Ru  | Tj
Садсолагии устоди сиёсатмадорони бархоста аз Кӯлоб: Дипломати шинохтаи тоҷик аз кору рӯзгори Мирзо Бекматов гуфт
Садсолагии устоди сиёсатмадорони бархоста аз Кӯлоб: Дипломати шинохтаи тоҷик аз кору рӯзгори Мирзо Бекматов гуфт
Аксҳо: Аз муаллифи мақола дастрас гардидааст

Садсолагии устоди сиёсатмадорони бархоста аз Кӯлоб: Дипломати шинохтаи тоҷик аз кору рӯзгори Мирзо Бекматов гуфт

Нашр шуд

Мирзо Бекматов, Корманди шоистаи Тоҷикистон, ходими давлатӣ ва иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ соли равон 100-сола мешуд, агар умр вафо мекард. Вай дар синни 96 дунёро падрӯд гуфт, аммо ному кори некаш дар ёдҳост. Мирзо Бекматов яке аз шахсиятҳои бартари асри гузашта буд ва умрашро дар пайи хидмат ба миллату давлат сипарӣ кард.

Мавсуф дар мансабҳои гуногуни Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ифои вазифа кард ва дар ҷануби кишвар корҳои шоёнеро ба анҷом расонид. Дар ин баробар, гуфта мешавад, ки як насл сиёсатмадорони кишварро тарбият намуд ва дастпарваронаш дар вазифаҳои баландпояи ҳукумати замони шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон хидмат кардаанд.


Ба муносибати 100-солагии Мирзо Бекматов мо бо яке аз дастпарварони мавсуф, сиёсатмадор ва дипломати шинохтаи тоҷик, сафири пешини Тоҷикистон дар Русия ва Эрон, Рамазон Мирзоев перомуни зиндагонӣ ва корномаи устодаш мусоҳиба оростем ва нахуст пурсидем, ки бо Мирзо Бекматов кай ва чӣ гуна шинос шудааст?


- Соли 1969 пас аз анҷоми хидмати ҳарбӣ бо се тавсиянома ба Кумитаи партиявии Ҳизби коммунистӣ дар вилояти онвақтаи Кӯлоб ба кор омадам. Он замон аъзои Ҳизби коммунистӣ шудан бисёр душвор ва дар ин баробар шарафи бузург буд. Ҳуҷҷатҳоямро барои узвияти Ҳизби коммунист супоридам ва пас аз як моҳ маро ба суҳбат даъват карданд. Он солҳо Мирзо Бекматов котиби якуми Ҳизби коммунистии шаҳри Кӯлоб (яъне шаҳрдори Кӯлоб) буданд ва бо як гуруҳ аъзои ҳизб бо банда саволу ҷавоб карданд.

Пеш аз ин ҳам Мирзо Бекматовро мешинохтам, вале рӯ ба рӯ нишаставу ҳарф задан бо эшон муяссар нагашта буд. Шиносоии мо аз ҳамон замон оғоз шуд.

Баъд аз ин, як сол давраи санҷишӣ гузаронидам ва соли 1970 ба узвияти Ҳизби коммунист пазируфта шудам, ки билети партиявиро маҳз аз дасти Мирзо Бекматов гирифтам.

Дар мактаби зиндагӣ устодам аст

- Шунидам, ки Мирзо Бекматовро устоди худ медонед...

- Мирзо Бекматов ба ман на дар мактаби миёна ё олӣ, балки дар мактаби зиндагӣ устод ҳастанд. Ман аслан корҳои партиявию ҷамъиятиро аз эшон омӯхтаам.


Мирзо Бекматов аз солҳои 1960 ба ин сӯ дар Кумитаи марказии Партияи коммунистӣ (КМ ПК) бисёр мавқеи баланд доштанд ва дар вилояти онвақтаи Кӯлоб ҳам обрӯи хосаро соҳиб буданд. Дар миёни халқ буданд ва пиру ҷавону коргару деҳқон - ҳама дӯсташон медоштанд. Он кас ҳамеша дар назди халқ эҳсоси масъулият мекарданд ва корҳои партиявиву ҷамъиятиро хуб ва ба таври намунавӣ анҷом медоданд.

Дар он як соле, ки банда номзад ба узвияти партия будам, аз Мирзо Бекматов бисёр сабақ омӯхтам ва ҳамвора роҳнамоиям мекарданд. Пас аз гирифтани билети партиявӣ зери роҳбарии устод фаъолиятамро оғоз кардам. Мирзо Бекматов ҳамчун сиёсатмадори комил намунаи ибрату мояи ифтихорам буданд. Ҳамеша мегуфтанд, ки вазифаи ба дӯш доштаро бо масъулияти том ба сомон расонед ва таъкид мекарданд, ки бо мардум хушгуфтору хушрафтор бошед. Розигии мардум барояшон аз ҳама чиз боло меистод. Шахсан худашон ба колхозу совхозҳо рафта, мардумро ҷамъ карда, маҷлисҳо мегузарониданд ва мепурсиданд, ки чӣ мушкил доред, то аз даст омадан ҳал бикунем. Моро ҳам бисёр вақт ҳамроҳашон мебурданд, то ки муносибатро омӯзем.

Агар мабодо офати табиие мешуду сел меомад, ё заминларзае мешуд, ки ҷону моли мардум зарар медид, шабонарӯз хоб надоштанд ва рафтаву дар канори мардум истода, ҳамдардӣ кардаву ёрӣ менамуданд, то он замоне ки мушкил бартараф нашаваду халқ розӣ набошад, ором намегирифтанд.

Боз ҳам мегӯям, ки ман на фақат сиёсатро, балки инсонвор зиндагӣ карданро аз Мирзо Бекматов омӯхтам ва мамнуни дастгириву роҳнамоии эшон ҳастам.

Тарбиятгари як насл сиёсатмадорон

- Воқеан, Мирзо Бекматов дар тарбияти кадрҳо чӣ қадр тавонманд буданд ва аз шогирдону дастпарварони эшон боз киҳоро номбар карда метавонед?

- Мирзо Бекматов дар тарбияти як насл сиёсатмадорони кишвар саҳми бориз доранд ва шогирдону дастпарваронашон дар мансабҳои гуногун ва баландпояи ҳукумати замони шӯравӣ ва истиқлоли Тоҷикистон хидматҳо кардаанд. Аксари он шахсоне, ки таи солҳои 1960 то 1990 корро дар шаҳр ва вилояти онвақтаи Кӯлоб оғоз кардаанд, худро дастпарвари Мирзо Бекматов меҳисобанд. Ман ҳамаи онҳоро номбар карда наметавонам, танҳо ду нафарашонро мегӯям, ки вазни дастпарварии Мирзо Бекматовро нишон медиҳад: Акбар Мирзоев – сиёсатмадор, дипломат ва сарвазири кишвар ва Раҳимҷон Ғафуров – муовини аввали раиси Шӯрои вазирон ва мушовири ду раисҷумҳури кишвар Раҳмон Набиев ва Эмомалӣ Раҳмон тарбиятдидади дасти Мирзо Бекматов буданд.


Роҳбари маорифпарвар ва рисккунанда

- Аксари инфрасохтори асосии шаҳри Кӯлоб маҳз замони роҳбарии Мирзо Бекматов бунёд гардидааст. Аз ин лаҳзаҳо чӣ хотирот доред?

- Мирзо Бекматов 9 сол роҳбари шаҳри Кӯлоб буданд (аз 1965 то 1974) ва дар ин марҳила сохтмону ободонӣ беш аз пеш вусъат ёфт. Он кас ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуданд ва бо итминон гуфтан мумкин, ки бисёри кӯдакистону мактабҳои шаҳри Кӯлоб дар замони роҳбарии эшон бунёд гардидаанд. Имрӯза Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ва Омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №32 ҳам ҳини роҳбарии устоди гиромӣ сохта шудаанд.

- Бунёди Фурӯдгоҳи Кӯлобро ҳам яке аз ташаббусҳои Мирзо Бекматов медонанд, вале гуфта мешавад, ки барои сохтмони он садди роҳҳое вуҷуд доштааст. Шумо дар ин бора чӣ медонед?

- Мирзо Бекматов барои бунёди Фурӯдгоҳи шаҳри Кӯлоб, ки имрӯза мақоми фурудгоҳи байналмилалиро касб кардааст ва мардум ба аз он ҷо ба гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон мараванду меоянд, чанд сол пойфишориҳо карданд. Аз рӯи пешниҳоди Мирзо Бекматов, ин фурӯдгоҳ дар майдони ҷамоати Зиракии колхози “Ленинград” сохта мешуд, вале он замини пахта буд ва аз Кумитаи марказӣ бар ин пешниҳод комилан зид баромаданд. Далели марказ ин буд, ки ҳосили пахта кам мешавад ва дар ниҳоят вилояти Кӯлоб наметавонад нақшаи солонаи пахтаро пурра кунад.

Мирзо Бекматов баъди талошҳои зиёд Кумитаи марказиро мутақоид сохтанд, ки ҳосилнокии пахтаро дар дигар минтақаҳо афзоиш медиҳанд ва пахтаро аз нақша кам намесупоранд. Барои пайфишориҳояшон танбеҳ ҳам гирифтанду кам монда буд аз билети партиявӣ ҳам маҳрум шаванд, вале дар ниҳоят ризоияти КМ-ро гирифтанд ва сохтмони фурӯдгоҳ соли 1973 шуруъ гардида, соли 1975 ба истифода дода шуд. Баъдан тибқи ваъда ҳосилнокии пахтаро ҳам то наздики 40 сентнер афзоиш дода, нақшаи пахтасупориро ҳам пурра иҷро карданд.


Дар омади гап, ин фурӯдгоҳ, ки бо ҷонбозиҳои Мирзо Бекматов сохта шуд, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷони ҳазорон нафарро ҳам наҷот дод.

- Боз кадом кору иқдоми он касро дар ёд доред?

- Саҳми Мирзо Бекматов дар бунёди ҳама инфрасохтори шаҳр ва ҳатто минтақаи Кӯлоб зиёд аст. Ғайр аз ҳамаи ин, замони роҳбарии мавсуф аз дарёи Панҷ ба Кӯлоб канал канда, об оварданд ва барои кишоварзӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Ҳатто ҳамон солҳо як хоҷагии сабзавоткорӣ таъсис дода шуду сокинон бо сабзавоти тару тоза таъмин гардиданд.

Шароити маишии мардум ҳам хуб шуд ва чанд шаҳракҳо ҳам бунёд гардиданд. Шаҳри Кӯлоб дар муддати роҳбарии Мирзо Бекматов комилан дигаргун шуда, ба худ симои зебо гирифт.

Аз ятимӣ то ҷанговарӣ

- Дарвоқеъ, Мирзо Бекматов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) ҳастанд. Ин бартарӣ ба тасмимгириҳои мавсуф чӣ қадр нақш бозида метавонист?

- Бояд гӯям, ки Мирзо Бекматов дар кӯҳистон таваллуд шудаву дар айёми хурдсолӣ аз падару модар маҳрум гашта, ятим ба воя расидаанд ва кам касоне, ки дар чунин вазъ ба камол мерасанд, мақоми худро миёни давлату ҷамъият пайдо менамоянд. Мирзо Бекматов дар ин роҳ нашикастанд ва бо ҳамаи шебу фарозҳо худро сохтанд ва чун ходими давлативу ҷамъиятӣ ном бароварданд.


Ҷанг ҳам қисме аз сарнавишти Мирзо Бекматов буда, ки ҳамчун пайкари сангин барои ҳифзи марзу бум муқовимат карданду дар миёни обу оташ обутоб ёфтанд. Дар замони шӯравӣ ширкаткардагони ҶБВ эрка буданд ва роҳбару деҳқон ононро эҳтиром мекарданд.

Новобаста аз ин, ман фикр намекунам, ки маҳз иштирокчии ҷанг будани Мирзо Бекматов ба он кас бартарие додааст, балки асосан ҳалолкориву принсипнокии устод эшонро соҳибобрӯву соҳибмартаба намуд.

- Дар бораи ятим бузург шудани Мирзо Бекматов гуфтед. Муносибати он кас бо ятимон чӣ гуна буд ва дар ин бора чӣ гуфта метавонед?

- Мирзо Бекматов, ки худ дар мактаб - интернати деҳаи Саричашма таҳсил кардаву бузург шудаанд, аз ҳоли ятимон огоҳ буданд ва ҳар гоҳе ба деҳот сафар мекарданд, ятимеро медиданд, ба риққат мерафтанд, ӯро навозиш мекарданд ва ҳар мушкиле дошт, ҳатман ба таври бояду шояд бароварда мекарданд.

Зиндагии хоксоронаи Бекматов

- Шумо ба хонаи Мирзо Бекматов ҳам мерафтед: шароити маишии шаҳрдори онвақтаи Кӯлоб чӣ гуна буд?

- Хонаи хоксорона доштанд, хонае, ки ҳар як деҳқон ҳам онро дошт. Дохили хона ҳам аз манзили дигарон фарқ намекард. Он вақт аслан раису деҳқон баробар зиндагӣ мекарданд.

Хотирае нақл кунам: боре дар солҳои 70-ум аз Фархор бо кадом коре ба Кӯлоб рафтам ва хостам аз ҳоли устод хабар бигирам. Хонаашон рафтам ва дарро боз дида, бо нидои “Мирзо Бекматович” ба хона даромаданӣ шудам. Он кас зуд баромаданд, маро пешвоз гирифтанд ва ба ҳамсарашон фармуданд, ки дастархон партоянд. Рӯйи дастархони он вақт шаҳрдори Кӯлоб калбаса ва панир буд ва хӯроки нимарӯзӣ ҳам – шӯрбо. Чунин зиндагӣ доштанд...


Ходими сайёри халқ

- Баъд аз ин Мирзо Бекматов беш аз 10 сол дар вазифаи роҳбари Кумитаи назорати халқии вилояти Кӯлоб  кор карданд. Аз фаъолияташон дар ин масъулият чӣ хотираҳое доред?

- Дар ин давра ман аз шаҳри Кӯлоб дур шуда будам ва хеле кам устодро медидам.

- Беш аз 30 сол Мирзо Бекматов раисии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлобро ба зимма доштанд. Шумо дар ин муддат вохӯриҳо доштед?

- Бале, Мирзо Бекматов дар замони бисёр душвори барҳамхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии ҳукумати нав роҳбари Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Кӯлоб буданд. Новобаста аз душвориҳои рӯзгор ва шароити номусоиди амниятиву сиёсӣ, эшон ҳамеша дар канори мардум буданд, худро дар ҳеҷ кадом масъалае канор намегирифтанд, ба шаҳру навоҳии гуногун сафар мекарданд ва бо мардум вохӯриҳо гузаронида, ҳамчун пири таҷрибадор ва чеҳраи бартару шинохта насиҳатҳо мекарданд.


Борҳо дар ин гуна вохӯриҳояшон дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеъ ман ҳам ширкат кардаам ва гуфта метавонам, ки вазифаи раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат устодро аз ҷавонон ҷудо накард. Устод ҳамвора пиру ҷавонро ба худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву миллатпарварӣ ва хидмат ба миллату давлат даъват мекарданд.

Қиссаҳо ва дидори вопасин

- Боз қиссае аз Мирзо Бекматов дар хотираатон ҳаст, ки то ҳол фаромӯш нашуда бошад?

- Мирзо Бекматов дар авохири умр ба деҳқонӣ ҳам машғул шуда буданд. Боре меҳмони Шӯрообод шудем ва устод моро ба боғи калоне бурданд, ки пур аз дарахтони себ буд. Ҳини баргашт дар пушти мошинамон як қуттӣ себ ҳам монданд. Ҳоло фикр мекунам, ки аз устод бо номи неку фарзандони хуб, боғе ҳам ба мерос монд.

- Ба фикратон кадом хислат ва рафтору гуфтори шахсиятҳое чун Мирзо Бекматов барои насли нав ибратомӯз аст ва мо чӣ бардошт карда метавонем?

- Принсипнокӣ, бовиҷдонӣ, ҳалолкорӣ ва ҷавонмардии Мирзо Бекматов боиси ибрат ба насли мо шуд ва бигзор насли шумо ҳам аз ин ибрат бигирад.


- Дидори охиринатон кай буд ва аз он чӣ хотирот мондааст?

- Як моҳ пеш аз фавт ба хонашон рафта будам ва агарчи бемор буданд, меҳмонро дида, ҷони тоза мегирифтанд, маро дида, шод шуданд ва дар ҳар боб сӯҳбат кардем. Пас аз моҳе хабари марги устод расид, ба ҷанозаашон рафтам ва бо эшон видоъ кардем.

Бояд гӯям, ки кам мешавад шахсиятҳои таъсиррасону машҳур номи худро покиза нигоҳ доранд ва баъзан атрофи номашон, ҳатто туҳмату буҳтонҳо пайдо мешаванд. Вале Мирзо Бекматов номашонро ба покӣ нигоҳ доштанд, ба ҳеҷ нопокие олуда нашуданд. Дар даврони пираашон беш аз пеш соҳибобрӯ шуда, бо номи нек аз олам даргузаштанд.

Ёдашон гиромӣ бод!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед