Ru  | Tj
CASA-1000 то охири соли 2025 амалӣ мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

CASA-1000 то охири соли 2025 амалӣ мешавад
Акс: аз манбаъҳои боз

CASA-1000 то охири соли 2025 амалӣ мешавад

Нашр шуд

Лоиҳаи минтақаии интиқоли нерӯи барқ аз Осиёи марказӣ ба Осиёи ҷанубӣ то поёни соли оянда амалӣ хоҳад шуд, иттилоъ дод вазири энергетикаи Қирғизистон.

Иҷрои тарҳи CASA-1000, ки эҷоди имконоти фаннӣ барои интиқоли нерӯи барқ аз Қирғизистон ва Тоҷикистон ба Покистонро пешбинӣ мекунад, то охири соли 2025 ба нақша гирифта шудааст.  Дар ин бора дар Остона дар нишасти вазирони энержии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай Таалайбек Ибраев, вазири энержии Қирғизистон  изҳор дошт.

"Мо ба марҳилаи ниҳоии лоиҳаи CASA-1000 барои интиқоли нерӯи барқ ба Покистон тавассути қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон ворид мешавем, ман фикр мекунам, ки дар охири соли оянда мо ин лоиҳаро аллакай анҷом дода, вориди бозори Покистон хоҳем шуд", - гуфт Ибраев.

Ба гуфтаи вай, ҷониби Қирғизистон барои рушди энергетика дар минтақа нақшаҳои зиёд дорад.  Аз ҷумла, дар Қирғизистон сохтмони хати 500 киловолти пешбинӣ шудааст, ки ин кишварро ба бозори Чин мепайвандад.  Илова бар ин, Қирғизистон ният дорад Русияро ба равандҳои ҳамкориҳои минтақавӣ ҷалб кунад.

Гуфтанист,  тарҳи минтақаии "CASA -1000" барқи Қирғизистону Тоҷикистонро бояд тавассути хатҳои интиқоли барқ ба масофаи 1250 километр ба Афғонистону Покистон интиқол диҳад.

Қарор аст, ки тавассути хати минтақавии CASA-1000 солона 1300 мегаватт нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон  ба Афғонистону Покистон интиқол шавад. Арзиши кулли лоиҳаи мазкур беш аз 1 миллиард доллар арзёбӣ мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед