Ru  | Tj
Ашраф Ғанӣ барои фирораш аз мардуми Афғонистон узр пурсид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ашраф Ғанӣ барои фирораш аз мардуми Афғонистон узр пурсид
Акс: Интернет

Ашраф Ғанӣ барои фирораш аз мардуми Афғонистон узр пурсид

Нашр шуд

Ғанӣ бори дигар маълумот оид ба бо худ бурдани миллионҳо доллари мардуми Афғонистонро рад карда, чунин айбдоркуниҳоро нисбати худ беасос хонд.

Ба иттилои "Интерфакс", рӯзи 8-уми сентябр собиқ Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ аз ҳамватанони худ ҷиҳати оҷиз мондан дар тағйир додани вазъ дар Афғонистон ва ба дасти "Толибон" (созмони террористии мамнӯъ дар ҶТ) гузаштани кишвар бахшиш пурсид.

"Аз мардуми Афғонистон узр мепурсам, ки вазъиятро ба таври дигар тағйир додан натавонистам. Пайравии ман аз мардуми Афғонистон устувор аст ва он то охири умр боқӣ мемонад",- арз доштааст Ғанӣ.

Собиқ Президент қайд намудааст, ки тарк кардани шаҳри Кобул барояш басо душвор буд, аммо ба андешаи ӯ, ин ягона роҳи пешгирии хунрезӣ буд.

"Ман қарор кардам, ки ин ягона роҳи наҷот додани Кобул ва 6 миллион аҳолии он аст", - шарҳ дод Ашраф Ғанӣ.

Ёдовар мешавем, ки ҷангиёни ҳаракати "Толибон" (мамнӯъ дар ҶТ) моҳи июл-август ба навбат қариб ҳамаи музофотҳои Афғонистонро забт карданд ва 15-уми август вориди Кобул шуданд. Дар натиҷа Ашраф Ғанӣ ва дигар аъзоёни ҳукумати ӯ аз кишвар фирор намуданд.




Ағбар: Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед