Ru  | Tj
Бурсияҳои таҳсили Русия барои донишҷуёни хориҷӣ ба 30 ҳазор расид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Бурсияҳои таҳсили Русия барои донишҷуёни хориҷӣ ба 30 ҳазор расид
Акс: аз манбаъҳои боз

Бурсияҳои таҳсили Русия барои донишҷуёни хориҷӣ ба 30 ҳазор расид

Нашр шуд

Шумораи бурсияҳои таҳсили Русия барои донишҷӯёни хориҷӣ дар соли таҳсили равон ба 30 ҳазор кас расид.

Тибқи иттилоъи созмони "Россотрудничество", шумори ҷойҳо барои донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия аз соли 2000-ум то кунун ду баробар афзоиш ёфтааст.

Теъдоди бурсия барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия дар соли таҳсили 2023-2024 ба 30 ҳазор расид, ин рақам дар даҳсолаҳои охир ду баробар афзоиш ёфтааст. Дар ин бора Евгений Примаков, раҳбари созмони "Россотрудничество" хабар дод.

«Солҳои охир шумораи бурсияҳо барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ тадриҷан афзоиш ёфта, агар соли 2000 15 ҳазор касро ташкил медод, ки ҳоло аз соли таҳсили 2023-2024 ба 30 ҳазор нафар мерасад », - гуфт Примаков зимни  суханронӣ дар ҳамоиши байнулмилалии "Донишгоҳҳо ва оянда" дар Донишгоҳи давлатии Маскав.

Примаков таъкид кард, ки танҳо дар ду соли охир шумораи бурсияҳо барои донишҷӯёни кишварҳои ИДМ ва Ховари Миёна 26%, Осиё - 25% ва аз Африқо ду баробар зиёд шудааст.

«Дар байни кишварҳои ИДМ аз ҳама бештар бурсияҳои таҳсилӣ барои Беларус, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон ҷудо шудааст. Дар байни кишварҳои Осиё Ветнам ва Чин ва дар Ховари Миёна Сурия мебошад», - гуфт роҳбари "Россотрудничество".

Вай афзуд, ки риштаҳои маъмултарини таҳсил дар Русия тиб, иқтисод, мудирият, информатика, илмҳои роёнаӣ ва иттилоъотӣ, ҳамчунин забоншиносӣ, ҳуқуқшиносӣ, сохтмонсозӣ ва меъморӣ ҳаст.

Хотиррасон мекунем, ки Русия шумораи бурсияҳои таҳсили ройгон барои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар соли таҳсили 2023-2024 то 1000 нафар афзоиш дод.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар айни замон дар донишгоҳҳои Русия беш аз 28 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед