Ru  | Tj
Чин буҷаи низомии худро ба сатҳи рекордӣ афзоиш медиҳад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Чин буҷаи низомии худро ба сатҳи рекордӣ афзоиш медиҳад
Акс: anna-news.info

Чин буҷаи низомии худро ба сатҳи рекордӣ афзоиш медиҳад

Нашр шуд

Чин буҷаи низомии худро 7,2% афзоиш дода, он ба сатҳи рекордии 231 милярд долар мерасад

Тибқи лоиҳаи буҷаи Чин дар соли 2024, афзоиши ММД-и ин кишвар 5 дарсад пешбинӣ шуда, ҳамзамон буҷаи низомии Пекин 7,2% афзоиш ёфта, то 231 милярд долар мерасад. Барои қиёс буҷаи низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои соли 2024-ум 886,3 милярд долар ва Русия 118 милярд долар аст.

Хабаргузории "Рейтерз" бо истинод ба тарҳи буҷа, ки қабл аз ифтитоҳи Шурои миллии мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳия шудааст, гузориш медиҳад, ки дар соли 2024 Чин хароҷоти буҷаи низомиро 7,2% афзоиш дода, ба сатҳи рекордии 1,67 трилён юан (231 милярд долар) мерасонад. Ҳамзамон тибқи ин санад, суръати афзоиши ММД-и Чин дар соли равон 5% пешбинӣ шудааст.

Лӣ Зиян, сарвазири Чин дар ҷаласаи Маҷлиси миллии мардумӣ гуфт, ки Пекин ба мухолифати худ ба худсолории Тайван ва дахолати беруна ба ин масъала идома хоҳад дод.

Лӣ Зиян ҳамчунин таъкид кард, ки Пекин "сиёсати берунии сулҳҷӯёнаи мустақилро идома хоҳад дод ва роҳи рушди осоиштаро пеш хоҳад гирифт".

Бояд гуфт, ки Чин дар солҳои охир ҳар сол хароҷоти низомии худро мудом афзоиш медиҳад. Дар соли 2017 буҷаи низомии Чин бори аввал аз 1 трилён юан (тақрибан 138 милярд долар) гузашт ва дар солҳои минбаъда, аз ҷумла дар давраи дунёгири тоҷвирус афзоишро идома дод. Соли 2022 низ истисно набуд ва дар ин сол буҷаи низомии Чин бо афзоиши 7,1% то 1,451 трилён юан (тақрибан 200 милярд долар) расонида шуд. Дар соли 2023 Чин  хароҷоти мудофиаи миллиро 7,2% афзоиш дода, то 1,55 трилён юан (тақрибан 214 милярд долар) боло бурд.

Гуфтанист, ба мисли Чин хароҷоти Маскав ва Вашингтон низ дар соли равон ба сатҳи рекордӣ расидааст.

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед