Ru  | Tj
Ҳамлаҳои Исроил ба Рафаҳ. Дар ҷануби Ғазза 22 кас, аз ҷумла 18 кӯдак кушта шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ҳамлаҳои Исроил ба Рафаҳ. Дар ҷануби Ғазза 22 кас, аз ҷумла 18 кӯдак кушта шуданд
Акс: аз манбаъҳои боз

Ҳамлаҳои Исроил ба Рафаҳ. Дар ҷануби Ғазза 22 кас, аз ҷумла 18 кӯдак кушта шуданд

Нашр шуд

Мақомоти беҳдоштии Ғазза гуфтанд, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил ба шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Ғазза 22 кас, аз ҷумла 18 кӯдак кушта шудаанд.

Расонаҳо бо истинод ба масъулони бемористони Кувайт дар наздикии маҳалли ҳамлаҳо гузориш додаанд, ки дар ҳамлаи аввал як мард, ҳамсараш ва кӯдаки сесолаашон кушта шудаанд.

Ба гуфтаи масъулони бемористон, ин зан ҳомила буд ва пизишкон бо анҷоми ҷарроҳии қайсарӣ кӯдакро наҷот додаанд.  Дар ҳамлаи дувум 17 кӯдак ва ду зан аз як хонаводаи бисёрфарзанд ҷони худро аз даст доданд.

Исроил тақрибан ҳар рӯз бо ҳамлаҳои ҳавоӣ Рафаҳро ҳадаф қарор дода, беш аз нисфи аҳолии 2,3 милённафарии аҳолии Ғазза паноҳ бурдаанд.

Ин кишвар мегӯяд, ки қасд дорад ҳамлаҳои заминиро алайҳи Ҳамос густариш диҳад.

Бинёмин Натанёҳу, нахуствазири Исроил, дар баёнияе гуфт: "Дар рӯзҳои наздик мо фишори сиёсӣ ва низомиро болои Ҳамос афзоиш хоҳем дод, зеро ин ягона роҳи бозгашти гаравгонҳо ва ба даст овардани пирӯзӣ аст. Мо ба зудӣ ба Ҳамос зарбаҳои дардноктар хоҳем зад".

Ба гуфтаи мақомоти беҳдоштии Ғазза, бар асари ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза беш аз 34 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд ва дастикам аз се ду ҳиссаи онҳо кӯдакону занон мебошанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед