Ru  | Tj
Бе бензину газ. Дар Тоҷикистон ба тавлиди нақлиёти барқӣ оғоз менамоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бе бензину газ. Дар Тоҷикистон ба тавлиди нақлиёти барқӣ оғоз менамоянд
Акс: AKIA Avesto

Бе бензину газ. Дар Тоҷикистон ба тавлиди нақлиёти барқӣ оғоз менамоянд

Нашр шуд

Ширкати муштараки тоҷикӣ-туркии «Акиа Авесто Автоматив Индастри» дар ояндаи наздик истеҳсоли электробус ва электротроллейбусҳоро роҳандозӣ мекунад.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, Асрор Мирзоев, Директори иҷроияи ин ширкат гуфтааст, ки онҳо барои истеҳсоли васоити нақлияи барқӣ бо чанд ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ, аз ҷумла «Ареа»-и Амрико, «Жак»-и Чин ва «Бик моторс ва Каон»-и Ҷумҳурии Корея ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонидаанд.

Мирзоев гуфтааст, ки «Акиа Авесто Автоматив Индастри» соли ҷорӣ электробус ва электротроллейбуси истеҳсолкардаи худро дар шаҳри Душанбе ба таври пилотӣ озмоиш карда, натиҷаҳои он қаноатбахш будаанд.

Вай зикр намудааст, ки электроавтобуси тавлиднамудаи онҳо ҳангоми тай намудани 100 километр роҳ дар хатсайри шаҳрӣ аз аккумулятор ба миқдори 176 киловатт-соат энергияи барқӣ масраф кардааст, ки маблағи ин хароҷот ба 74 сомониву 10 дирам баробар мебошад.

Манбаъ афзудааст, ки тибқи таҳлилҳо, хароҷи автобусҳои Акиа Авесто аз электробус қариб 10 маротиба зиёдтар мебошад ва онҳо нақша доранд, ки дар ояндаи наздик истеҳсоли на танҳо электробус ва электротроллейбусҳо, балки сабукравҳои барқиро низ роҳандозӣ намоянд.

Ин дар ҳолест, ки масъалаи таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти нафтӣ то имрӯз яке аз масоили ҳалталаби Тоҷикистон боқӣ мондааст. Махсусан, соли ҷорӣ ба маротиб боло рафтани нархи ҳама намуди сӯзишворӣ боис ба афзоиши арзиши хизматрасониҳои нақлиётӣ дар кишвар ва дар маҷмӯъ боло рафтани нархи аксари маҳсулот гардид.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳамасола ба Тоҷикистон ҳудуди 530 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид мешавад ва ин талабот ҳар сол рӯ ба афзоиш аст.

Мушкилии нақлиётӣ дар Душанбе қисман бартараф шуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед