Ru  | Tj
Ғайб зании коронавирус дар Тоҷикистон ва ваксинаи Қазоқистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Ғайб зании коронавирус дар Тоҷикистон ва ваксинаи Қазоқистон
Фото: Pixabay

Ғайб зании коронавирус дар Тоҷикистон ва ваксинаи Қазоқистон

Нашр шуд

Тулӣ чанд рӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкоршавии ҳолатҳои сироятшавӣ сабт нашудааст ва ҳамаи беморон аз беморхонаҳо ҷавоб дода шудаанд. 

Дар маҷмӯъ 13308 нафар бемории Covid-19 шуданд, ки 90 нафарашон ҳалок гашта 13218 нафарашон пурра шифо ёфтанд.

Боз як кишвари дигари ИДМ ваксинаи коронавируси худро ихтироъ кард. 

Тавре хабар медиҳад сомонаи 24.kz бо истинод ба муовини раиси Кумитаи назорати тиббӣ фарматсевтикии Қазоқистон Нурлибек Асилбеков аллакай ба 3 ҳазор ихтиёриён ваксинаи истеҳсоли Қазоқистон гузаронида шуд, ки QazCovid-in ном гирифт.

Нахуст ваксинаи коронавирусро Федератсияи Россия бо номи Спутник V тобистони соли гузашта ихтироъ карда буд. Дар Тоҷикистон ҳанӯз ваксинагузаронӣ оғоз нашудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед