Ru  | Tj
Аввалин сафири Толибон дар Туркманистон қабул шуд ва ба кор оғоз кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Аввалин сафири Толибон дар Туркманистон қабул шуд ва ба кор оғоз кард
Акс: Интернет

Аввалин сафири Толибон дар Туркманистон қабул шуд ва ба кор оғоз кард

Нашр шуд

Вазорати хориҷаи Толибон* Фазл Муҳаммад Собирро Сафири Афғонистон дар Ашқобод таъйин кард.

Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар Твиттер навишт, ки маросими савгандёдкунӣ рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми март бо ҳузури дипломатҳои афғон ва муовини Вазири хориҷаи Туркманистон дар шаҳри Ашқобод баргузор шуд.

Қаблан Хон Валӣ Хон Башрамал Сафири Афғонистон дар Туркманистон буд, ки дар пайи таҳаввулоти ахир истеъфо дод.

Ин аввалин Сафири расмии Толибон аст, ки аз сӯи як кишвари хорҷӣ пазируфта мешавад.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Толибону Чин барои сармоягузорӣ дар маъданҳои ноёби Афғонистон тарҳи муштарак доранд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед