Ru  | Tj
Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и афғонҳо имкони қонеъ гардонидани ниёзҳои аввалияи худро надоранд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и афғонҳо имкони қонеъ гардонидани ниёзҳои аввалияи худро надоранд
Акс: Интернет

Бонки Ҷаҳонӣ: 70%-и афғонҳо имкони қонеъ гардонидани ниёзҳои аввалияи худро надоранд

Нашр шуд

Бонки Ҷаҳонӣ ҳисоботи навро оид ба вазъи Афғонистон матраҳ намудааст.

Дар ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ қайд гардидааст, ки феълан 70 дарсади мардуми Афғонистон наметавонанд ниёзҳои аввалияи худро мустақилона таъмин кунанд.

Мувофиқ ба тадқиқоти ин бонк 10 моҳ қабл ин нишондод 35 фоиз будааст.

Таъкид гаштааст, ки дар Афғонистон сифат ва миқдори ғизои истеъмолӣ низ ба таври назаррас паст шудааст.

Ҳамчунин, дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ зикр гардидааст, ки бекорӣ дар шаҳрҳои Афғонистон афзоиш ёфтааст.

Зимнан гуфта мешавад, ки бинобар дер пардохт кардани музди меҳнат даромади коргарон хеле кам шудааст.

Қайд менамоем, ки вазъияти изтирории гуманитарӣ дар Афғонистон моҳи августи соли 2021 дар пайи забт шудани ҳокимият дар ин кишвар аз ҷониби Толибон* ба амал омада буд. Бисёре аз шарикони байналмилалии Афғонистон аз ҳамкорӣ бо мақомоти нав худдорӣ карданд ва 9 миллиард доллар дороиҳои давлатии ин кишвар, ки дар бонкҳои хориҷӣ, алалхусус дар бонкҳои Амрико буданд, баста шуда буданд.

*Толибон – Ҳаракати террористӣ


Толибону Чин барои сармоягузорӣ дар маъданҳои ноёби Афғонистон тарҳи муштарак доранд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед