Ru  | Tj
Афзоиши ҷарима барои нақзи қоидаҳои нави кашидану фурӯши сигор дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Афзоиши ҷарима барои нақзи қоидаҳои нави кашидану фурӯши сигор дар Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Афзоиши ҷарима барои нақзи қоидаҳои нави кашидану фурӯши сигор дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон ҷарима барои сигоркашӣ дар ҷойҳои таъйиннашуда се баробар афзоиш ёфт.

Инчунин дар ин кишвар барои фурӯхтани сигор, маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ аз витринаҳои боз ҷарима ҷорӣ карда шуд.

Ҷарима барои тамокукашӣ дар ҷойҳои таъйиннашуда дар Тоҷикистон тақрибан се баробар афзоиш ёфта, барои фурӯши сигор, маҳсулоти тамоку ва воситаҳои электронии никотин (вайп) аз витринаҳои кушод низ ҷарима ҷорӣ гардид.

Ин муқаррарот дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон илова карда шудааст.

Хабаргузории ТАСС бо такя ба пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Тоҷикистон хабар дод, ки  ҳамакнун барои кашидани тамоку ва сигорҳои электронӣ дар ҷойҳое, ки барои ин мақсад пешбинӣ нашудаанд, ҷарима ба маблағи аз 216 то 360 сомонӣ пешбинӣ мешавад, ки қаблан ҷаримаи он аз 72 то 144 сомонӣ буд.

Гузашта аз ин, сигоркашӣ дар Тоҷикистон натанҳо дар бинои бемористонҳо, муассисаҳои таълимӣ, идораҳо ва даромадгоҳи биноҳои истиқоматӣ, балки дар мошини шахсӣ, агар дар он кӯдакон ё занони ҳомиладор бошанд, манъ аст.

Дар баробари ин барои фурӯши маҳсулоти тамоку ва сигорҳои электронӣ "бо намоиши онҳо дар нуқтаҳои савдои чакана", соҳибкорони инфиродӣ аз 7200 то 14400 сомонӣ ва шахси ҳуқуқӣ аз 14400 то 21000 сомонӣ ҷарима баста мешавад.

Дар таҳрири қаблии Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин ҷазо пешбинӣ нашуда буд.
 
Бояд гуфт, ки соли 2023 дар Тоҷикистон қонун «Дар бораи маҳдуд кардани истеъмоли маҳсулоти тамоку» хеле сахттар карда шуд. Аз ҷумла, гузоштани аломатҳои гуногун дар қуттиҳои тамоку, ки метавонад ба харидор иттилооти бардурӯғ диҳад, манъ шуд.

Инчунин дар қуттӣ гузоштани тасвир дар бораи зарари тамокукашӣ ҳатмӣ шуда, фурӯши донаии сигор манъ аст.

Бино ба гузориши пойгоҳи The Tobacco Atlas, ки истеъмоли тамокуро дар ҷаҳон таҳлил мекунад, дар Тоҷикистон ҳамасола ҳудуди 5 ҳазор нафар аз пайомадҳои тамокукашӣ мефавтанд. Тибқи ин арзёбӣ, дар Тоҷикистон то соли 2019 тақрибан 16,9% мардон ва 1,3% занон мунтазам тамоку мекашанд. 

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед