Ru  | Tj
Барои занон дар Тоҷикистон касбҳои нав дастрас хоҳанд шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Барои занон дар Тоҷикистон касбҳои нав дастрас хоҳанд шуд

Барои занон дар Тоҷикистон касбҳои нав дастрас хоҳанд шуд

Нашр шуд

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳад, ки ба занони ин кишвар имкон диҳад, то ки касбҳои навро аз худ кунанд.

Дар ин бора Шаҳноза Нодирӣ, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 1 декабр дар суҳбат бо хабаргузории расмии «Ховар» изҳор дошт.

Вай таъкид кард, ки бо ин ҳадаф алакай аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон як гуруҳи нави корӣ таъсис шудааст.
«Рӯйхати касбҳое, ки барои занон мамнуъ аст, мероси гузашта аст, коҳиши номгӯи он ба иқтисоди миллӣ мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, ки бештари занон кори дилхоҳашонро пайдо кунанд ва аз рӯи касбу кор машғул шаванд», - таъкид кард Нодирӣ.
Шаҳноза Нодирӣ афзуд, дар соли 2023 рӯйхати нави касбҳои барои занон мамнуъ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шуд, ки ба он 194 касб шомил аст.

Ба гуфтаи муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ин санад барои ҳифзи саломатии занон аз истеҳсолоти зараровар пешбинӣ шуда буд, аммо дар ҳоли ҳозир ба далели рушди фаъоли технология ва низоми худкори истеҳсолот ин ниҳод тасмим, ки баъзе бахшҳои ин рӯйхатро бознигарӣ кунад.

Тибқи омори Оҷонси кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 29 ҳазору 296 нафар занон бо кор таъмин шудаанд, ки нисбат ба соли гузашта 1,4 дарсад бештар аст.




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед