Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Боздошти собиқ мудири бахши меъмории ноҳияи А.Ҷомӣ дар Хатлон
Нашр шуд
Собиқ раиси ҷамоат ва мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон дар қаллобӣ муттаҳам шудааст.
Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон хабар медиҳад, ки шаҳрванд Мирзоев Ш.Ҳ аз соли 2020 то соли 2023 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ ва аз моҳи январи соли 2023 то марти соли 2024 дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати ноҳияи мазкур кор карда, даст ба ҷиноятҳои қаллобӣ ва сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ задааст.
Тибқи иттилои ин ниҳод, аз ҷумла Мирзоев Ш.Ҳ. зимни фаъолияти кориаш дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Каленини ноҳияи А.Ҷомӣ, соли 2020 аз ду сокини ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ дар умум маблағи 87000 сомонӣ гирифта, ба манфиати онҳо ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро тасарруф намудааст.
Ғайр аз ин, Мирзоев Ш.Ҳ. дар давраи фаъолияти хизматиаш дар мансаби мудири бахши меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи А.Ҷомӣ соли 2023 аз 4 нафар сокинони ҳамин ноҳия барои ҷудо кардан ва ҳуҷҷатгузорӣ намудани қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷамъ маблағи 46000 сомониро бо роҳи фиреб гирифта, ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш масраф кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар робита ба ҳолатҳои мазкур нисбати Мирзоев Ш.Ҳ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди “б” ва 314 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол карда шудааст.
Ба асоси моддаҳои мазкур, дар сурати исбот шудани гуноҳ айбдоршавандаро ҷаримаи ҳангуфт аз 105120 то 157680 сомонӣ ва ё аз 8 то 12 сол маҳбас бо мусодираи амвол интизор аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед