Ru  | Tj
Дар Душанбе 77 ва дар Тоҷикистон 29,5: Вазорат хабар дод, ки чанд фоизи мардум ваксина гирифтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Дар Душанбе 77 ва дар Тоҷикистон 29,5: Вазорат хабар дод, ки чанд фоизи мардум ваксина гирифтанд
Акс: Интернет

Дар Душанбе 77 ва дар Тоҷикистон 29,5: Вазорат хабар дод, ки чанд фоизи мардум ваксина гирифтанд

Нашр шуд

Вазорати тандрурустӣ эълом дошт, ки беш аз 77 дарсади аҳолии пойтахти Тоҷикистон зидди коронавирус ваксина гирифтаанд.

Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маъракаи эмкунӣ бар зидди коронавирус дар тамоми қаламрави кишвар дар сатҳи баланд идома дорад ва то имрӯз беш аз 77 дарсади сокинони шаҳри Душанбе ваксина гирифтаанд.

Манбаъ афзуд, ки то бегоҳи 17-уми август дар ҳудуди Ҷумҳури Тоҷикистон 1 миллиону 755 ҳазору 958 нафар шаҳрванд ваксина гирифтаанд, ки ин баробар ба 29,5 % - тамоми аҳолии кишвар мебошад.

Вазорат ҳамчунин гуфт, ки аксари сокинони кишвар бо дарки баланди масъулият ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш ҳозир мешаванд.

Лозим ба зикр аст, ки то имрӯз ба Тоҷикистон 4 миллиону 160 ҳазору 740 воя ваксина ворид шудааст. Айни замон чор намуд ваксина – AstraZeneca, CoronaVac, Moderna ва Sputnik V ба мардум пешниҳод мешавад.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон қаблан эълон намуда буд, ки то охири сол бояд 62,5 фисади сокинони кишвар ваксина бигиранд.



Ваксинаи русӣ ҳам ба Душанбе расид. Вазорат гуфт, ки киҳо бо “Спутник V” эм мешаванд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед