Ru  | Tj
Бори дуюм дар ним сол: Нафақаю маош дар Узбекистон афзоиш хоҳад ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бори дуюм дар ним сол: Нафақаю маош дар Узбекистон афзоиш хоҳад ёфт
Акс: аз манбаъҳои боз

Бори дуюм дар ним сол: Нафақаю маош дар Узбекистон афзоиш хоҳад ёфт

Нашр шуд

Аз 1 сентябр нафақа дар Узбекистон 15 дарсад афзоиш меёбад. Инчунин аз аввали моҳи октябри соли ҷорӣ маоши кормандони ниҳодҳои буҷетӣ 10 дарсад, кормандони соҳаи маориф ва тиб бошад 15 дарсад зиёд мешавад. Ҳамзамон ҳадди ақали музди кор ва андозаи заминавӣ барои ҳисобҳо низ боло бурда мешавад.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон рӯзи 12 август фармон дар бораи боло бурдани маош, нафақа ва кумакпулӣ дар ин кишварро имзо кард.

Тибқи ин фармон, аз 1 сентябри соли ҷорӣ дар Узбекистон андозаи нафақа ва кумакпулиҳо 15% зиёд мешаванд. 

Инчунин нишондиҳандаи заминавӣ барои ҳисоби нафақа 428 ҳазор сум, ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол 834 ҳазор сум ва ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ 920 ҳазор сум  муқаррар мешавад.

Аз 1 октябри соли ҷорӣ бошад дар Узбекистон музди кори кормандони соҳаи тиб дар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин кормандони муассисаҳои таълимии томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, миёнаи махсус, касбӣ ва беруназмактабӣ, хонаҳои кӯдакон ва осоишгоҳҳои кӯдакона 15% боло бурда мешавад.

Маоши кормандони дигар ниҳодҳои буҷавии Узбекистон бошад аз аввали моҳи октябр 10 дарсад зиёд мешавад.

Дар баробари ин ҳадди ақали музди кор 1 миллиону 155 ҳазор сум ва андозаи заминавӣ барои ҳисобҳо бошад ба 375 ҳазор сум баробар мешавад.

Ба корфармоён дар Узбекистон тавсия дода шуд, ки маоши кормандонро бо назардошти ҳадди ақали музди кор зиёд намуда, пардохти музди меҳнатро на камтар аз ҳадди ақали муқаррарнамудаи санадҳои ҳуқуқӣ таъмин намояд.

 Хотиррасон мекунем, ки бори охир андозаи нафақа дар Узбекистон моҳи майи соли ҷорӣ зиёд шуда буд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед