Ru  | Tj
Дар Академияи ВАО ташаккули публитсистика дар замони истиқлолро муҳокима карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Академияи ВАО ташаккули публитсистика дар замони истиқлолро муҳокима карданд
Акс: АМИТ "Ховар"

Дар Академияи ВАО ташаккули публитсистика дар замони истиқлолро муҳокима карданд

Нашр шуд

Имрӯз дар Академияи воситаҳои ахбори омма таҳти унвони «Публитсистика ва  баъзе масъалаҳои он дар замони истиқлолият» конфронси ҷумҳуриявии илмиву амалӣ баргузор шуд.

Ба гузориши "Ховар", дар ин конфронс, ки бо иштироки устодону донишҷӯёни бахши журналистикаи донишгоҳҳои мамлакат ва коршиносони соҳаи ВАО доир гардид, Раиси Иттифоқи журналистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, директори Академияи ВАО Саъдӣ Маҳдӣ ва чанд нафари дигар  дар масоили ташаккули публитсистика ибрози назар кардаанд.

Манбаъ меафзояд, «Бозтоби таҳаввури  Эмомалӣ Раҳмон  дар публитсистикаи Шералӣ  Мӯсо», «Мавқеи очерк дар  эҷодиёти  Шодон  Ҳаниф», «Унсурҳои воқеият дар  латифаи публитсистӣ», «Шинохт ва арзёбии публитсистикаи Бахтиёр Муртазо», «Нақши воситаҳои ахбори омма дар раванди демократикунонии ҷомеа», «Таҳрифи воқеъият дар маводи журналистӣ» аз мавзуоте будаанд, ки коршиносону муҳаққиқон дар ин конфронс дар бобати онҳо суханронӣ намудаанд.

Бояд гуфт, ки публитсистика дар ташаккули афкори ҷомеа нақши муассир мегузорад. Қаблан бархе аз муҳаққиқон аз камрангии публитсистикаи тоҷик, аз ҷумла таваҷҷуҳи бисëр ками рӯзноманигорон ба очеркнависӣ гуфта буданд.


Публитсистика кӯҳна намешавад









Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед