Ru  | Tj
Чин ба Тоҷикистон боз 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин ба Тоҷикистон боз 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» медиҳад
Акс: Sputnik

Чин ба Тоҷикистон боз 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» медиҳад

Нашр шуд

Рӯзҳои наздик Чин ба Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона боз 500 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVac» ирсол менамояд. 

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба хабарнигорон хабар дод, ки 7-уми ноябр аз Чин ба Тоҷикистон боз 500 ҳазор воя ваксинаи коронавирус ворид карда мешавад. 

Гуфта мешавад, ин ваксинаҳо бо ташаббуси Ҳукумати кишвар ва кӯмаки шарикони рушд дар доираи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (COVAX) ба Тоҷикистон тақдим мегарданд. 

Ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзудааст, ки то имрӯз ба кишвар беш аз панҷ миллион ваксинаи зидди коронавирус ворид шудааст. 

Ин дар ҳолест, ки қаблан дар моҳи июн низ Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи «CoronaVaс»-ро ҳамчун кӯмак пешниҳод намуда буд. 

Айни замон дар Тоҷикистон ваксинаҳои «Спутник V»-русӣ «AstraZeneca»-и аврупоӣ, «CoronaVac»-и чинӣ ва «Moderna» ва «Pfizer-BioNTech»-и амрикоӣ ба мардум пешниҳод мешаванд. 

Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки то 3-юми ноябр дар кишвар 2 миллиону 777 ҳазору 812 нафар, баробар ба 46,5 дарсади сокинон эм шудаанд ва вояи дуюми ваксинаро то ин таърих 2 миллиону 155 ҳазору 634 нафар шаҳрвандон гирифтаанд, ки 37 дарсадро ташкил медиҳад. 

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор ваксинаи «CoronaVac» медиҳад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед