Ru  | Tj
Баррасии кумакҳои хориҷӣ барои рафъи паёмади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии кумакҳои хориҷӣ барои рафъи паёмади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Баррасии кумакҳои хориҷӣ барои рафъи паёмади офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар соли ҷорӣ офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ беш аз 150 км роҳҳои мошингард ва 19 пулро дар Тоҷикистон хароб карданд.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки шарикони рушд дар рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва барқарорсозии роҳу пулҳои осебдида дар ин кишвар кумак мекунанд.

Дар Душанбе ахиран таҳти сарпарастии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории Кумитаи ҳамоҳангсози кумакрасонҳо баргузор гардид.

Дар кори он намояндагони Вазорати молия, кумитаи ҳифзи муҳити зист, кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ, Иттиҳоди Аврупо, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Сандуқи авруосиёии субот ва рушд ва Оҷонси ҳамкориҳои байналмилали Ҷопон ширкат намуданд.

Гуфта мешавад, ки дар ин ҷаласа масъалаи рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва зарари он ба зерсохтҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон, барқарорсозии роҳу пулҳои осебдида ва роҳҳои пешгирӣ аз чунин офатҳо баррасӣ гардид.

Дар ин замина зикр шуд, ки дар натиҷаи офатҳои табиӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 152,4 километр роҳҳои мошингард, 19 пул бо дарозии умумии 704 метр ва 10 қубури обгузари роҳҳо қисман ва пурра хароб гардидаанд.

Намояндагони ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ зимни суханронии худ ҷиҳати омодагӣ барои ҳамкорӣ дар бақарорсозии роҳу пулҳои зарардида изҳори омодагӣ намуданд. Аз ҷумла, Оҷонси ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон изҳор дошт, ки барои барқарор сохтани пулҳои зарардида, ки аҳамияти аввалиндараҷа доранд, кумак мекунад.

Бояд гуфт, ки қабл аз ин Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Александр Рашиков, роҳбари бахши нақлиётии Сандуқи авруосиёии субот ва рушд мулоқот кард.

Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавиро ба дарозии 5,2 ҳазор метр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ офатҳои табиӣ, аз ҷумла селу обхезӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи беш аз 130 млн сомонӣ хисорот ворид кард.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед