Фаъолшавии бесобиқаи Толибони Покистон. Сарнавишти тоҷикон зери сояи ин гурӯҳи террористӣ чӣ хоҳад шуд?
Нашр шуд
Бо тасаллути Толибон* бар Афғонистон дар Покистон ҳамлаҳои террористӣ ба таври бесобиқа афзоиш ёфтааст. Мақомоти ин кишвар гуфтаанд, ки дар як соли ахир амалҳои террористӣ 60 дарсад афзудааст, ки аксари онҳо аз тарафи «Таҳрики Толибон»*-и Покистон анҷом шудааст. Ин гурӯҳи террористӣ ҳам гуфтааст, ки танҳо дар моҳи ноябри соли 2022 беш аз 150 ҳамларо дар Покистон анҷом додааст. Ҷангҷӯёни Толибони Покистон дар вилояти паштуннишини Хайбар-Пахтунхва фаъолияти густарда дошта, бо Толибони Афғонистон пайванди таборӣ ва идеологӣ доранд. Дар минтақаи Хайбар-Пахтунхва ҳамзамон миллионҳо тоҷик зиндагӣ мекунанд, ки гуфта мешавад дар сафҳои «Таҳрики Толибон»-и Покистон ҳам тоҷикон мушоҳида мешавад.
Муаллифи Halva.tj доир ба омилу заминаҳои якбора фаъол шудани «Таҳрики Толибон» ва сарнавишти тоҷикони Покистон дар шароити афзоиши ноамниҳо дар ин кишвар бо Ориф Ҳасан Охундзода, таҳлилгари умури минтақа ва яке роҳбарони ҷамъияти тоҷикони Покистон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Ориф Ҳасан Охундзода
ШИКАСТИ АМРИКО ДАР АФҒОНИСТОН ВА ЭҲЁИ ДУБОРАИ «ТАҲРИКИ ТОЛИБОН»-И ПОКИСТОН
- Фаъол шудани «Таҳрики Толибон»-и Покистон ба чӣ омилҳое вобаста аст?
- Нокомии давлати Покистон дар мубориза бо фасод ва вазъияти бади иқтисодӣ дар ин кишвар аз омилҳое ҳастанд, ки ба фаъол шудани «Таҳрики Толибон»-и Покистон (ТТП) мусоидат намуд. Идеяи Покистон ҳамчун як давлати миллӣ заминаи дурусти сиёсӣ ё этникӣ надорад. Вай ҳамчун абзори манфиатҳои империалистии минтақавии Ғарб хидмат мекунад ва ин манфиатҳо ҳамакнун беэътиборанд, зеро айни замон диққати Ғарб ба дигар сӯ аст.
Пас, дар он ҷойи холӣ як нерӯи дигари сиёсии муассир бояд ҷойгузин шавад, то қудратро ба даст орад. Ин ягона омилест, ки ҳоло муваффақияти Толибони Покистонро таъмин мекунад.
- Гуфта мешуд, ин гурӯҳ маҳсули истихбороти худи Покистон аст. Оё онҳо аз контрол баромаданд?
- Пас аз он ки Амрико дар соли 1991 Иттиҳоди Шӯравиро мағлуб кард ва дар ҷанги сард пирӯз шуд, Покистон ба сифати кишвари вобастаи Амрико дар сиёсати худ аз абзори «ҷиҳод» васеътар истифода кард. Барои эҷоди фасод ва бесуботӣ Покистон нуфузи худро дар заминаи тарвиҷи ифротгароӣ густариш дод.
Пас аз сарнагунии ҳукумати коммунистӣ дар Кобул муҷоҳидин бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Масъуд ва Бурҳониддин Раббонӣ ба ҳарфҳои Покистон на танҳо гӯш надоданд, балки бар зидди он шӯриданд. Аз ин рӯ дар моҳи ноябри соли 1994 тавассути хадамоти иктишофии Покистон (ISI) муҷоҳидинро бо Толибон иваз карданд. Аз ин лиҳоз нуфузи Толибон низ аз соли 1995 дар манотиқи паштунии ҳаммарз бо Афғонистон пурзӯр карда шуд, зеро маҳз ҳамин минтақаҳо ва ин қавм буд, ки артиши Покистон аз он барои бозиҳои пуштипардагии хеш истифода мекард.
Аммо пас аз ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 сиёсати ҷиҳод ноком шуд. Дар натиҷа Амрико аз Покистон талаб кард, ки Толибонро нобуд созад, ки ин кор ғайриимкон буд. Зеро то ин замон онҳо асоси сиёсати амниятии Покистон шуда буданд ва абзори ҷиҳод ба як ҷузъи сохтори низомии Покистон табдил ёфта буд. Покистон барои хушнудии хоҷагони амрикоияш алайҳи ҷиҳодиёни худ иқдомоти маҳдуде анҷом дод, зеро бидуни кумаки Амрико ва Ғарб зинда мондани Покистон ғайриимкон буд. Амрико ҳамчунин ба Покистон таҳдид кард, ки агар Толибон ва сиёсати ҷиҳодии онро назорат карда натавонад, бо Исломобод ҷанги мустақим хоҳад кард.
Пас аз соли 2001 бештари Толибон аз Афғонистон ба манотиқи худмухтори қабиланишини паштунии Покистон паноҳ бурданд. Қаҳру ғазаби онҳо бар зидди бозии дугона, ки ҳокимони покистонӣ мебурданд, зиёд шуд. Ҳамин буд, ки «Таҳрики Толибон»-и Покистон (ТТП) низ зуҳур кард. Толибони маҳаллии покистонӣ қисматҳои зиёди деҳот ва манотиқи дурдасти вилояти Хайбар-Пахтунхваро таҳти назорат қарор доданд. Дар ин кор ба онҳо худи истихбороти Покистон ёрӣ расонд. То соли 2007 Толибони Покистон ба дараҷае қувват гирифтанд, ки онҳо тавонистанд бар зидди давлат ва артиши Покистон ҷанги пурраи чирикӣ (партизанӣ)-ро роҳандозӣ кунанд. То соли 2015 бо кумаки Амрико шӯришиён ба таври куллӣ маҳв карда шуд, аммо шикасти соли гузаштаи Амрико дар Афғонистон ва бозгашти Толибон ба Кобул боиси эҳёи дубораи ТТП шуд.
- Ба назари шумо, дар ҳоли ҳозир таҳдиди ТТП ба ин кишвар то чӣ ҳадд ҷиддӣ аст?
- Албатта, ТТП метавонад ба ин кишвар таҳдиди ҷиддӣ бошад, зеро механизми давлатӣ, ки ҳукуматро идора мекунад, ба далели фасод фалаҷ шудааст. Инфрасохтори Покистон замоне яке аз беҳтаринҳо дар ҷаҳон буд. Инро метавон туҳфаи ҳокимони бритониёӣ ба онҳо гуфт, аммо ҳоло ин сохтор бар асари ғорат ба харобазор мубаддал шудааст. ТТТ ба минтақаҳои паштуннишини Покистон мустақиман таҳдид мекунад, зеро паштунҳо як халқи беқонун ва қабилаӣ ҳастанд, ки урфу одатҳои онҳо аз ҳама қавонини дигар бартарӣ доранд. Онҳо умдатан дар вилояти Хайбар-Пахтунхва ва қисмате аз вилояти Балуҷистон зиндагӣ доранд.
«Таҳрики Толибон»-и Покистон
Аммо афроде, ки зимоми қудрат дар Покистонро зери даст доранд, асосан зодагони минтақаҳои Панҷоб ва Синд ҳастанд, ки бештарашон ҳиндутаборанд. Ҳиндуҳои Покистон донишманду пешрафта буда, ин кишварро идора мекунанд, аммо фасод онҳоро ҳам дар вазъияти баде қарор додааст. Маҳз онҳо паштунҳои ноогоҳро барои пешбурди сиёсати ба истилоҳ «давлати ҷиҳодӣ» таҳрик медиҳанд. Ҳарчанд ТТП аслан як созмони паштунӣ аст, аммо бо панҷобиҳо ва дигар гурӯҳҳои ҷиҳодӣ робита доранд, ки метавонанд барои ҳукумати марказӣ мушкилот эҷод кунанд. Покистон дар Синд ва Балуҷистон ҷунбишҳои дунявӣ ҳам дорад, ки онҳо низ метавонанд ба роҳатӣ бо ТТП муттаҳид шаванд.
- Дар ҳоле, ки мегӯед, манфиатҳои Ғарб дигар шудаааст, аммо Амрико гуфт, ки дар мубориза бо ТТП ба Покистон кумак мекунад. Ин чӣ паём дорад? Бузург будани таҳдиди ин гурӯҳ ё бозии дигар?
- Имрӯз ваъдаҳо ва изҳороти Амрико асосан лафзӣ ва бепоя мебошанд. Амрико дигар абарқудрате нест, ки қаблан буд. Соли гузашта пас аз беҳуда сарф кардани 20 солу триллионҳо доллар дар Афғонистон бешармона аз Кобул фирор кард. Давлати Амрико дар ин минтақа дар асоси сиёсати геополитикии 200-сола бо номи «Бозии бузург», ки бори аввал аз ҷониби Бритониё таҳия шуда буд, амал мекард. «Бозии Бузург» дар ибтидо барои ҳифзи империяи Ҳинд, баъдан кӯшиши муқобила бо тавсеаи империяи Русия ба Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ва баъдтар барои тороҷи сарватҳои нафтии давлатҳои арабии Халиҷи Форс истифода мешуд. Эҷоди давлати ғайривоқеии лӯхтак бо номи Покистон аз сӯйи бритониёиҳо дар соли 1947 як ҷузъи ин стратегия буд. Пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ Бритониёро дар арсаи ҷаҳонӣ Амрико иваз кард, ки худ ҳамон империяи Бритониёст.
Сиёсати «Бозии бузург»-и Инглистон ва Амрико аз бисёр марҳилаҳои асосии таҳаввулот гузашт, аммо ҳоло Ғарб дар ин минтақа манфиати сифр дорад, зеро Русия мустақиман дар саҳнаи Аврупо (Украина) бо НАТО рӯ ба рӯ мешавад. Идомаи бозии «Бозии Бузург» аз сабаби шикастҳои соли гузашта ва мавҷуд набудани ягон сабабҳои асоснок барои тамдиди ҳузури минбаъда натиҷа намедиҳад. Ҳоло Покистон хеле фасодзада аст, ки барои тарҳҳои ғарбӣ ҳамчун як абзори муфид хидмат кунад.
- ТТП то куҷо аз Толибони Афғонистон илҳом гирифт ва оё онҳоро пуштибони худ мешуморад?
- Толибон ҳам дар Афғонистон ва ҳам дар Покистон воқеан падидаи ягона мебошанд ва дуюмӣ шохаи тозаи аввалӣ аст. Танҳо тафовут дар тамғагузории расмии онҳост, яке афғонистонӣ ва дигаре покистонӣ.
ҲУЗУРИ ТОҶИКОНИ ПОКИСТОН ДАР САФИ «ТАҲРИКИ ТОЛИБОН»
- ТТП дар манотиқе фаъол аст, ки аксари тоҷикони Покистон ҳам он ҷо зиндагӣ мекунанд. Аз тоҷикон дар миёни толибон афроде мавҷуд аст?
- Бале, яке аз такягоҳҳои асосии ТТП минтақаи Свот ва Баҷаур мебошад, ки ноҳияи Дирро дарбар мегирад, ки бо вилоятҳои Кунар ва Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст. Тоҷикони ноҳияи Дир бо фаъолияти пурқуввати ҷиҳодӣ ном баровардаанд ва ҳоло бисёре аз онҳо дар сафҳои ТТП хидмат мекунанд. Аммо решаҳои ҷалби онҳо ба замони Ҷиҳод бар зидди Шӯравӣ аз ҷониби Хадамоти ҷосусии Амрико (CIA) ва ҳатто қабл аз он бармегардад.
Сабабҳои ин гуногун аст: Дир хеле ақибмонда аст, ки аз ҷониби ҳукумати марказӣ нисбати ин минтақа дар таъмини иншооти рушд, маориф ва тандурустӣ беэътиноӣ карда шудааст. Аҳолии Дир ба раҳнамои пурзӯр эҳтиёҷ дорад ва онро дар симои Толибон мебинанд. Бар хилофи дигар манотиқи Хайбар-Пахтунхва, маҳаллҳои Свот, Баҷаур ва Дир то соли 1969 давлатҳои мустақили шоҳзодаӣ буданд ва ба ҷойи ҳукумати дунявии муосир тибқи суннатҳои асримиёнагӣ зиндагӣ мекарданд.
- Аз ҳузур ва нақши тоҷикон дар сафи ТТП бештар донистан мехоҳам...
- Яке аз аввалин раҳбарони маҳаллии Толибони Покистон, ки сӣ сол пеш зуҳур карда, баъдан пояи гурӯҳи террористии Толибон дар ин минтақаро гузошт, марҳум Мавлоно Сӯфӣ Муҳаммад, тоҷики Дир буд. Касби хонаводагияш оҳангарӣ буд, аммо Сӯфӣ Муҳаммад муаллими динӣ шуд ва то ба вазифаи раиси мадрасаи динӣ расид. Вай воизи бонуфуз буд. Баъдтар дар ҷиҳоди Афғонистон, аз ҷумла бо Аҳмадшоҳи Масъуд ва Гулбиддин Ҳикматёр ширкат кард ва ба гурӯҳҳои ҷиҳодии ҳукумати Покистон шомил шуд. Соли 1994 соле буд, ки Хадамоти иктишофии Покистон Толибонро дар Қандаҳор таъсис кард ва дар ҳамон сол Сӯфӣ Муҳаммад созмони маҳаллии худро бо номи «Таҳрики Нифози Шариати Муҳаммадӣ» таъсис дод. Баъдан ин ҳаракат ба бонуфузтарин созмони ҷиҳодӣ дар минтақаи Свот табдил ёфт ва ин ҳолат боиси бурузи ихтилоф миёни Сӯфӣ Муҳаммад ва сиёсати ҷиҳодии ҳукумати Покистон шуд.
Мавлоно Сӯфӣ Муҳаммад
Сӯфӣ Муҳаммад дере нагузашта Свот ва Дирро зери назорат гирифта, бо як шӯриши мусаллаҳона идора ва иншооти муҳими давлатӣ, аз ҷумла фурудгоҳи Свотро забт кард ва худро ҳамчун амири истиқлол эълон кард. Ҳукумат маҷбур шуд, ки исёнро бо истифода аз нерӯҳои ҳавоӣ пахш кунад ва дар соли 1999 Сӯфӣ Муҳаммад аз марзи Кунар ба Афғонистон фирор кард. Дере нагузашта ӯ баргашт ва бо ҳукумат қарордоди таслмиро имзо кард. Соли 2001 бо ҳодисаи 11 сентябр боз як артиши дигар ташкил дод ва бо нияти ҷанг бар зидди амрикоиҳо марзи Кунар ва Бадахшонро убур кард.
Дар натиҷаи бомбаборони ҳавоии НАТО нерӯҳои ӯ нобуд шуданд ва ӯ ба Покистон баргашт, дар он ҷо ҳукумат ӯро зиндонӣ кард. Зоҳиран Сӯфӣ Муҳаммад барои Покистон бисёр муҳим буд, ки ӯро накушта ба ҳабс гирифтанд. Вай дар соли 2019 дар зиндон даргузашт. Дар зиндон ӯ мисли шоҳзода ба сар мебурд ва аз ҷониби ҳукумати Покистон бо тамоми шароити таъмин карда шуд. Мегуфтанд, ки ӯро «барои бехатарии худаш» зиндонӣ кардаанд. Раҳбари баъдии ТТП дар Хайбар-Пахтунхва Мулло Фазалулло аз Свот буд. Ӯ як тоҷики этникӣ аз авлоди шоҳи Свот ва домоди Сӯфӣ Муҳаммад буд.
- Маҳбубияти ТТП ба ҷуз аз паштунҳо ва тоҷикон дар миёни дигар ақвоми Покистон монанди урду ва балуҷҳо чӣ гуна аст?
- Тавре ки ман дар боло гуфтам, ТТП як бунёди паштунҳост, аммо аз ҷониби ҳамаи гурӯҳҳои бонуфузи ҷиҳодӣ ва қавмҳои дигар дар Покистон дастгирӣ мешавад. Намунаҳои асосӣ Лашкари Тайибба, Лашкари Ҷангвӣ, Сипоҳи Саҳоба ва ғайра мебошанд.
- Аз ин ки бархе тоҷикон ҳам шомили ТТП шуданд, фикр намекунед, ки барои камтар ҳадаф гирифтани тоҷикони ғайритолиб дар сурати ташаннуҷи авзоъ кумак мекунад?
- Дар ҷомеаи Покистон ангезаҳои қабилавӣ ва этникӣ ба таври умум аз ҳама мулоҳизаҳои дигар бартарӣ доранд. Ҳарчанд дар байни тоҷикони шомили ТТП ва мухолифони он ихтилофи ақида вуҷуд дошта бошад ҳам, маъмулан афроди як қавм ба ҳамватанони худ ҳамчун мансубияти як хонаводаи қабилавӣ муносибат мекунанд ва онҳоро ҳадаф намегиранд. Бо вуҷуди ин гуфтан душвор аст, ки ин муносибат то чӣ андоза дар замонҳои оянда дигар мешавад.
- Ҳарчанд ТТП як гурӯҳи исломӣ номбар мешавад, бо таваҷҷуҳ ба таркиби қавмии он то куҷо рӯҳияи паштунволиро бозтоб медиҳад?
- Дурнамои ТТП бо кӯшиши омезиши тафсири деҳотӣ ва исломи хурофотӣ бо фарҳанги қабилавии маҳаллии паштунҳо, ки бо номи «паштунволӣ» маъруф аст, ранг карда шудааст. Ин ҳаракат бар пояи ғурури шахсӣ ва қабилавӣ, худбинӣ, рӯҳияи қасосгирӣ ва монанди инҳо асос ёфтааст. Ин шакли тафсири шариати Исломӣ танҳо ба паштунҳо хос аст. Аммо нуфузи ҷиҳодиёни хориҷӣ дар сафҳои онҳо низ бояд ҳамчун абзори тақвиятдиҳандаи неруи онҳо шумурда шавад. Инҳо арабҳо, аврупоиҳо, ӯзбекҳо ва чеченҳо ҳастанд, ки аз як таълимоти ифротии ваҳҳобӣ пайравӣ мекунанд.
САРНАВИШТИ ТОҶИКОН ДАР ПОКИСТОН
- Чаро Покистон ҳоло тоҷиконро ҳамчун як қавми алоҳида дар ин кишвар ба расмият нашинохтааст?
- Тавре гуфтам, Покистон як давлатест, ки ба баҳонаи доктринаи сиёсӣ, аммо барои ҳифзи ҳувияти исломӣ дар дохили Ҳиндустони бритониёӣ таъсис ёфтааст. Ҳамин тавр, онҳое, ки Покистонро роҳбарӣ мекарданд, омили этникиро нодида гирифта, кӯшиш карданд, ки онро бо гуфтани «мансубияти этникӣ чӣ муҳим аст? ҳама мусулмонанд!» беаҳамият нишон диҳанд. Сиёсати Покистон ба миллатгароии чапгароёни паштуни даврони Шӯравӣ, ки ҷонибдори пайвастани паштунҳо ба Афғонистон буданд, мухолифат мекард, аммо онҳо аз зулми паштунҳо бар тоҷикон ва аз байн бурдани ҳувияти тоҷикони маҳаллӣ пуштибонӣ мекарданд, зеро мутаассифона ин мавзӯъҳо дар пеши назари омма фаромӯш шудаанд. Ҳатто идеологҳои Шӯравӣ аз ҳузури тоҷикон дар Покистон бехабар буданд ва аз ин рӯ аз миллатгароии паштунҳо, ки ҳувияти тоҷиконро нобуд мекард, дастгирӣ мекарданд.
Тоҷикони бумии Покистон
Танҳо ҳоло бо талошҳои мо дар панҷ соли гузашта таърихи фаромӯшшуда дубора эҳё шуд ва мавриди баҳсу баррасӣ қарор дорад. Ҳоло ҳукумати Покистон шояд ба далели фаъол шудани ТТП ба мо таваҷҷуҳ кунаду моро ба расмият шиносад. Қариб ҳама тоҷикони ин кишвар ҷонибдори Покистон ва маъмулан мухолифи ҷудоиталабии паштунҳо ҳастанд. На ҳама бо TTП мебошанд. Мо бояд бубинем, ки минбаъд чӣ мешавад. Аммо дар ҳоли ҳозир бақои Покистон ва давлатдории он бо чолишҳои бузурге рӯбарӯ шудааст.
- Тоҷикистон бо истифода аз муносибатҳои дуҷониба бо Покистон метавонад барои ба расмият шинохтани тоҷикони ин давлат кумак кунад?
- Мо, тоҷикони Покистон, аз ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш мекунем, ки бораи мавҷудияти миллати тоҷик дар Покистон ба таври расмӣ ҳамкорӣ кунад. Гарчанде имрӯз тоҷикон дар ин кишвар бо ифтихор аз худ дарак медиҳанд, аммо панҷсад соли ахир ба мо зулми зиёде шуд, ки дар натиҷа забони модариро аз мо гирифтанд. Ҳоло шумораи хеле ками тоҷикон ба забони форсии тоҷикӣ суҳбат мекунанд. Мактабу расонаҳо барои тоҷикон мавҷуд нест. Раҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони маҳаллӣ дар Покистон бояд бо ҳукумати Тоҷикистон равобити корӣ барқарор кунанд. Мо бояд таърих, ҳувият, забону фарҳанги худро эҳё кунем ва дар ин росто ба эътирофу дастгирӣ ва кумакҳои фарҳангию маънавии ниҳодҳои муътабари тоҷикони бурунмарзӣ ва ҳукумати Тоҷикистон ниёз дорем.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед