аз ҷониби дигар таҳқир кардан ҳам нақзи қонун асту ҳам убури хатти одамгарӣ.

- Барномаҳои кадом гурӯҳҳои ҳаҷвии кишварро тамошо мекунед?

- Ҳамаи гурӯҳҳои ҳаҷвии кишварро, албатта ҳамонҳоеро, ки дар ҳақиқат ҳаҷвнигор ҳастанд ва пеш аз ҳама мақсадашон бозгӯи мушкилоти ҷомеа аст мебинам, пайгирӣ мекунем ва хурсанд ҳам мешавам.

- Шумо ҳамчун як ҳунарманд то куҷо бовар мекунед, ки як саҳначаи ҳаҷвӣ метавонад мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеаро ҳал кунад?

- Ман ба қувваи ҳаҷв бовар дорам. Ҳаҷв қудрати иваз кардани гуфтор, рафтор ва гирдори бисёриҳоро дорад. Ҳадафи мо аз таҳияи саҳнаҳои ҳаҷвӣ танҳо барои хандидан нест, балки матолиби мо вазифаи оилаеро дорад, ки мардум бояд ба онҳо аз чанд ҷониб нигаранд ва худашонро бубинанд.

- Шумо дар соҳаи ҳаҷв таҷрибаи зиёд доред, ягон маротиба фикр накардед, ки худатон танҳо гурӯҳе ташкил кунед?

- Ҳоло не.


АРОБАИ ЗИНДАГӢ БО МАОШИ “ХАНДИНКАМОН”

- Аз “Хандинкамон” бисёриҳо рафтанд, Шумо нияти рафтан надоштед ё надоред?

- Ба он фикр мутақоидам, ки ниҳол дар як ҷо месабзад ва онро дар чанд ҷойи дигар ҳам шинонем хушк мешавад. Ман аз аввали фаъолиятам ба ҳамин театр ба кор омадам ва аз хаминҷо насиб бошад ба нафақа меравам.

- Дар 10 соли охир “Хандинкамон” хеле тағйир ёфт, ба Шумо “Хандинкамон”-и 10 сол пеш писанд аст ё “Хандинкамон”-и имрӯза?

- Барои ман “Хандинкамон” ҳамонест, ки буд. Фарқият дар рафти кори мо, мавзӯҳо, пешниҳоди нав ва дигаргунии мушкилоти ҷомеа аст. Чӣ “Хандинкамон”-и 10 сол пеш, чӣ “Хандинкамон”-и имрӯза як ҳадаф доранд ва мо як ҷо бо аҳли гурӯҳ он мақсадро амалӣ карданием.


- Маоше, ки аз “Хандинкамон” мегиред, барои зиндагиро пеш бурдан, мерасад?

- Ҳоло фикр мекунам бисёриҳо ба ҷуз кори асосӣ барои пешбурди зиндагияшон кори иловагӣ ҳам мекунанд. Ман ҳам кӯшиш мекунам бо маоши “Хандинкамон” ва баъзе корҳои иловагӣ аробаи зиндагиямро ба пеш ҳаракат диҳам.

- Кадом корҳои иловагӣ?

- Масалан, дар тӯйҳо кам-кам ровигӣ ва овозхонӣ мекунам.

- Шумо аксар вақт нақши кӯдакро мебозед, як нафари калонсол худашро дар ин синнусол чӣ тавр кӯдак ҳис мекунад?

- Ба нақшдароиву нашқофарии моро дида, мардум ба мо унвони ҳунармандро додаанд, ки беҳуда нест. Ҳар нафаре, ки даъвои ҳунарманд буданро дорад, бояд ҳатман аз ӯҳдаи дилхоҳ нақш барояд. Аз сабабе, ки ҷусаи ман хурд аст, бисёртар ба ман нақши кӯдак мувофиқ меояд ва аз иҷро кардани чунин нақшҳо ҳаловат мебарам.

- Ҳамсаратон рашк намекунад?

- Ҳамсарам занест, ки ба масоили кории ман умуман кордор намешавад.

- Шумо дар соҳаи ҳаҷв 19 сол собиқаи корӣ доред, аз ҷониби Вазорати фарҳанг чӣ гуна қадрдонӣ шудаед?

- Дар 10-солагии фаъолияти “Хандинкамон” вазири вақт Мирзошоҳрух Асрорӣ ба ман унвони Аълочии фарҳанги Тоҷикистон доданд.

САД ДАР САД

- Чанд сомонӣ даркор аст, ки як моҳ бе мушкили зиндагӣ кунед?

- Инро аниқ гуфта наметавонам, зеро зиндагӣ якранг нест. Моҳе мешавад, ки пули аз ҳад зиёд ва гоҳе мешавад, ки камтар лозим меояд. Муҳим пул бошад ҷойи сарф карданашро меёбем.

- Ҳоло бисёриҳо аз Интернет пули зиёд кор мекунанд, Шумо фикр надоред, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳнаҳои хурд-хурд таҳия карда, пул кор кунед?

- Ростӣ ба корҳои интернетӣ он қадар шавқ надорам ва то ҳол дар ин мавзӯъ фикр ҳам накардаам. Вале дар оянда агар ягон продюсер пайдо шавад ҳамкорӣ мекунем.

- Ба фикри Шумо зиндагӣ кардан дар ин дунё душвор аст?

- Агар ақл, истеъдод ва тавоноиямонро истифода барем, пас мушкил нест, баръакс зиндагӣ зебост. Аз зиндагӣ бештар нафароне шикоят мекунанд, ки тавони меҳнату заҳмат намудан надоранд ва мехоҳанд ҳама гуна муваффақиятро ба осонӣ ба даст оранд, ки мувофиқи қонунҳои зиндагӣ ин гуна муваффақият танҳо барои баъзеҳо насиб мешавад.


- Боре бо касе ҷанги тан ба тан кардаед?

- Не, то ҳол чунин корро накардаам ва боварӣ дорам, ки дар оянда ҳам намекунам.

- Кадом кори бузурге кардаед, ки бо он фахр кунед?

- Мутаассифона, то ҳол коре накардаам, ки боиси фахр кардан бошад. Бовар кунед, ман дар ин маврид, ки аз худам як чиз монам бисёр фикр мекунам ва кӯшиш ҳам карда истодаам.

- Агар 1 миллион доллар медоштед чӣ кор мекардед?

- Як қисматро ба муҳтоҷони ҳақиқӣ хайр мекардам ва қисми дигарашро барои сохтану пойдор мондани як мактаби ҳаҷвӣ.

- Ва охир, аз зиндагии доштаатон розӣ ҳастед?

- Бале, сад дар сад.

- Ташаккур барои сӯҳбат.

- Ба Шумо низ ташаккур.


Мустафо Зубайдуллоев: “Довталабони барномасозӣ бояд хоҳиш, сабр ва мантиқ дошта бошанд”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед