Ru  | Tj
Қазоқистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Тоҷикистон дар ҷойи охирин қарор дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Қазоқистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Тоҷикистон дар ҷойи охирин қарор дорад
Акс: аз манбаъҳои боз

Қазоқистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст. Тоҷикистон дар ҷойи охирин қарор дорад

Нашр шуд

Дар давоми сол суръати интернети мобилӣ дар Қазоқистон 59 дарсад афзуда, ба 35,21 Мбит/с расид. Аз рӯйи ин нишондод Қазоқистон аз тамоми кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Осиёи Марказӣ пеш гузашт.

Дар радабандии ҷаҳонии суръати интернети мобилӣ Speedtest, Қазоқистон се зина боло рафт ва то моҳи январи соли 2024 дар зинаи 69-ум қарор дошт.

Дар ҳамин ҳол Арманистон дар зинаи 79-ум (30,95 Мбит/с), Узбекистон – 91 (26,97 Мбит/с),  Қирғизистон – 94 (26,65 Мбит/с), Русия – 99 (25,71 Мбит/с), Белорус – 130 (12,82 Мбит/с) ва  Тоҷикистон дар ҷойи 140-ум (7,58 Мбит/с) қарор гирифтанд.

Дар идома суръати интернети мобилӣ дар шаҳрҳои алоҳидаи кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ шудааст. Тибқи натиҷаи ин арзёбӣ, дар Олмотӣ суръати баландтарин стандарти 4G  дар байни шаҳрҳои бузурги Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад, ки дар семоҳаи чоруми соли 2023 он ба 32,32 Мбит/с баробар буд.

Ҳамчунин шаҳри Остона дар байни шаҳрҳои ҳамсоя бо суръати миёнаи интернети мобилии 27,24 Мбит/сония аз пойтахти Қирғизистон – шаҳри Бишкек (26,59 Мбит/с), пойтахти Узбекистон – шаҳри Тошканд (23,91 Мбит/сония) ва пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе (11,54 Мбит/сония) пештар қарор дорад.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки ширкатҳои мобилии Қазоқистон барои қонеъ кардани ниёзҳои афзоянда ба хидматрасонии боэътимод ва баландсуръати мобилӣ барои рушди зерсохтҳои худ сармоягузориҳои назаррас мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед