Ru  | Tj
Дар Тоҷикистон насби панелҳои офтобӣ дар иншооти сохташаванда ҳатмӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон насби панелҳои офтобӣ дар иншооти сохташаванда ҳатмӣ шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Дар Тоҷикистон насби панелҳои офтобӣ дар иншооти сохташаванда ҳатмӣ шуд

Нашр шуд

Кумитаи меъморӣ ва сохтмонсозии ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки аз ин  баъд дар иншооти сохташаванда манбаъҳои ҷойгузини таъмини неруи барқ насб карда шаванд.

Дар ин бора фармоиши Низом Мирзозода,  раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонсозии  ҳукумати Тоҷикистон 29-уми марти соли равон ба имзо расидааст.

Тибқи санаде, ки дар расонаҳои иҷтимоъӣ нашр шуд, аз 1-уми апрели соли 2024, сарфи назар аз шакли моликият ва манбаъи сармоягузорӣ, ҳангоми лоиҳакашӣ ва ба истифода додани сохтмон (бино)-ҳо, иншооти сохташаванда ва таҷдидшаванда дар баробари таъмини шабакаҳои анъанаии мутамаркизи барқ, насб кардани системаҳои таъмини неруи офтобӣ бо назардошти захираи неру ҳадди ақал барои 1 рӯз ҳатмӣ аст.

Ба феҳристи чунин иншоот муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ, сохтмонҳои маъмурию ҷамъиятӣ ва бунгоҳҳои варзишӣ дохиланд. Бо вуҷуди ин неруи барқи офтобӣ набояд дар низоми гармидиҳӣ ва серунсозӣ, ҳамчунин ба таҷҳизоти омода кардани кардани хӯрок истифода шавад.

Дар идома зикр мешавад, ки дар муҷтамаъҳои маскунӣ неруи барқи офтобӣ барои равшан кардани намои берунии сохтмон, гузаргоҳҳо ва зинапояҳо, ҳамчунин фаъолияти ҳадди ақал як болобар, низоми назорати бехатарӣ, интиқоли обу гармӣ истифода мешавад.

Дар корхонаҳои саноатӣ, марказҳои савдо ва хӯроки умумӣ неруи барқи офтобӣ барои рӯшноидиҳӣ ва шабакаҳои назорати бехатарӣ, равшан кардани кӯча, роҳрав ва боғҳо масраф мешавад.

Бино ба маълумоти Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон, шумораи рӯзҳои офтобӣ дар ин кишвар дар як сол аз 260 то 300 рӯз аст.

Аз сӯйи дигар тибқи арзёбиҳои Вазорати энергетикаи Тоҷикистон, ки иқтидори истифодаи неруи офтоб дар ин кишвар 3103 милярд кВт/соат дар як сол аст. 

Бояд гуфт, ки дар ҳоли ҳозир наздики 90 дарсади барқи Тоҷикистон дар неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад. Ҳиссаи истеҳсоли неруи барқи офтобӣ ва бодӣ дар Тоҷикистон камтар аз 1 дарсад аст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед