Ru  | Tj
Соҳибкорони тоҷик ба калисои православӣ маҳсулоти ғизоӣ ҳадя карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Соҳибкорони тоҷик ба калисои православӣ маҳсулоти ғизоӣ ҳадя карданд
Акс: Консулгарии кулли Русия дар Хуҷанд

Соҳибкорони тоҷик ба калисои православӣ маҳсулоти ғизоӣ ҳадя карданд

Нашр шуд

 Намояндагии дипломатии Русия дар шаҳри Хуҷанд ба соҳибкорони Исфара изҳори сипос кард.

Дар рӯзҳои моҳи мубораки Рамазон соҳибкорони шаҳри Исфараи вилояти Суғд бародарон Улмасовҳо амали хайрхоҳона анҷом доданд.

Тибқи иттилоъи Консулгарии кулли Русия дар шаҳри Хуҷанд, Исроилҷон ва Нарзуллоҷон Улмасов ба калисои православии Марияи Магдалинаи шаҳри Хуҷанд маҳсулоти ғизоӣ тақдим карданд.

Гуфта мешавад, ки барои аҳли калисо ва ошхонаи калисо соҳибкорон 50 халта орд, 50 халта макарон, 50 халта биринҷ, 50 зарф равғани рустанӣ ва 100 кило гӯшт оварданд.

«Консулгарии кулли Русия дар шаҳри Хуҷанд барои ин амали хайр изҳори сипос мекунад», - гуфтанд дар намояндагии дипломатӣ.

Қобили зикр аст, ки Исроилҷон Улмасов муассиси мактаби байнулмилалии «Контакт Интернешнл» мебошад, ки дар шаҳри Исфара фаъолият мекунад.

Ин мактаби хусусӣ барои 800 донишомӯз, ки ба забонҳои русӣ ва инглисӣ тадрис мекунад, бо сармоягузории соҳибкори русу тоҷик И.С. Улмасов моҳи апрели соли 2022 роҳандозӣ шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед