Ru  | Tj
Чанд шарти “намурдани” блоггинг ва блоггер дар Тоҷикистон
Чанд шарти “намурдани”  блоггинг ва блоггер дар Тоҷикистон
Аксҳо: Аз ҳамсӯҳбат дастрас гардидааст

Чанд шарти “намурдани” блоггинг ва блоггер дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Рӯз аз рӯз сафи блоггерони мо дар дохилу хориҷи кишвар зиёд шуда истодааст. Агарчӣ, дар ин самт камбудиҳо зиёданд, вале наметавон гуфт, ки шӯълаи умед хомӯш мегардад, зеро ҷавонон бо ҳавасмандиҳои зиёд ба ин соҳа майли бештар мекунанд. Мо имрӯз дар ин матлаб бо ёрии Рустам Гулов, медиа-тренер ва блогнависи тоҷик доир ба чӣ будани блогу блогинг, кӣ будани блогер, ҳуқуқҳои блогерон, нафароне, ки метавонанд ба блогинг оянд ва онҳое, ки наметавонанд, имкониятҳои блогинг дар Тоҷикистон, аҳаммият ва талаботу омӯзиши ин соҳа хоҳем гуфт. 

– Таърифи блог, блоггинг ва блоггерро метавонед бигӯед?

– Блог ин як намуд рӯзномаи шахсие аст, ки инсон дар он метавонад фикру ақида ё мушоҳидаҳои шахсиашро нависад ё дар шакли видеову (видеоблог ё худ влог) садо (подкаст) ҷой диҳад. Блогинг ҷараёни бурдани блог аст. Блогер нафарест, ки блог дорад.

– Киҳо бояд ба блоггинг оянд ва блоггер шаванд?

– Ҳама нафарон ҳуқуқи доштани блогро доранд, чунки ин яке аз шаклҳои амалӣ намудани ҳуқуқи инсон ба ибрози ақида дар доираи озодии сухан аст. Хуб мешавад, агар ба блогинг, пеш аз ҳама, фаъолони ҷамъиятӣ, нафарони соҳиби тафаккури интиқодиву таҳлилӣ, мутахассисони соҳаҳои гуногун рӯ оваранд, чунки аз зери қалами онҳо метавонад мӯҳтавои баландсифат барояд.

- Яъне талаботи ба блогинг омадан ин доштани ягон ҳунару малака ё касби ихтисоси алоҳида аст?

- Инро метавон талаботи нонавиштаи ин соҳа гуфт, зеро имрӯз ҳар нафаре, ки хоҳад, метавонад блогер шавад. Аз ҷониби дигар, муҳтавои  чунин нафарон пастсифат ҳам бошад, шояд як–ду хонандаи худро пайдо кунанд ва бо гузашти вақту пайдо шудани донишҳои наву таҷрибаи корӣ сифати маҳсули меҳнати онҳо низ баланд мешавад. Муҳим он аст, ки дар оғози кор онҳоро бо ҷазоҳои гуногун аз ин кор дур накунанд. Мо имрӯз нафароне дорем, ки пас аз 5 соли таҳсил дар факултаҳои забоншиносиву журналистика як мақолаи дуруст навишта наметавонанд ё як видеои хуб ба навор намегиранд. Пас чӣ гуна метавон як нафар блогери аз пеши худ бе ягон омӯзиши махсус ҳаракат мекардаро, ки мӯҳтавое омода кунад, ба “пастсифат” будани маҳсули кораш муттаҳам карда, аз ҳуқуқи нашр ӯро маҳрум созем?!

– Як блогершаванда дар худ бояд чӣ дошта бошад? 

– Хоҳиш, дониш, малакаи омода кардани мӯҳтаво. Дастрасӣ ба интернет, дониши базавии техникӣ барои сохтану бурдани блог, хоҳиши ибрози фикру ақида.

– Барои кадом намуди одамон машғул шудан ба блоггинг созгор нест?

– Чунин нафароне нестанд, ки тавонем гӯем: “Ту ҳуқуқи блоггер шуданро надорӣ!” Чуноне ки қайд кардам, блогнависӣ яке аз шаклҳои амалӣ кардани ҳуқуқи инсон ба ибрози ақида аст. Ҳуқуқи инсон ба ҳамаи инсонҳо дахл дорад.

Дигар масъала он аст, ки баъзе муҳтаво метавонад ба ҳуқуқи дигар нафарон зарар орад. Аммо ин маънои “бастани даҳони” гурӯҳҳои алоҳида нест. Ҳама ҳуқуқ дорад фикру ақидаи худро иброз кунад. Агар шаклу шеваи интихобкардаи ӯ ҳуқуқи ягон нафарро вайрон кунад, пас ҷабрдида метавонад ба суд муроҷиат кунад. Ин аллакай натиҷаи паҳн кардани иттилоот аст ва танҳо пас аз нашр шудани он рӯи кор меояд, на ин ки то он лаҳза.

Дар олами мутамаддин, ки ҳуқуқҳои инсон риоя мешаванд, маҳз чунин механизми “постмодератсия” мавҷуд аст. Яъне ҳама дилхоҳ иттилоотро паҳн мекунад ва агар он ҳуқуқи ягон нафарро вайрон кунаду суд низ инро эътироф кунад, пас аз блоггер талаб мекунанд, ки онро ҳазф кунад. Дар кишварҳое, ки ҳуқуқи инсон риоя намешавад, хусусан озодии сухан, механизми “премодератсия” истифода мешавад. Яъне иттилоот паҳн нашуда, даҳони гурӯҳҳои алоҳидаро мепӯшанд, ки нохост онҳо ягон сухани ба ягон мансабдор писанднамеомадаро нагӯянд. Ин яке аз шаклҳои сензура аст, ки мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

– Як блоггер чӣ тавр метавонад дар Тоҷикистон зиндагии шоиста дошта бошад?

– Мисли зиёда аз 9 миллион шаҳрванди Тоҷикистон! Агар манзуратон ёфтани даромад аз блогнависӣ бошад, пас ин ҷо низ механизмҳои гуногун мавҷуданд. Агар блогнавис машҳуртар гардад, метавонад дар блоги худ реклама ҷой диҳад, ё тариқи блоги худ хизматрасониҳои худро пеш барад. Вале агар мақсадатон маош бошад, бояд бигӯям, ки блог доштан барои худ кор кардан аст. Яъне ба ҷуз худат дигар касе ба ту барои пешбарии блогат маош ҷудо намекунад.

– Паҳлӯҳои манфии блоггинг кадомҳоянд?

– Чун ҳар ташаббусе, ки инсон аз пеши худ мегирад, ягон кафолате нест, ки маҳз блоги шумо хонандаи зиёд мегирад ва метавонед тариқи он “қути лоямути” худро ёбед. Агар мақсад ҳамин бошад, пас пешбинӣ кардани муваффақият кори мушкил аст, чунки ба ғайр аз доштани хоҳиши пешбарии блог боз малакаву донишҳои муайян дар сохтан ва бурдани блог зарур аст, ки ин худ як соҳаи фаъолияти касбии мутахассисони алоҳида ба ҳисоб меравад. Аммо, агар каму беш аз кори компютеру интернет инсон хабардор бошаду танҳо барои ибрози ақидаву фикри худ блог доштан хоҳад, пас ман дар ин кор паҳлӯи манфӣ намебинам.

– Ҷомеаи мо ба чӣ гуна блоггер ниёз дорад?

– Хуб мешавад, агар блоггер мутахассиси ягон соҳа бошад, то ки дар асоси донишу таҷрибаи худ ба ҳодисаву масъалаҳои гуногун баҳои касбӣ дода, бо забони фаҳмо аҳаммияти онҳоро маънидод карда тавонад.

– Яъне Шумо гуфтанӣ ҳастед, ки ҷавонони мо дар аввал ягон касби дигар интихоб кунанд, дар он соҳа донишу фаҳмиши зарурӣ пайдо карда, пасон ба блоггинг омада, баъд фикру ақидаашонро баён намоянд?

– Бале! Ман мехоҳам ҷавонон ба блоггинг на ҳамчун касб, балки ҳамчун шуғли алоҳида ва шавқовар назар кунанд. Ҳар қадар метавонанд, аз фурсати дар дасташон буда истифода бурда, худро созанд. Чунки дар ҷодаи изҳори ақида, ки блоггинг яке аз шаклҳои он мебошад, камолоти шахсияти блоггер ба сифати кори ӯ таъсири ҷиддӣ мерасонад. Яъне пас аз хатми мактаби олӣ ва мутахассиси соҳае шудан ба блоггинг омадан беҳтару хубтар аст, аз оне ки баъди таҳсилоти 11–сола меоем.

– 10–15 сол пеш мо чӣ будани блоггинг ва кӣ будани блоггерро намедонистем, ба фикри Шумо умри боқимондаи блоггинг чӣ гуна хоҳад шуд, яъне умри дароз дорад, бахусус дар Тоҷикистон?

– Агар сари мавзӯи блоггинг ва блоггероне, ки аз дохили Тоҷикистон истода, ба ин кор машғулмешуда суҳбат кунем, пас ояндаи он норӯшан аст ва ҳоло ҳеҷ чиз гуфта намешавад. Сиёсати амалишаванда дар соҳаи алоқа, ки сол аз сол интернетро ба як моли пастсифату гаронқиммат табдил дода, имконияти истифодаи онро маҳдуд мекунад, мавҷудияти на фақат блоггерон, балки умуман расонаҳои мустақилро зери суол мегузорад.

Аммо, агар ба назар гирем, ки кам нестанд ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар хориҷ умр ба сар мебаранд, пас аз ояндаи блоггинги тоҷикӣ хавотир нестам. Дар баъзе кишварҳои ҳамсояву аврупоиву Амрико, ки шаҳрвандони мо он ҷо ба кору таҳсил машғул буда, дастрасӣ ба интернети баландсифату арзон доранд, метавонанд бе монеа ба блогнависӣ машғул шаванд.

– Ба фикри Шумо кадом омилҳо ба рушди блоггинг дар Тоҷикистон мусоидат карда метавонанд?

– Барои рушди блоггинг, хусусан, агар сухан атрофи блогнависӣ дар мавзӯъҳои мубрам бошад, иҷрои якчанд шарт муҳим аст:

тафаккури интиқодӣ нисбати иттилооти истеъмолшаванда ва истифодаи ҳуқуқи худ барои ибрози ақидаи худ;

дастрасии васеъ ба Интернет ҳам аз нуқтаи назари нарху наво, ҳам паҳншавии интернет дар кишвар ва ҳам аз нуқтаи назари донишҳои базавии техникӣ дар истифодаи он ва сохтани муҳтаво барои нашр.

– Ба онҳое, ки ба ин соҳа омадан мехоҳанд, чӣ тавсия медиҳед? 

­ Яке аз аввалин “душманҳои” блоггер ин худи ӯст. Зеро тарсе, ки дар дили инсон мавҷуд аст, дар аксар маврид беасос ӯро аз инъикоси ягон ҳодисаи муҳим ё ибрози фикру ақидаи худ боз медорад. Барои ҳамин ҷавонон ноҳаросида, ба кор оғоз кунанд. 

Ҳеҷ гоҳ аз омӯзиш сарфи назар накардан. Агар ягон масъалае, ки дар бурдани блог, сохтани он ба миён меояду нофаҳмо бошад, тариқи Google ба зудӣ ҷавоб ёфтан мумкин аст. Истифода аз имкониятҳои смартфонҳо. Имрӯз барои блогнависиро шурӯъ кардан шарт нест, ки компютер дошта бошед. Сипас ин ки, бояд доимо аз болои рушди тафаккури интиқодӣ ва таҳлилии худ кор кард. Шубҳа ба иттилооте, ки мешунавед мояи омӯзиш аст. Тавоноии таҳлилӣ кардани он ба баровардани хулосаи ба ҳақиқат наздик мусоидат мекунад.

– Раҳмат барои суҳбат!

– Саломат бошед!


“Мактаби тиҷорат дар Душанбе”. Карина чӣ тавр ба мардум соҳибкориро меомӯзонад?




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21897"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["CODE"]=>
  string(71) "to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(115) "Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21569"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(76) "/tj/articles/talk/zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["CODE"]=>
  string(57) "zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(128) "“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20787"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/our_people/bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["CODE"]=>
  string(65) "bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20578"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14348"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/networks/energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["CODE"]=>
  string(57) "energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Другие новости