Ru  | Tj
240 оила дар шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

240 оила дар шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

240 оила дар шаҳри Хоруғ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ хати оби ошомиданиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Ба маълумоти Хадамоти матбуоти Президент, имрӯз дар Хоруғ барои сокинони маҳаллаи Баракат ва як қисми кӯчаи Карамшои ин шаҳр хати оби нӯшокӣ ба истифода дода шуд.

Гуфта мешавад, ки татбиқи лоиҳаи азнавсозии хати оби нӯшокӣ соли 2019 оғоз гардида буд ва пас аз амалишавии он 240 оила аз ду маҳаллаи маркази вилоят бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд.

Лоиҳа дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои ҳукумат бо шарикони рушд амалӣ гардида, ҳазинаи он тақрибан 3 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Об аз ҷуқурии 20 метр бароварда шуда, дар масофаи 1100 метр ба сокинон дастрас карда шудааст.

Ин дар ҳолест, ки норасоии оби ошомиданӣ дар шаҳри Хоруғ яке аз мушкилоти асосӣ маҳсуб меёбад. Ҳанӯз ҳам тадбирҳо ҷиҳати бо оби нӯшокӣ таъмин намудани мардум идома дорад ва гуфта мешавад, ки ҳамагон дар ояндаи наздик аз имконоти беҳтари хизматрасонӣ дар ин самт баҳрабар мегарданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари корӣ дар ВМКБ қарор дошта, имрӯз дар шаҳри Хоруғ як қатор иншоотҳои ҷашниро ифтитоҳ намуд.




Мардуми Роштқалъа минбаъд барои пардохти пули барқ аз системаи билингӣ истифода мебарад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед