Ru  | Tj
Барои сокинони зарардидаи ноҳияҳои Фархор ва Ишкошим манзилҳои нав бунёд мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои сокинони зарардидаи ноҳияҳои Фархор ва Ишкошим манзилҳои нав  бунёд мешаванд

Барои сокинони зарардидаи ноҳияҳои Фархор ва Ишкошим манзилҳои нав бунёд мешаванд

Нашр шуд

То ҷашни Истиқлоли давлатӣ дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор барои сокинони аз офати табиӣ зарардида 36 манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад.

Дар ин хусус хабаргузории «Ховар» бо истинод ба Баҳодур Каримзода, муовини аввали раиси ноҳияи Фархор иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, ки барои сохтмони манзили истиқоматӣ 18 гектар замин ҷудо гардида, дар айни замон 70 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо кумаки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони манзилҳо маҳсулоти сохтмонӣ, аз ҷумла семент, арматура, тахта, мавод барои таҳкурсии хонаҳо, хишт ва дигар анвои маҳсулот ҷудо шуд.
 
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор бошад хатти барқи доимӣ ва мошинҳои махсуси обрасон таъмин гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки 25 майи соли 2024 дар натиҷаи боришоти зиёд ва сел дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархор чандин манзили истиқоматӣ хисороти ҷиддӣ дид.

Аз сӯи дигар бояд гуфт, ки ахиран дар натиҷаи рух додани офати табиӣ дар деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 13 хонаи истиқоматӣ пурра хароб гардида, то сохтмони хонаҳои нави истиқоматӣ сокинони зарардида ба истироҳатгоҳи деҳаи Анҷин кӯчонида шуданд.

Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ахиран бо ҳолу аҳволи зарардидагони деҳаи Зугванд, ки ба истироҳатгоҳи деҳаи Анҷин сафарбар гардиданд, шинос гардид.

Зимни сӯҳбат раиси вилоят иброз дошт, ки сохтмони хонаҳои замонавӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида дар деҳаи Дашти Ҷамоати деҳоти Рустамбек Юсуфбек оғоз гардида, бо тамоми шароит сохта дар муҳлати кӯтоҳ ба истифода дода мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки рӯзҳои 13-15 август дар чанд ноҳияи кӯҳии ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон омадани сел эҳтимол дорад. Гуфта мешавад, ки бар асари ҳавои номусоид сатҳи об дар рӯдхонаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳӣ баланд шуда, инчунин сангрезиш ва лағжиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ аз эҳтимол дур нест.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед