Ru  | Tj
Қариби 58 ҳазор сомонӣ: Афзоиши ҷарима барои нақзи қонуни танзим дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қариби 58 ҳазор сомонӣ: Афзоиши ҷарима барои нақзи қонуни танзим дар Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Қариби 58 ҳазор сомонӣ: Афзоиши ҷарима барои нақзи қонуни танзим дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин ба баъд барои нақзи қонуни танзими ҷашну маросим, аз ҷумла қоидаҳои баргузории тӯй, истиқболи ҳоҷиён ва маросими дафн ҷаримаи ҳангуфт пардохт хоҳанд кард.

Дар Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, аз ҷумла танзими тартиби баргузории ҷашну маросимҳои гуногун ба иҷро даромад. Матни ин дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» чоп шудааст.

Тибқи ин қонун, тағйирот ба моддаи 481-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд. Барои нишон додани маблағи ҷарима нишондиҳанда барои ҳисобҳо (НБҲ) истифода шудааст, ки аз 1 январи соли ҷорӣ ба 72 сомонӣ баробар аст.

Ҳамин тариқ барои хабар надодан ба мақомоти маҳаллӣ аз нияти баргузории ҷашну маросим, инчунин барои тақсими пул ҳангоми баргузории чорабиниҳо ҷарима ба андозаи 720 сомонӣ ситонида мешавад.

Барои вайрон кардани тартиби баргузории зодрӯз, хатнасур ва дигар расму оинҳои марбут ба таваллуди кӯдак ва маросими дафн шахсони воқеӣ ба маблағи 8640 сомонӣ ва шахсони мансабдор ба маблағи 25 200 сомонӣ ҷарима хоҳанд шуд.

Инчунин барои риоя накардани шумораи меҳмонони даъватшуда, вақт ва давомнокии ҷашн, шахсони воқеӣ ба маблағи 15 ҳазору 840 сомонӣ ва шахсони мансабдор ба маблағи 39 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Дар баробари ин ба моддаи 481 меъёр дар бораи риояи тартиби баргузории расму оинҳои марбут ба умра ва ҳаҷ такмил карда шуд.

Барои риоя накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра (берун аз доираи оила), ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, ба шахсони воқеӣ ба андозаи 21 ҳазору 600 сомонӣ ва ба шахсони мансабдор ба андозаи 57 ҳазору 600 сомонӣ ҷарима таъйин карда мешавад.

Гуфтанист, қонун дар бораи танзими ҷашну маросим дар Тоҷикистон моҳи июни соли 2007 мавриди амал қарор гирифт. Ин қонун бо мақсади маҷбур кардани аҳолӣ ба сарфаи маблағ ҳангоми баргузории ҷашну маросимҳо қабул шудааст.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед