Ru  | Tj
Муҳиддини Музаффар: Ман аз тамошогарон умеди зиёде доштам
Муҳиддини Музаффар: Ман аз тамошогарон умеди зиёде доштам
Акс: Аз қаҳрамони мақола дастрас гардид

Муҳиддини Музаффар: Ман аз тамошогарон умеди зиёде доштам

Нашр шуд

Рӯзи 8-уми октябри соли равон филми ҳунарии «Дов» барои нахустин бор дар Ҷашнвораи байналмилалии «Пусан»-и Кореяи Ҷанубӣ дар бахши «Оинаи Осиё» намоиш дода шуду Тоҷикистонро муаррифӣ намуд. 17 октябр бо ҳузури беш аз ҳазор тамошогар рӯнамоии филм дар толори бузурги Хонаи синамои шаҳри Маскав дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва Иттиҳодияи синамогарони Русия доир гашт. Дар Маскав баъд аз анҷоми намоиш тамошогарон атрофи филм суҳбат оростанд. Ҳамин тавр, боз як филми диданӣ ба ганҷури синамои миллӣ ворид гашту саҳифаи наверо дар синамои тоҷик боз кард.

Муаллифи Halva.tj бо коргардони филм Муҳиддини Музаффар перомуни тавлид, дарунмояи филм ва мушкилоти синамои миллӣ суҳбат намуд.

- Ба қарибӣ филми ҳунарии «Дов» рӯйи пардаи синамо омад ва онро тамошогарон хуш пазируфтанд. Бигӯед, ки идеяи офаридани филм чӣ гуна пайдо шуд?

- Ин филм кори дипломии ман дар Донишгоҳи давлатии синамогарии Русия (ВГИК) аст. Филмномаро дар ҳамкорӣ бо Бахтиёр Каримов навиштем. Роҳнамоии лоиҳаро устод Валерий Аҳадов ба уҳда гирифтанд. Филм аз ҷониби киностудияи «Суғдсинамо» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Маркази продюсерии «Футура Магнум» офарида шуд.

Арзиши волои инсонӣ – дӯстии ҳақиқӣ маҳаки асосии филмро ташкил медиҳад. Ин қисса бошад, баргирифта аз рӯзҳои бачагии ман мебошанд. Аниқтараш ману бобоям, ки доим мегуфтанд:

«Подшооооҳи ман... Подшооооҳи худам... Подшоҳи ман...»


Бо ёди он лаҳзаҳо, аз дуриҳои дур садои мӯйсафед ба гӯшам мерасад. Ҳамчунин дар лойу гил ғӯтидани кафши резинии пойеро мешунавам. Пеши чашмони хоболуди мани кӯдак бо ҷомаи беқасаби кабуд дар сар тоқӣ бобоям падид меояд ва маро «Подшоҳи худам» гӯён пуштора карда, аз болои кати айвон, аз паҳлуи падару модарам гирифта бо худ мебарад. Тангкӯчаи тахмин садметраро, ки ҳавлии моро бо ҳавлии бобоям мепайвандад, тай мекунем. Субҳи барвақт асту ба ҳавлии бобо медароем. Чун ҳамеша радио садо медиҳад: «Ин ҷо Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон». Ва мусиқӣ шурӯъ мешуд. Бо бобо сари дастурхон менишинему субҳона мехӯрем.... Ин аст хотираи овони бачагиям, ки ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳаду он манзара пеши чашмонам меояд. Мисле, ки ҳамин субҳ ин воқеа такрор ёфта бошад. Гаштугузори мо бо бобо ширинтарин хотироти мананд. Бобоям баъд аз борон гаштанро меписандиданд ва то ҳол бӯйи он ҳаво аз димоғам нарафта...

Маҳз бо ҳамин саҳна филми ҳунарии «Дов» шурӯъ мешавад. Мӯйсафед «Подшоҳи худам» гӯён фарёд зада, ба сари кати наберааш меояд ва ӯро ҳамроҳ мебарад. Ӯ Қаҳҳори санъаткор аст, ки бо тақозои рӯзгор ба ҳайси харроти корхонаи қисмҳои эҳтиётии автомобилҳо фаъолият дорад. Ин воқеаи соли 1993 аст. Рафиқони дерина – Қаҳҳор ва Маннон рӯзона дар корхонаанду шабона дар тӯйҳо бо ҳофизӣ пул кор мекунанд. Замоне ҳарду санъаткори Кохи фарҳанг буданд, тангии зиндагӣ онҳоро ба ин роҳ оварда.


- Аммо лоторея сабаби нифоқи дӯстони ҷонӣ мегардад, миёнашон зиддият ба амал меояд...

- Бале, ин тазод аст. Гӯё бахт ба рӯйи Қаҳҳор хандиду мошин бурд кард, вале дӯсти ҷонияшро аз даст дод ва ҳамин мошин сабабгори бадбахтиҳои басарашомада низ шуд. Дар баробари аз даст додани дӯсти дерина, Қаҳҳор ҳақиқати дигарро дарёфт. Писари дӯстдораш Азизҷон, ки бо нияти таҳсил ба Русия ба консерватория рафта буд ва падар барои писар бо нӯги сӯзан маблағ ҷамъ карда мефиристод, ба аробакашӣ машғул будааст. Падар мехост бо дидани писари овозхонаш армон шиканад, вале писар падарро фанд медиҳад. Алам болои алам. Инро Қаҳҳор бардошт карда натавонист...

- Маннон аз Қаҳҳор рӯ тофта бошад ҳам, дар дӯстӣ содиқ мемонад. Муроди шумо аз ин чӣ буд?

- Маннон ҳангоми дуздии оҳанпораҳо ба даст меафтад. Бояд бигӯям, ки Маннон табиатан дузд набуд. Мутаассифона, ӯро ночорӣ ба ин роҳ бурд, зеро барои табобати ягона духтараш ба маблағ эҳтиёҷ дошт. Барои харидани ҷони фарзанд даст ба ин кори ношоиста заду ба даст афтод. Маълум, ки ӯ дар ин кор шарик ҳам дорад ва ӯ Қаҳҳор аст. Вале Маннон тамоми ранҷу озорҳоро таҳаммул кардаву номи дӯст ифшо накард. Дар навбати худ, охирин тақозои Қаҳҳори беморе, ки аз сухан монда буд, дидори Маннон аст.


Бояд бигӯям, ки бо вуҷуди аз ҳам дур будан – яке дар кунҷи зиндон, дигаре дар бистари беморӣ, дӯстон ба ҳам содиқ монданд ва муроди мо ҳам нишон додани ҳамин садоқат буд.

Ба ҷуз ин, филми ҳунарии «Дов» ҳаёти мардумро дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ бозгӯ менамояд, ки ҳама як мушкил доштанд.

- Шояд яке аз сабабҳои гарм пазируфтани филми ҳунарии «Дов» аз ҷониби тамошогарон интихоби ҳунармандон бошад, ки ҳама ҳирфаӣ ҳастанд. Дигар ин ки филм дар куҷо наворбардорӣ шуд?

- Воқеан, дастаи пурқуввати ҳунармандон ба бахти мо дар филми ҳунарии «Дов» нақшофарӣ карданд. Аз иҷрокунандагони нақшҳои марказӣ устод Абдумумин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукуров то Исфандиёр Ғуломову Аҳмадҷони Қутбиддин, Фирӯза Раҳмоноваву Оимхол Қаюмова ва Хушрӯзҷон Эргашев. Барои ман ҳамчун коргардон кор кардан бо инҳо ҳам осон буду ҳам роҳатбахш. Дар яке аз саҳнаҳои ҷангӣ ҳунарпешагон ончунон вориди образ шуданд, ки яке бинии дигарашро захмӣ ва зарурат ба пардози чеҳра намонд.

Майдони наворбардорӣ бошад, шаҳраки Вокзали шаҳри Конибодом ва шаҳраки Нефтободи шаҳри Исфара интихоб шуд. Филм моҳҳои апрелу майи соли гузашта дар зарфи 48 рӯз дар ҳамин ду шаҳр рӯйи навор омад.


- Шумо дар рӯзи нахустнамоиш гуфтед, ки роҳи оҳанеро, ки дар филм омадааст, сохтед. Ин кор чӣ гуна даст дод?

- Агар кӯтоҳ гӯям, бо кумаки Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм». Зимнан, ин аввалин ҳамкории ман бо «Тоҷикфилм» буд ва «Дов» дар асоси заминаи техникии он таҳия гардид. Барои тими «Суғдсинамо» бо мутахассисони таҷрибадоре назири наворбардор-таҳиягар Абдукарим Уроқов, рассоми либос Шуҳратҷон Камолов, нурпардоз Нуралӣ Раҷабов ва садобардор Амридин Ибодов кор кардан собиқаи хубе шуд.

- Бо вуҷуди истиқболи гарми мардум аз филм, намоишм он ончуноне, ки интизор будед, барпо нашуд ва шахсан дар ин маврид андешаҳоятонро низ баён доштед. Мехоҳам суҳбатро дар ин хусус идома диҳем.

- Бале. Ман аз тамошогарон умеди зиёде доштам. Гумон мекардам рӯзҳои намоиш дари кинотеатрҳо пур аз одам мешавад, аммо нашуд. Ман ҳам ба қавле кафидаму он чи дар дил доштам, гуфтам. Худ қазоват кунед, вақте тамошогар барои дидани филм намеояд, он ба кӣ даркор? Мо мехоҳем фазои холии синаморо ба ҳар навъе пур созем, аммо бо кӣ? Мо, аққалан, бояд донем, ки тамошогар маҳсули эҷоди моро чӣ гуна қабул мекунад. Чиро бояд минбаъд ислоҳ намоем? Мардум аз мо чӣ мехоҳад?


Он чӣ гуфтам, дарди на танҳо ман, балки ҳар филмбардору ҳунарманд аст. Мутаассифона, завқи синамоии мардум коҳидааст. Барои онҳоро ба синамо моил кардан чӣ корҳое анҷом надодед. Кӯшидем нахустнамоишҳо дар шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Конибодом ба ҳадди имкон дар сатҳи баланд таҷлил гардад, аммо... Синамои миллӣ имрӯз ба дастгирӣ ниёз дорад. Агар эҳёи онро мехоҳем, бояд дар бари синамогарон бошем. Вагарна як асри дигар аз давраи тиллоии рушди синамои тоҷик – замони шӯравӣ ёд меорему халос. Онҳо барои дирӯз заҳмат кашиданд, мо барои имрӯз бояд коре кунем, то фардоиён роҳи моро идома диҳанд.


 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед