Ru  | Tj
Баррасии масъалаи содироти барқ аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Баррасии масъалаи содироти барқ аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"
Акс: аз манбаъҳои боз

Баррасии масъалаи содироти барқ аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1"

Нашр шуд

Русия ва Тоҷикистон содироти нерӯи барқ аз лоиҳаи муштарак - нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" пас аз анҷоми пайвастани Тоҷикистон ба шабакаи воҳиди энержии Осиёи Марказиро баррасӣ карданд.

Дар ин бора Вазорати энергетикаи Русия иттилоъ медиҳад.

Баррасии ин мавзӯъ дар мулоқоти маҷозии Сергей Сивилёв, вазири энергетикаи Русия ва Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон сурат гирифт.

 "Ҷонибҳо имкони содироти нерӯи барқро аз неругоҳҳои барқи обӣ пас аз анҷоми ҳамгироии шабакаи энергетикии Тоҷикистон бо шабакаи ягонаи энержии Осиёи Марказӣ баррасӣ карданд", - омадааст дар хабар.

Инчунин, дар ҷараёни мулоқот масъалаи ҳамроҳшавии Русия ба созишнома дар бораи кори мувозии низомҳои энергетикии Осиёи Марказӣ баррасӣ шуданд.

Сергей Сивилев гуфт, ки ин иқдом имкон медиҳад, ҳамкории Русия бо Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи энергетика густариш ёбад.

Гуфтанист, нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-1" бо зарфияти 670 МВт, лоиҳаи муштараки Тоҷикистон ва Русия аст, ки соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Тибқи иттилои расмӣ, нерӯгоҳи обии "Сангтӯда-1" дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 1 млрд 300 млн квт- соат барқ тавлид кардааст.

Ҳамзамон гуфта мешавад, ки қарзи ширкати "Барқи тоҷик" аз нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" ба зиёда аз 3 млрд 300 млн сомонӣ расидааст.


Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед