Ru  | Tj
Қазоқистон содироти шакарро то охири тобистон манъ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон содироти шакарро то охири тобистон манъ мекунад
Акс: РИА Новости

Қазоқистон содироти шакарро то охири тобистон манъ мекунад

Нашр шуд

Қазоқистон содироти шакарро то охири тобистон манъ мекунад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки талаботи Қазоқистон ба шакар дар мавсими тобистон пурра қонеъ карда шавад. Дар ин бора Kazinform бо истинод ба хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар медиҳад.

Ин манбаъ менависад, ки дар ҷаласаи Комиссияи байниидоравии сиёсати савдои хориҷӣ ва ширкат дар созмонҳои байналмилалии иқтисодӣ, ки 6 май таҳти раёсати Серик Ҷумангарин, муовини сарвазири Қазоқистон баргузор шуд, масъалаи таъмини бозори дохилии ин кишвар бо қанд то ба бардоштани ҳосили нави лаблабу баррасӣ шуд.

Дар ин ҷаласа зикр шуд, ки бақияи захираи шакар дар анборҳо ва ҳаҷми воридоти ин маҳсулот ба Қазоқистон ҳудуди 256 ҳазор тонна аст, ки нисфи ниёзи солонаи кишварро (500-550 ҳазор тонна) ташкил медиҳад.

“Масрафи моҳонаи шакар ба ҳисоби миёна 46 ҳазор тонна ва дар тобистон то ба 60 ҳазор тонна мерасад. Захираи мавҷудаи қанд барои пурра таъмин кардани талаботи кишвар ба шакар то ҳосили нав кофӣ аст”,-гуфт Эрбол Тасҷуреков, муовини вазири кишоварзии Қазоқистон.

Дар баробари ин, ҷониби Қазоқистон тасмим дорад, ки бо Русия барои афзоиши саҳмияи воридоти шакар дар ҳаҷми 100 ҳазор тоннаи дигар музокирот кунад.

Дар ҷаласаи ин коргурӯҳ тасмим шуд, ки бо мақсади таъмини талаботи дохилии Қазоқистон бо қанд, ки содироти шакар аз ин кишвар ба кишварҳои сеюм, аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё то 31-уми августи соли ҷорӣ муваққатан манъ карда шавад. Гуфта мешавад, ки ин иқдом ба транзити байналмилалии шакар аз қаламрави Қазоқистон рабт надорад.
 
Хотиррасон мекунем, ки Русия низ содироти қанд ва сахарозаро аз ин кишвар муваққатан манъ кардааст. Дар ин баробар содироти шакар аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар ҳаҷми муайян имконпазир хоҳад шуд. Ба Арманистон 28 ҳазор тонна, Беларус 5 ҳазор тонна, Қазоқистон-120 ҳазор тонна ва ба Қирғизистон 28,5 ҳазор тонна иҷозат дода шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед