Ru  | Tj
Умеде аз ноумедӣ. Ё чӣ гуна Фирӯз Исматов мураббии муваффақи футбол шуд?
Умеде аз ноумедӣ. Ё чӣ гуна Фирӯз Исматов мураббии муваффақи футбол шуд?
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Умеде аз ноумедӣ. Ё чӣ гуна Фирӯз Исматов мураббии муваффақи футбол шуд?

Нашр шуд

Фирӯз Исматов давоми 12 сол аст, ки мураббии варзиш аст. Бо амри тақдир ӯ аз модар маълул ба дунё омада, пойҳояш хуб ҳаракат карда наметавонад. Аммо ин мушкилӣ натавонист ӯро дар хона боздорад. Зеро ӯ ба ҳама мушкилоти зиндагӣ мубориза мебарад ва то ҷое ғолиб ҳам баромадааст. Чун ки бовуҷуди маълули гурӯҳи якум будан, ҳафтае се маротиба ба футболбозони ҷавони дастаи “КМВА” аз намуди футбол машғулиятҳои варзишӣ мегузаронад. Мавсуф роҷеъ ба ҳаёту фаъолият ва дигар паҳлӯҳои зиндагиаш ба мо қисса кард.

Нуқсони модарзодӣ доштани Фирӯз ҳанӯз аз замони кӯдакӣ ба волидайн маълум мегардад. Бо гузашти рӯзҳо ҳаракат карда натавонистан боис мешавад, ки волидайн ба ӯ таваҷҷӯҳи бештар намоянд. Пас аз муолиҷаҳои бенатиҷа пайвандони Фирӯз тасмим мегиранд, ки ӯро дар хориҷи кишвар ба табобат фаро гиранд. 

“Баъд аз табобатҳои зиёд, падарам пеши худ қарор мебароранд, ки маро ба кишвари Русия барои муолиҷа баранд. Он замон се сола будам ва бо роҳнамоии як дӯсти падарам маро дар шаҳри Санкт-Петербург ба табобат фаро мегиранд. Дар муддати як солу ҳафт моҳе, ки дар ин шаҳр қарор доштам, ҳафт маротиба аз пойҳоям ҷарроҳӣ мегузаронанд. Бо заҳмати табибон дар ин вақт пойҳоям, ки тобхӯрда буданд, бо ҷарроҳӣ рост карда мешаванд. Шукри Худо, пас аз ин бо машварати табибон, оҳиста-оҳиста роҳ мегаштам. Аз хонавода касе бовар надошт, ки то ин дараҷа шифо меёбаму кори худро пайдо мекунам. Зеро дар кӯдакӣ баъди ду-се қадам мондан меафтидам, ҳозир бошад баромадани зинапояҳо бароям мушкилие пеш намеорад”, мегӯяд Фирӯз Исматов
ФУТБОЛ РОҲИ ЗИНДАГИАМРО ТАҒЙИР ДОД 

Фирӯз Исматов ба соҳаи варзиш пайвастани худро тасодуф медонад ва ҳеҷ гоҳ дар сар фикри мураббӣ шуданро надошт. Зеро имконияте, ки дошт, фикр намекард, ки аз ӯҳдаи ин гуна корҳо баромада метавонад. Ӯ аз он рӯзҳои ба ин соҳа омаданаш ёд оварда, бо эҳсос чунин қисса мекунад:

“Дар кӯдакӣ ба футбол ҳавас доштам, бо вуҷуди маълул будан, баъзан вақт бо бачаҳои маҳалла кӯшиш мекардам, ки баробар бозӣ кунам. Аммо вақтамро бештар дар бозорҳо ба хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ ё ягон кори дигар сарф мекардам. Вақте ки соли 2012 дастаи футболи маҳаллаи мо, ки “Городок” ном дошт, бо дастаи дигаре аз шаҳри Ҳисор бозии рафиқона анҷом доданд, ман дар ҳамон бозӣ ба бачаҳо маслиҳат медодам, ки чӣ хел бозӣ кунанд. Пас аз ҳамин бозӣ як бародар бо номи Неъмат ба ман пешниҳод кард, ки бозии дастаи Шумо хуб аст, метавонед ба Федератсияи футболи шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ биёед. Ман фикр кардам, бо сабаби маъюб буданам маро қабул намекунанд, аммо ин тавр нашуд. Масъулини Федератсияи футболи шаҳри Душанбе ба дастаи мо иҷозаи дар мусобиқаҳои шаҳрӣ иштирок намуданро дод. Як рӯз Анвар Мирзоев ба ман пешниҳод кард, ки дар Федератсияи футбол барои мураббиён курсҳои омӯзишӣ гузаронида мешавад. Агар хоҳиш дошта бошӣ, метавонӣ иштирок намоӣ. Сипас бо дастгирии масъулини федератсия курсҳои омӯзиширо гузашта, соҳиби категорияи “С” гаштам. Баъди ин, фаъолияти мураббигиам оғоз гардид.”

Давоми ин солҳо дар фаъолияти мураббигӣ кӯшишҳои Фирӯз Исматов самараи нек додаанд, ки натиҷаи онҳоро пирӯзии шогирдонаш дар мусобиқаҳои шаҳрӣ медонад. Ӯ мегӯяд, дар ин муддат чандин бор аз тарафи дӯстон ва бародарон ба ӯ корҳои мувофиқ пешниҳод гардид, аммо шавқу ҳавас ва дилбастагӣ ба футбол намегузорад, ки ӯ аз ин соҳа дур равад. 

“Агар дар асл гирем вазифаи ман тайёр намудани футболбозони синни аз 14 то 18-сола ба тими асосии “КМВА” мебошад, ки  ҳамасола 4-5 шогирди худро ба ҳайати асосии даста омода мекунам. Ҳамчунин, бо шогирдон дар мусобиқаи футболи шаҳри Душанбе, ки  миёни ҷавонон баргузор мегардад, соли 2019 ҷойи дуюм ва солҳои 2016, 2020  ҷойи сеюмро  соҳиб гардидем. Дар баробари тамринҳои бобарори даста, ҳамзамон, саҳми роҳбарияти бошгоҳи “КМВА” дар муваффақиятҳои даста хело бузург аст. Зеро барои мо шароити хубе омода гардидааст ва метавонем дар чаҳор фасли сол ба бачаҳо тамрин диҳем. Инчунин роҳбарияти даста ба хотири пешбурди кори бошгоҳ, пеш аз ҳама таваҷҷӯҳи асосиро ба мураббиён равона намудааст. Ман фикр мекунам, ҳавасмандгардонӣ ва дастгириҳои пайваста аст, ки ҳайати мураббиён вазифаи худро ба таври лозима анҷом медиҳанд” - зикр намуд қаҳрамони мо. 
ИСТИФОДАИ МЕТОДҲО АЗ ТАМРИНҲОИ ДАСТАҲОИ АВРУПОӢ 

Фирӯз Исматов дар тӯлӣ солҳои мураббигиаш донишҳои соҳавии худро ба таври назариявию амалӣ аз бар намудааст. Аммо ӯ ба ин ҳама қонеъ нагардида, дар вақтҳои холигӣ аз ҷараёни машқҳои дигар мураббиён дидан мекунад.  

“Дар вақтҳое ки бекор монам, берун аз машғулиятҳо ба тамрингоҳи ҳайати асосии дастаи “КВМА” меравам. Дар онҷо ба даста мураббии ботаҷриба аз кишвари Эрон тамрин медиҳад ва ман аз рафти он ба худ тарзу усули кор кардан бо бачаҳоро меомӯзам. Бар замми ин, бештар аз интернет наворҳо ва схемаҳо ҷобаҷогузории бозингаронро аз дастаҳои аврупоӣ ва сомонаҳои варзишӣ тамошо мекунам. Ҳар як сармураббӣ намуди машқгузаронии худро дорад. Ман мебинам, ки аз кадом мураббӣ ба равиши тамринҳои мо мубофиқ аст, аз онҳо ба бачаҳо меомӯзонам. Бештар ба тамринҳои дастаҳои “Реал Мадрид”, “Барселона” ва чанд дастаҳои дигар аз Русия таваҷҷӯҳ дорам ва вобаста ба намудҳои тамрин аз он наворҳо истифода мебарам”, ёдовар гашт Фирӯз Исматов.

ФАРҚИ ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ ФУТБОЛБОЗОНИ НАВРАС

Дар миёни дигар намудҳои варзиши ҷаҳонӣ футбол маъруфияти хос дорад. Дар Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ ба ин навъи варзиш бештар аст. Вале бо вуҷуди он ҳама имкониятҳои машқу тамрин, вазъи имрӯзаи футболи наврасон аз солҳои қабл фарқ дорад.

 “Дар солҳои гузашта яке аз мушкилоти футболбозони наврас ин кам будани майдонҳои футбол ва дастрасӣ надоштан ба лавозимоти варзишӣ буд. Вале он  бачаҳое, ки бозӣ мекарданд, қувват, завқ ва тарзи фикррониашон дигар буд. Имрӯз агарчӣ шароит ҳаст, аммо намедонам, бетаваҷҷӯҳии волидайн бошад ё мураббиёни даста, ки бозингарон то даврае, ки бояд ҳамчун футболбози касбӣ мавқеи худро пайдо кунанд, намерасанд. То ба синни 17-18- солагӣ расидан ба дигар кор машғул мешаванд ва ё дастгирӣ намеёбанд. Дар ин ҳолат онҳо истеъдодашонро аз даст медиҳанд” - зикр намуд қаҳрамони қисса.
Барои дилхоҳ мураббӣ аз ҷиҳати равонӣ, тактикӣ ва физикӣ тайёр намудани шогирдон яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Фирӯз Исматов ин нуктаро ба хубӣ дарк намуда, пеш аз оғози тамринҳо ба шогирдон машғулиятҳои тарбиявӣ мегузаронад.  Ба гуфтаи ӯ,  сарфи назар кардани хурдтарин хатои варзишгар дар вақти тамрин ба ояндаи ӯ таъсир мегузорад. Аз ин лиҳоз, мавсуф таваҷҷӯҳашро бештар ба бозии бачаҳо ҷалб намуда, вақти тамринро дар майдон ба таври дуруст тақсимбандӣ мекунад. Маврид ба зикр аст, ки роҳбарияти бошгоҳи “КМВА” ба донишу малакаи мураббигии ӯ бовар дошта, саҳми ӯро дар  ҷузъе аз муваффақиятҳои бошгоҳ чашмрас дониста, миёни дигар мураббиён ба ӯ  таваҷҷӯҳи хос дорад. Ҳамаи хизматҳои ӯро ба назар гирифта, бошгоҳ ҳамасола ба ӯ кӯмакҳои молиявӣ мерасонад. Дар мусобиқаҳои минбаъдаи футбол қаҳрамон гардидани дастаи наврасони “КМВА” яке аз ҳадафҳои асосии ӯ ба ҳисоб меравад. 

Фирӯз Исматов нишон дода тавонист, ки аз қишри солими ҷомеа ҳеҷ камӣ надорад. Ҳар инсон метавонад ба ҳадафҳои бузург расад, агар шавқ ва мақсади муайян дошта бошад.   


Журналист, омӯзгор ва “ютубер”. Чаро Исфандиёр тарки дуи аввал кард?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед