Ru  | Tj
Азим Иброҳим хостори суръат бахшидани корҳои бозсозии нақби "Истиқлол" шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Азим Иброҳим хостори суръат бахшидани корҳои бозсозии нақби "Истиқлол" шуд
Акс: Вазорати таробарии Тоҷикистон

Азим Иброҳим хостори суръат бахшидани корҳои бозсозии нақби "Истиқлол" шуд

Нашр шуд

Дар мулоқоти вазири таробарӣ (нақлиёт)-и Тоҷикистон бо роҳбарони ширкатҳои сохтмонсозии Эрон масъалаи тезонидани корҳо барои тармим ва бозсозии нақби "Истиқлол" баррасӣ шуд.

Азим Иброҳим, вазири таробарии Тоҷикистон ахиран бо роҳбарону мутахассисони як қатор ширкатҳои сохтмонсозии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки ба тармиму бозсозии нақби худравгарди "Истиқлол" машғуланд, мулоқот кард. Дар ин бора Вазорати таробарии Тоҷикистон хабар дод.

Ба иттилоъи ин ниҳод, ҳадаф аз мулоқот баргузории назорати фаннӣ (техникӣ), таҳлили ҷараёни имрӯзаи сохт ва татбиқи қарордоди марҳилаи дувуми лоиҳаи сохтмонсозии нақби мошингарди «Истиқлол» буд. Ин қарордод моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон имзо шудааст.   

Дар чаҳорчӯби он бозсозӣ, аз ҷумла насби шабакаи ҳавокашӣ, рӯшноӣ, огоҳии бармаҳал ва бехатарии сӯхтор амалӣ мегардад.

Таъкид мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо дар масъалаи ҳарчи зудтар ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои тармиму бозсозии нақби "Истиқлол" ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин қарор шуд, ки гурӯҳи корӣ фаъолияти худро дар ин замина вусъат мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки нақби "Истиқлол" дар 80-километрии шимоли Душанбе, дар роҳ ба сӯйи шаҳри Хуҷанд воқеъ аст. Дарозии ин нақби мошингард 5,2 километр буда, он минтақаҳои шимолӣ ва ҷанубии Тоҷикистонро ба ҳам мепайвандад.

Сохтусози нақби "Истиқлол" моҳи сентябри соли 2003 аз ҷониби ширкати эронии «Собир» оғоз шуда, дар соли 2006 ба баҳрабардорӣ расид. Аммо нақби "Истиқлол" солҳои зиёд бидуни шабакаи рӯшноӣ ва низоми ҳавокашӣ истифода мешуд.

Дар ниҳоят моҳи январи соли 2021 миёни Тоҷикистон ва Эрон созишнома дар бораи иҷрои марҳилаи дувуми тарҳи нақби “Истиқлол” бо ҳазинаи 11 милён имзо шуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед