Ru  | Tj
Ғалабаи Фаридун Одилов ва ваъдаи Ҳабиб ба тоҷикон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ғалабаи Фаридун Одилов ва ваъдаи Ҳабиб ба тоҷикон
Расм аз newsmma.net

Ғалабаи Фаридун Одилов ва ваъдаи Ҳабиб ба тоҷикон

Нашр шуд

Варзишгари тоҷик Фаридун Одилов бар зидди варзишгари Русия Сергей Калинин дар мусобиқаи лигаи EFС ғалабаро ба даст овард.

Муҳориба барои ба даст овардани камарбанди Лигаи EFC баргузор гашт ва варзишгари тоҷик соҳиби ин камарбанд шуд. Ба ғайр аз муҳорибаи Фаридун бо Сергей боз аз 13 муҳорибаи касбии дигар низ, мухлисон дар ин шом баҳравар шуданд.

Мусобиқаи Лигаи EFC 33 дар шаҳри Москва баргузор гардид, ки яке аз сарпарастонаш чемпиони мағлубнашудаи UFC Ҳабиб Нурмагомедов мебошад. 

Фаридун Одилов барои имкони иштирок ва дастгирӣ аз Ҳабиб Нурмагомедов ва аз ҳамватанонаш миннатдори намуд. Ҳабиб Нурмагомедов бошад, дар навбати худ, ки миёни ҷавонони тоҷик ҳаводорони зиёд дорад, дуруд гуфта ваъда дод, ки моҳи августи фасли тобистон ингуна муҳориба дар Душанбе ташкил мекунад.

Футболбози тоҷик ба Аврупо меравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед