Ru  | Tj
Муҳиддин Сулаймонӣ: “Фикр намекардам, ки филмам соҳиби ҷоиза мегардад”
Муҳиддин Сулаймонӣ: “Фикр намекардам, ки филмам соҳиби ҷоиза мегардад”
Аксҳо: Аз қаҳрамони матлаб дастрас гардидааст

Муҳиддин Сулаймонӣ: “Фикр намекардам, ки филмам соҳиби ҷоиза мегардад”

Нашр шуд

Муҳиддин Сулаймонӣ яке аз коргардонҳои даврони истиқлол мебошад, ки ҳам дар таҳияи филмҳои тасвирию ҳунарӣ ва ҳам дар соҳаи журналистика муваффақ гардидааст. Филми тасвирии ӯ бо номи "Дӯсти беҳтарин" ба наздикӣ дар Ҷашнвораи филмҳои касбии миллӣ сазовори ҷоизаи “Беҳтарин филм” дар бахши филмҳои тасвирӣ гардид. Вобаста ба ҳамин мавзӯъ бо коргардон ва ҳамзамон корманди ТВ “Синамо" Муҳиддин Сулаймонӣ суҳбате доштем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагони сайти Halva.tj мегардонем.


– Мехостам бидонам, ки идеяи офаридани филми тасвирии "Дӯсти беҳтарин" чӣ гуна падид омад?

– Муаллимаи духтарчаам ҳикоя менависад ва ҳар гоҳ ки маро медид, ҳикояҳои худро барои сохтани филмҳои тасвирӣ пешниҳод менамуд. Чун мо хостем, ки вобаста ба тарғиби китобу китобхонӣ филми тасвирӣ таҳия намоем, ба он кас муроҷиат кардем ва он кас ҳикояи "Дӯсти беҳтарин"-ро ба мо доданд. Ҳамин тавр, мо аз паси кор шудем ва дар баробари китоб хостем дар филм боз либоси миллӣ ва зебоиҳои шаҳри Душанберо низ тарғиб намоем. Аз ин лиҳоз фикр мекунам, ки ҳамаи инро аъзои ҳакамон ба назар гирифта, дар Нахустин синамоҷоизаи миллии "Тоҷи Сомон" филми тасвирии мо – "Дӯсти беҳтарин" - ро сазавори ҷоиза донистанд.


– Вақте ки ба шумо ҷоизаи “Беҳтарин филми тасвирӣ”-ро тақдим карданд, чӣ эҳсос вуҷудатонро фаро гирифт?

– Дар баробари филми тасвирии мо, ки аз ҷониби Телевизиони "Синамо" пешниҳод шуда буд, боз дар ҷашнвора филмҳои дигари тасвирӣ аз ҷониби ҳамкоронамон Ҳусейн Чиллаев ва Фирдавс Насруллозода пешниҳод гардида буд, ки онҳо филмҳои бениҳоят пурмазмун ва хуб буданд. Аз ин лиҳоз тамоман фикр намекардам, ки маҳз филми тасвирии ман соҳиби ҷоиза мегардад. Ҳатто ман он лаҳзаҳоро сабт мекардам ва мунтазир будам бинам, ки ин ҷоизаро кадом филми тасвирӣ мегирад. Вақте ки номи маро хонданд, телефон дар дастам меларзид ва бовар карда наметавонистам. Ба ҳар ҳол, маро кафкӯбиҳои ҳамкасбон ба худ овард ва ба саҳна баромада, ҷоизаро гирифтам. Бисёр хушҳол аз он будам, ки ҳунари моро ҳам қадр карданд ва ман ба ин ҷашнвора умри дароз таманно дорам.


– Ба назари Шумо, чаро дар Тоҷикистон филмҳои тасвирӣ кам таҳия мегардад?

– Аввал ин ки офаридани филми тасвирӣ бисёр душвор аст, вале он подоши кам дорад. Ба истиснои он ҷоизае, ки ба мо доданд. Зеро дар замони соҳибистиқлолӣ ин аввалин ҷоизае буд, ки ба соҳаи аниматсия бахшида шуд. Ҷоизаи “Беҳтарин филми тасвирӣ” албатта подоши кам нест, вале он қадар заҳмате, ки мо барои офаридани филми тасвирӣ мекашем, дар ҷойи он метавонем як филми пурра ба навор гирем ва даромади бештар ба даст орем.


Мушкилии дигар нарасидани мутахассисони соҳа аст. То дирӯз мо дар Тоҷикистон мактаби сохтани аниматсиясозӣ надоштем. Хушбахтона, имрӯз мактаби аниматсиясозӣ бо роҳбарии Дилбар Алиева ба фаъолият шурӯъ кард. Гарчанде ки он ҳоло мактаби таҷрибавӣ аст, вале мо аз он умедҳои зиёд дорем.


Омили сеюм, нарасидани техникаву технологияи пурқудрат ва замонавӣ аст. Чунки он барномаҳое, ки мо барои сохтани филмҳои тасвирӣ истифода мекунем, на ҳар компютер тавони бардошташро дорад.


– Соли 2019 филми кӯтоҳи шумо бо номи "Шитоб" дар 72-юмин ҷашнвораи "Канн" роҳ ёфт. Иштирок кардан дар ин ҷашнвора ба ҷаҳонбинии Шумо чӣ таъсир гузошт?

– Вақте ки ба чунин ҷашнвора роҳ меёбед ва ширкат меварзед, худ як дараҷаи омӯзиш аст. Барои ман ҷолиб буд, донистани он ки чӣ тавр дар миёни 290 кишвари дунё филми мо ҳам ба ин ҷашнвора роҳ ёфтааст. Ман мехостам бинам, ки ҳамкорони хориҷии мо чӣ хел филмҳоро ба навор гирифтаанд ва донам, ки барои чунин ҷашнвораҳо кадом мавзӯъҳоро интихоб кардан мумкин аст. Аз ин лиҳоз андешаҳои ман бобати офаридани филм ба куллӣ тағйир ёфт.


– Айни ҳол шумо аз пайи банаворгирии филми нав ҳастед, бигӯед, ки ин чӣ филм аст?

– Аслан, филмҳоро ба жанрҳои ҷудо мекунанд, яъне ҳам филми ҳунарӣ аст ва ҳам филми мустанад. Ман ният дорам, ки ҳардуи ин жанрро омезиш дода, як филми телевизионӣ бо номи "Нури саҳна" таҳия намоям. Ин филм аз ҳаёт ва фаъолияти як нафар ҳунарманди маҳбуб ва бисёр ҳам шинохтаи тоҷик – Нурулло Абдуллоев қисса хоҳад кард. Дар ҳақиқат, устод Нурулло Абдуллоев нури саҳнаи тоҷик ҳастанд, чунки он кас ҳам дар театру соҳаи дубляж ва ҳам ровигию ҳамкорӣ бо синамои хориҷӣ хеле фаъол ҳастанд. Умедворам, ки филми хуб мебарояд ва мақбули бинандагон мегардад.


– Чаро баъд аз "Шитоб" дигар филм ба навор нагирифтед? Ин ба норасоии маблағ вобастагӣ дорад ва ё ба набудани хоҳиш?

– Ман дӯст намедорам он чизеро, ки тез ояду дер напояд. Аз ин хотир ман нисбати худ сахтгир шудам ва чунонки гуфтам, иштирок кардан дар ҷашнвора ҷаҳонбинии маро тағйир дод. Аз ин рӯ намехоҳам дигар ба мавзӯъҳои содаву обшуста даст занам. Ҳоло ба адабиёти ҷаҳон рӯ овардаам ва мехоҳам мавзӯеро барои офаридани филм интихоб кунам, ки мондагор бошад.


– Дар оянда чӣ нақшаҳо доред?

– Ҳоло нисбати ман сахтгирӣ зиёд шудааст ва аз ман талаб доранд, ки филми нав ба навор гирам. Дар баробари он ки ман дар шуъбаи "Филмҳои тасвирӣ" кор мекунам ва ҳар моҳ мувофиқи нақша бо гурӯҳи эҷодӣ бояд як ё ду филми тасвирӣ омода карда, пешниҳоди бинандагон гардонем, ҳамчунин барномаи "Мухлисон"-ро ҳам пеш бурдан лозим аст. Бо вуҷуди ин ман кӯшиш мекунам, ки боз рӯйи наворбардории як филми нав кор кунам.

– Дар ин ҷода мо ба Шумо барору комёбӣ мехоҳем!

- Саломат бошед!

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед