Ru  | Tj
Аҳмади Масъуд ба Толибон шарт гузошт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аҳмади Масъуд ба Толибон шарт гузошт
Акс: Pasbanan

Аҳмади Масъуд ба Толибон шарт гузошт

Нашр шуд

Роҳбари Ҷабҳаи муқовимати Панҷшер Аҳмад Масъуд имрӯз бо як баёнияи худ ба Толибон* шарт гузошт, ки дар сурате ӯ аз сиёсат канор меравад, ин гурӯҳ дар идораи давлат як ҳукумати фарогир таъсис дода, озодӣ ва баробарҳуқуқии шаҳрвандони мамлакатро таъмин кунанд.

«Агар толибон ният дошта бошанд, ки ҳукуматро бо ҳама тақсим кунанд ва адолатро барқарор намоянд, баробарҳуқуқӣ ва озодиро ба ҳама дар Афғонистон манзур намоянд, он вақт ман қафо гашта, аз сиёсат канор меравам», — зикр намуд Масъуд.

Ӯ ин назароташро дар сӯҳбат бо Foreign Policy баён доштааст. Мувофиқи иттилоъ Аҳмад Масъуд гуфтааст, ки зимни иҷрои ин шарт аз ҷониби радикалҳо ҷангро бас карда, аз сиёсат канор меравад.

Ба таъкиди манбаъ Масъуд аз хориҷа ягон дастгирии молиявӣ надорад, вале бисёр давлатҳои минтақа ҷонибдори размандагонанд.

Панҷшер — музофоти ягонаи Афғонистон аст, ки Толибон онро зери назорат надоранд. Ин минтақа макони ҷамъшавии собиқ нерӯҳои ҳукуматӣ гардидааст.

Ҳамчунин Толибон кӯшиш доранд, ки масъалаи таслими Панҷшерро чӣ бо роҳи дипломатӣ ва чӣ бо роҳи ҳуҷум ҳал намоянд. Қаблан онҳо ба яке аз гузаргоҳҳои аввалин ҳуҷум карданд, вале нерӯҳои ҷабҳа тавонистанд ҳуҷумро гардонанд.

*Ҳаркати мамнуъ дар Тоҷикистон

Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ: “Ҷомеаи байналмилалӣ бояд бо Толибони афғон дар тамос бошад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед