Ru  | Tj
Кумитаи рухдодҳои фавқулода: Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон панҷ кӯдак ғарқ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи рухдодҳои фавқулода: Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон панҷ кӯдак ғарқ шуд
Акс: Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Кумитаи рухдодҳои фавқулода: Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон панҷ кӯдак ғарқ шуд

Нашр шуд

Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар шабонарӯзи гузашта дар ин кишвар шаш кас, аз ҷумла панҷ кӯдак ғарқ шуда, ба ҳалокат расиданд.

Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар 24 соати охир дар Тоҷикистон шаш ходисаи ғарқшавӣ рух дод, ки он анҷом ёфт. Аз ҷумла панҷ кӯдак ғарқ шудааст, ки ҳамаи онҳо дар наздикии обанборҳо бе назорати калонсолон буданд.

Ҳамин тавр рӯзи 20-уми апрел тахминан соати 17:30-дақиқа, сокини 2-солаи ноҳияи Шаҳритӯси вилояти Хатлон аз беэҳтиётии волидонаш аз хона баромада, ғайб зад. Ба гуфтаи наздиконаш, ноболиғ шояд ба ҷӯй афтода, ғарқ шудааст. Гурӯҳи наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар вилояти Хатлон фавран ба ҷойи ҳодиса рафта, ба корҳои ҷустуҷӯйӣ оғоз карданд. Дар ҳоли ҳозир ҷустуҷӯйи ҷасади писарбача идома дорад.

Ҳодисаи дувум низ дар вилояти Хатлон рух додааст. Рӯзи 20-уми апрел сокини 17-солаи шаҳри Бохтар ҳамроҳи ҳамсинфонаш аз ҳудуди деҳаи Загерти ҷамоати деҳоти Ваҳдати шаҳри Леваканд убур карда, дар назди дарёи Вахш барои истироҳат омадаанд. Ин наврас аз сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарё афтода, ғарқ шудааст. Ғаввосони Кумитаи рухдодҳои фавқулода ҷасади наврасро пайдо карда, ба волидонаш супурданд.

Ҳодисаи севум дар минтақаи Рашт рух додааст. Рӯзи субҳи 21-уми апрел як сокини 17-солаи деҳаи Ғарми ноҳияи Рашт худро аз пули Сари Пул ба дарёи Сурхоб партофтааст. Пас аз дарёфти иттилоъ наҷотдиҳандагони Кумитаи рухдодҳои фавқулода дар минтақаи Рашт дар 18 километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ҷасади духтарро кашф ва ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ супурдаанд.

Ҳодисаи чорум рӯзи 21-уми апрел соати 14:21 рух дода, сокини 6-солаи деҳаи Гулободи ҷамоати деҳоти А.Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав низ аз беэҳтиётӣ ба ҷӯйи селпартои Долонсой афтодааст. Пас аз анҷоми корҳои ҷустуҷӯйӣ ҷасади ӯро аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Б.Тошев, ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода пайдо карданд.

Ҳодисаи панҷуми фалокатбор рӯзи 21-уми апрел дар шаҳри Турсунзода рух додааст. Сокини 10-солаи деҳаи Шулуми ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода, ки бе назорати волидайн монда буд, ба селпартои Говмеш афтодааст. Дар натиҷаи корҳои ҷустуҷӯйӣ ҷасади ин кӯдакро дар деҳаи Шарқиён, ҷамоати деҳоти «10-солагии Истиқлоли давлатӣ»-и шаҳри Турсунзода, аз дарёи Қаратоғ пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд.

Ҳодисаи охирин дар шимоли Тоҷикистон рух додааст. Як сокини 60-солаи деҳаи Маданияти ноҳияи Ҷ. Расулови вилояти Суғд бинобар риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ба дарёи Сир афтода, ғарқ шудааст. Ҷасади ӯро соати 16:25 дақиқа пайдо карда, ба кормандони пулис супурдаанд.

Тибқи иттилоъи Кумитаи рухдодҳои фавқулодаи Тоҷикистон, соли гузашта ҳангоми оббозӣ дар рӯдхона ва кӯлҳои ин кишвар 181 кас ғарқ шудаанд.

Дар ин миён З5 кас аз ғарқшудагон кӯдакони синнашон то 10-сола ва 40 нафараш наврасони аз 11 то 16-сола буданд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед