Ru  | Tj
Зебоиофар ва “шаклдиҳандаи ҳаёт”. Баҳром Маҳмадалиев дар бораи бурду бохти меъморӣ
Зебоиофар ва “шаклдиҳандаи ҳаёт”. Баҳром Маҳмадалиев дар бораи бурду бохти меъморӣ
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Зебоиофар ва “шаклдиҳандаи ҳаёт”. Баҳром Маҳмадалиев дар бораи бурду бохти меъморӣ

Нашр шуд

Меъмор кист, вазифаҳои он чист, меъмор то кадом андоза дар кишвари мо қадру қиммат дорад, чӣ гуна метавон меъмори муваффақ шуд, киҳо наметавонанд меъмор шаванд, чаро меъморӣ яке аз ихтисосҳои калидии замони муосир аст, меъмор чӣ гуна ва бо кадом қиммат фармоиш мегиред, дар зебоиофарӣ ва зебоидиҳии кишвар нақши меъмор то кадом андоза муассир аст, кадом намуди меъморон метавонанд зиндагии шоиста дошта бошанд, барои меъмор шудан кадом китобҳо ва кадом омилҳо мусоидат мекунанд ва роҳҳои омӯзиши ин касб кадомҳоянд? Ба ин ва дигар саволҳо меъмори дараҷаи  олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи техникии Юлдузи Туркия, донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ ва туркӣ ва муаллифи як қатор лоиҳаҳои калон Баҳром Маҳмадалиев посух мегӯяд.

 - Ба нафароне, ки намедонанд меъморӣ чӣ гуна касб аст, Шумо онро чӣ шарҳ медиҳед?

- Ҳамаи он чизе, ки муҳити зисти моро шакл медиҳанд, аз қабили хона, ҳуҷраи корӣ, бино, кӯча, роҳрав, боғ ва ғайраҳо, ки ба ҳаёти ҳар як шахс бевосита алоқамандии зич доранд, унсурҳои ташкилкунандаи меъморӣ мебошанд. Меъмор бошад, унсурҳои зикргардидаро дар як парадигмаи муайян, бо назардошти иқтидори хаёли худ шакл дода, ҷо ба ҷо намуда, муҳитро оро медиҳад. Агар кӯтоҳ гӯем, меъмор шаклдиҳандаи ҳаёт мебошад. 

- Кор кардан дар кадом намуди лоиҳаҳо орзуи ҳар меъмор аст?

- Ба фикрам лоиҳаҳое ба монанди осорхона, театр, марказҳои иҷтимоӣ,  бинои донишгоҳ, ки дар тӯли ҳаёт чунин лоиҳаҳо кам фармоиш дода мешаванд, орзуи ҳар меъмор шуда метавонанд. Илова ба ин, чунин лоиҳаҳо иқтидори зиёдтари зеҳнӣ ва эҷодиро талаб менамоянд, зеро барои чунин лоиҳаҳо алгоритмҳои зиёдро аз назар гузарондан лозим меояд.

- Дар як сохтмон саҳми кӣ зиёд аст: аз сохтмончӣ ё меъмор?

 - Меъмор ҳам бояд худро сохтмончӣ ҳисобад. Зеро ҳадафи ниҳоӣ, иҷроиши лоиҳа ва ба истифодабарии ҷомеа пешниҳод кардан мебошад. Саҳми ҳарду ҳам муҳим аст. Масалан, лоиҳа зебо набошад, сохтмончӣ онро мукаммал сохта натавонад ва аз натиҷаи он касе шод намешавад. 

- Ба назар менамояд, ки дар як кӯча ё гузаргоҳ биноҳои зиёди якхела месозанд, чаро?

- Ба фикрам ҷавоби ин дар табиати инсон пинҳон шудааст. 

Ягона паҳлӯи умедбахш ин қобилияти зеҳнӣ ва эҷодии инсон аст, ки фарқиятро ба миён меорад. Яъне барои аз қолаби якгунагӣ ва якхелагӣ берун баромадан, паҳлӯи эҷодӣ ва инфиродӣ аз паҳлӯи оммавӣ бояд вазнинтар бошад. Агар дар шаҳр ба ягон бинои фарқкунанда диққат диҳед, аниқ таҳиягари он ягон меъмори ҳирфаӣ мебошад.

- Хона гирифтан дар бинои “панелӣ” чӣ хубиву чӣ бадӣ дорад?

- Биноҳои “панелӣ” як тақозои замон буданд ва дар бисёр кишварҳои тараққикарда то ҳол ҳамчун системаи бартаридоштаи тезсохташаванда, сарфакунанда ва оммавӣ ба ҳисоб мераванд. Барои хонахар ягон бартарии хос надорад, яъне агар арзонии системаро ба назар нагирем. Бартарии асосиро барои сохтмончӣ ва барои иқтисодиёти давлат ҳисобидан мумкин. Аз камбудиҳои хонаҳои “панелӣ” ба фикри ман ин типпикунонӣ, яъне як биноро бо нусхаҳои бисёр сохтан мумкин, ки барои пешравии паҳлӯи эҷодии соҳа як зарбаи калон аст. Боз дар шароити имрӯза, ҳар як фард мехоҳад хонаи худро ба талабот ва хости худ мутобиқ намояд, ки инро асосан дар кӯчондани деворҳо ва дигаргун кардани андозҳои ҳуҷраҳо дида мешавад. Чунин амалро дар хонаҳои “панелӣ” иҷро намудан қариб, ки ғайриимкон аст.

- Меъмор дар замони мо чӣ вазифа дорад? 

- Вазифаи асосии меъмор бо яке аз вазифаҳои асосии ҳар як инсон баробар аст, ки ин зебоиофарӣ аст. 

- Меъмор чӣ гуна фармоиш мегирад?

- Меъмор ё ширкати шахсии худро бояд дошта бошад ё дар ягон ташкилоти лоиҳакашӣ фаъолият кунад, ки дорои иҷозатномаи лоиҳакашӣ бошад. Дар ин маврид, вобаста ба таҷриба ва обрӯи ташкилот, фармоишгар ба ин ё он ташкилоти лоиҳакашӣ дар асоси талаботи худ лоиҳаро фармоиш медиҳад. Дар баъзе ҳолатҳо меъморонро ба озмунҳои лоиҳакашӣ даъват менамоянд ва дар ҳолати ғолиб баромадани лоиҳаашон ба онҳо фармоиш дода мешавад.

- Бо маоши меъморӣ дар кишвари мо метавон шоиста зиндагӣ кард?

- Чаро не? Албатта, метавон. Дар боло зикр карда будам, ки меъмори хуб ҳаққи худро ҳатман меёбад.

- Меъмор ягон даромади иловагӣ дорад?

- Ин аз худи шахсият вобастагӣ дорад. Агар вақти холӣ ёфта тавонад, имкон ҳаст якчанд корро якбора пеш барад, ки ин ба ӯ даромади иловагиро медиҳад. Ё аз хориҷи кишвар тариқи интернет фармоиши корҳои иловагӣ вобаста ба иҷрои ягон ҷузъи лоиҳаҳои калонро гирад. 

- Шумо чӣ гуна касби меъмориро интихоб кардед? 

- Баъди хатми мактаб барои таҳсил дар ду донишгоҳи хориҷи кишвар ба воситаи супурдани имтиҳонҳо роҳхат гирифта будам. Баъди маслиҳату машварати зиёд бо падарам ва атрофиёни наздик ба хулосае омадам, ки ихтисоси меъмор ва Донишгоҳи техникии Юлдузи Туркияро интихоб кунам, зеро хуб медонистам, ки касби меъморӣ барои кишварамон яке аз ихтисосҳои зарурӣ аст. 

- Рӯзи Шумо чӣ гуна мегузарад?

- Аз соати ҳафти саҳар то шаши бегоҳ дар ҷойи кор дар сохтмони иншооти “Бӯстон Сити” сипарӣ мекунам. Корам як гурӯҳи меъморонро роҳбарӣ кардан аст. Нимаи аввали рӯз дар идора бо тарҳрезии лоиҳаҳо машғулам, яъне лоиҳаҳоеро, ки дар дурнамо бояд сохта шаванд, тарҳрезӣ мекунам. Баъди нимаи дуюми рӯз ба қисми сохтмон гузашта, кӯшиш мекунам ҳамаи намуди корҳоеро, ки мавриди сохтмон қарор доранд, назорат кунам.  

- Киро метавонем меъмори воқеӣ гуфт?

- Ҳар шахсеро, ки зебоипарвар ва зебоиофар аст. 

- Ҳамаи ихтисосҳо “карьерный рост” доранд, аз меъморӣ чӣ?

- Баландшавии вазифаи меъмор аз сохти ташкилоте, ки дар он кор мекунад вобаста аст. Масалан, дар сохторҳои давлатӣ баландшавии вазифа кори муқаррарӣ аст ва ягон монеа вуҷуд надорад. Меъмор метавонад аз мутахассиси қаторӣ дар ягон шӯъбаи меъморӣ ба сардори шӯъба, сардори раёсат ва ҳамин тавр, то сармеъмори ягон шаҳр ё ноҳия бирасад. Иловатан, меъмор бо фаъолияти самараноки худ ҳатто метавонад шояд муовини соҳавии раиси шаҳр ё ноҳия ва ё вазиру сарвазир ҳам шавад. 

- Дар ин самт Шумо таҷрибаи чандсола доред?

- Ман фаъолияти кориро аз давраи донишҷӯӣ оғоз кардам, ки то имсол аллакай 14 сол шуд.

- Ягон маротиба фикри аз ин касб рафтанро кардед?

- Ҷойи пинҳон нест, албатта замоне буд, ки аз ин касб рафтан мехостам. Аниқтараш мехостам барномасоз шавам.

Устод + шогирд = омӯзиш

- Барои меъмор шудан чӣ кор бояд кард? 

- Пеш аз ҳама шавқу завқ бояд дошт ва баъдан таълими ихтисосӣ гирифт.

- Дар куҷо метавон дар соҳаи меъморӣ таҳсил кард?

- Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва филиалҳои он.

- Киҳо метавонанд меъмор шаванд? 

- Ҳар шахсе, ки дар дил зебоипарвар бошад.

- Киҳо наметавонанд меъмор шаванд? 

- Онҳое, ки бо корҳои эҷодӣ машғул шудан намехоҳанд.

- Нақши устод дар омӯхтани ин касб чӣ аст?

- Барои омӯзиши ин касб устод бисёр нақши калидӣ дорад, зеро ӯ роҳи дурусту кӯтоҳтарини омӯзишро метавонад ба шогирд омӯзонад. Пасон, муҳассили ин соҳа бояд адабиёти соҳавиро бисёр мутолиа кунад, чунки меъморӣ ба ғайр аз шакле, ки мебинем, дар пушти пардаи он зеҳн, ғоя ва тафаккур пинҳон шудааст. 

- Хондани кадом китобҳо барои соҳибкасб шудан дар меъморӣ лозим ҳастанд?

- Худам, ки дар хориҷи кишвар таҳсил ва фаъолият намудаам, асосан бо адабиёти ғарб зиёдтар шинос ҳастам. Китобҳои меъморон ва таърихчиёни соҳа Витрувий, Ле Корбюзье, Джон Саммерсон, Рем Колхас, Колин Эллард, Лео Холлис ва ғайраҳоро мутолиа кардан аз фоида холӣ нест. 

- Омӯхтани меъморӣ душвор аст?

- Ҳар як ҳунар душвориҳои худро дорад. Ва муҳим инро аз аввал қабул кардан аст. Агар шавқу хоҳиш бошад, фикр мекунам, душворӣ ба назар наменамояд.

- Тавсияҳои шумо ба меъморони оянда чӣ аст? 

- Ба муҳити зист ва атроф зиёдтар ва ҷиддитар аҳамият диҳанд. Масъалаҳои экологиро аз давраи талабагӣ омӯзанд, зеро дар мубориза бо проблемаҳои глобалии иқлим саҳми меъмор хело ва хело муҳим аст. Хусусият ва нозукиҳои масолеҳи табиӣ, мисли санг, хок ва чӯбро хуб аз худ кунанд. Нақши асосиро дар меъморӣ инсон мебозад ва ҳама чиз барои инсон аст, пас инсонро хуб омӯзанд. 

Шарҳи ҳол

Маҳмадалиев Баҳром Набиҷонович 12 феврали соли 1983 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. 

Соли 2008 Донишгоҳи техникии Юлдузи Туркияро бо ихтисоси меъмор хатм кардааст. Забонҳои русӣ, англисӣ ва туркиро медонад. 

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.

Кор ва фаъолияти меҳнатӣ:

Солҳои 2002-2008-  Донишгоҳи техникии Юлдуз, Туркия

Солҳои 2007-2010-  Меъмор  лоиҳакаш  дар  Ширкати  сохтмонӣ-меъмории Замбак, ш. Истанбул, Туркия

Солҳои 2010-2011-  Мудири  бахши  ташкилотҳои  лоиҳакашӣ  дар  Раёсати сиёсат  дар  соҳаи  меъморӣ  ва  шаҳрсозии  Агентии сохтмон   ва   меъмории   назди   Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2011-2012-  Сармеъмори лоиҳаҳо дар ҶДММ “Таркиши фикрҳо”

Солҳои 2012 – 2014 -  Меъмор дар Ширкати сохтмонии Курк Иншоот, ш. Эрбил, Ироқ

Солҳои 2015-2015 -  Мутахассиси шӯъбаи сохтмони асосии Раёсати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Солҳои 2015-2016 - Солҳои 2016-2017- Сармеъмори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии 

“Душанбешаҳрсоз”

Муовини аввали директори Корхонаи воҳиди давлатии Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ ва лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” 

Муаллиф/муаллифи муштарак дар лоиҳаҳои асосӣ: 

1. Лоиҳаи Кампуси марказии Колеҷи Фатиҳ, Истанбул, Туркия – 2008с.

2. Лоихаи Факултаи курсҳои таёрӣ дар Донишгоҳи Қафқаз, Боку,  Озорбойҷон –2008с.

3. Лоиҳаи  Бинои  иҷтимоӣ  ва  хобгоҳ  барои  Донишгоҳи  Байналмиллалии Баҳри Сиёҳ, Тифлис, Гурҷистон –2009c.

4. Тарҳи  намои  Факултаи  муҳандисӣ  дар  Донишгоҳи  Эпока,  Тирана, Албания – 2009с.

5. Лоиҳаи Маркази фарҳанг, Оттава, Канада – 2009с.

6. Лоиҳаи  Маҷмааи  биноҳои  истиқоматии  “Бухоро  Палас”,  Душанбe  – 2010с.

7. Лоиҳаи Толори гуштингирӣ, Душанбе – 2011с.

8. Лоҳаи Маркази Шкода, Душанбе – 2012с.

9. Лоиҳаи Боғчаи кӯдакона дар маҳалаи Зарафшон, Душанбе – 2012с.

10. Лоиҳаи Маркази ташхисии “Нурафзо”, Душанбе – 2012с.

11. Ороиши  дохилӣ  ва  намои  Меҳмонхона  барои  Мудирияти  кулли амнияти Курдистон, Эрбил, Ироқ – 2013 с.

12. Лоиҳаи  ду  даромадгоҳ  барои  Парламенти  Курдистон,  Эрбил,  Ироқ  – 2013с.

13. Лоиҳаи  Маҷмааи  биноҳои  истиқоматӣ  дар  деҳаи  Корвон,  н.Рӯдакӣ  – 2015с.

14. Лоиҳаи Бинои истиқоматии 6 ошёна, Кӯлоб – 2015с.

15. Лоихаҳои ангоравии Нақшаҳои муфассали тарҳрезии  маҳалли шаҳраки 24,  12,  кӯчаи  Носиров,  шаҳраки  165,  қисмати  ҷанубу  ғарбии  буриши кӯчаи С. Айнӣ бо А. Дониш, Душанбе – 2016-2017с.


Осонкунандаи ҳаёти мардум ва хизматгори аҳли ҷомеа. Зиндагии аҷиби Ҳилола




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(135) "Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21897"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/talk/to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["CODE"]=>
  string(71) "to_iri_20_solai_muvaffa_amsolonam_boyad_muayyan_kunand_ki_ch_mekho_and_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "7051"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Тоҷири 20-солаи муваффақ. “Ҳамсолонам бояд муайян кунанд, ки чӣ мехоҳанд!”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(115) "Зайтуна Сайдуллоева:  “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "21569"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "14"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(76) "/tj/articles/talk/zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["CODE"]=>
  string(57) "zaytuna_saydulloeva_moro_meboyad_ki_in_olab_oro_shikanem_"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6942"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(4) "talk"
}
                        

Гуфтугӯ

Зайтуна Сайдуллоева: “Моро мебояд, ки ин қолабҳоро шиканем...”

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(128) "“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20787"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  NULL
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  NULL
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "12"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(90) "/tj/articles/our_people/bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["CODE"]=>
  string(65) "bargasht_ba_kori_d_stdoshta_zindag_va_kori_olibi_ta_mina_is_a_ova"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6685"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(10) "our_people"
}
                        

Одамони мо

“Баргашт ба кори дӯстдошта”. Зиндагӣ ва кори ҷолиби Таҳмина Исҳақова

                            array(16) {
  ["NAME"]=>
  string(110) "Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?"
  ["PREVIEW_PICTURE"]=>
  string(5) "20578"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE"]=>
  string(33) "Шабакаҳои иҷтимоӣ"
  ["PROPERTY_CATEGORY_VALUE_ID"]=>
  string(5) "14348"
  ["IBLOCK_SECTION_ID"]=>
  string(2) "15"
  ["DETAIL_PAGE_URL"]=>
  string(80) "/tj/articles/networks/energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist/"
  ["LANG_DIR"]=>
  string(4) "/tj/"
  ["ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["CODE"]=>
  string(57) "energetik_astronom_va_tar_ibgari_ilm_parvizi_orzu_ul_kist"
  ["EXTERNAL_ID"]=>
  string(4) "6618"
  ["IBLOCK_TYPE_ID"]=>
  string(8) "Analytic"
  ["IBLOCK_ID"]=>
  string(1) "4"
  ["IBLOCK_CODE"]=>
  string(8) "articles"
  ["IBLOCK_EXTERNAL_ID"]=>
  NULL
  ["LID"]=>
  string(2) "tj"
  ["SECTION_CODE"]=>
  string(8) "networks"
}
                        

Шабакаҳои иҷтимоӣ

Энергетик, астроном ва тарғибгари илм. Парвизи Орзуқул кист?

Другие новости